ОҒОЗИ КОРИ ЭКСПЕДИТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ЁДГОРИҲОИ АСРИ САНГ ДАР ХОВАЛИНГ
Аз 3 майи соли 2023 экспедитсияи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо олимони Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Россия, Донишгоҳи техникии Дания, Институти бостоншиносӣ ва мардумшиносии шаҳри Новосибирск (Россия) ва Донишгоҳи ш.Нанкини Хитой ба омӯзиши давраи асри санги Тоҷикистон, ки якчанд бошишгоҳи ин давра дар ноҳияи Ховалинг мавҷуд аст, оғоз гардид.
Ин экспедитсияи муштарак соли чорум аст, ки идома дорад. Ҳадафи ҳафриёт омӯзиши таърихи аҳди қадим мебошад. Аз соли 1975 то соли 2005 дар ёдгориҳои асри санги н. Ховалинг бостоншиноси маъруф В.А. Ранов таҳқиқот анҷом додааст.
Минтақаи Ховалинг барои омӯзиши давраи асри санг аз он ҷиҳат муфид аст, ки дар он ҷо ҷариҳои зардхок мавҷуданд ва баландии онҳо то 200 м расида, дорои якчанд қабатҳои қаҳваранг бо ғавсии 3-8 м мебошанд. Ин қабатҳои қаҳваранг дар иқлими гарму намнок ҷамъ шудаанд, ки ин давра барои зиндагии одамони ибтидоӣ шароити муносиб буд. Аз ин рӯ, бостоншиносон дар ин қабатҳо корҳои ҳафриётӣ гузаронида, қабати мадании давраи палеолитро меомӯзанд. Қабатҳои зардхоке, ки дар фарози қабатҳои қаҳваранг ҷойгиранд, дар давраи яхбандӣ дар иқлими хунук ва хушк пайдо шудаанд. Дар ин давра одамони ибтидоӣ ин мавзеъро тарк карда, ба минтақаҳои ҷанубтар ва гармтар рафтаанд. Асосан дар қабатҳои зардхок осоре аз зисти одамони ибтидоиро ёфтан хеле мушки ласт.
Дар рафти кори экспедитсия таҳқиқоти маҷмӯии бошишгоҳҳои асри санг дар ноҳияи Ховалинг: Кӯлдара, Лоҳутӣ, Обимазор, Хонақоҳ, Чашманигор ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Дар эскспедитсия ба ғайр аз бостоншиносон геологҳо, хокшиносон, ҷуғрофидонҳо, ботаникҳо, геофизикҳо ва мутахассисони дигар самтҳои илм иштирок мекунанд. Ин имконият медиҳад, ки макони зисти одамони қадим васеътар омӯхта шавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои 2021-2022 ҳангоми ковишҳо дар қабатҳои гуногуни қаҳваранги ёдгориҳои зикршуда артефакатҳои сангӣ ёфт шуданд. Масалан, маснуоти сангии аз Кӯлдара ёфтшуда таърихи тақрибан 400, 500 ва 800 ҳазор сол, маснуоти сангии аз Лоҳутӣ ба даст омада таърихи тақрибан 500 ва 600 ҳазор сол ва аз Обимазор пайдогардида таърихи тақрибан 300 ҳазорсола доранд.
Натиҷаҳои таҳқиқоти дарпешистода вазъияти экологиро дар давраи истиқомати одамони қадим дар марҳилаҳои гуногуни палеолит ошкор ва синну соли бошишгоҳҳои асри сангро аниқ менамояд. Динамикаи инкишофи техника ва технологияи ҷудо кардани санг ва сохтани олотҳои сангӣ дар давраи 0,1-1,0 млн. сол пеш ва таҳлили он дар муқоиса бо маҷмӯи осори ҳудуди Тоҷикистон имкон медиҳад, ки самтҳои имконпазири муҳоҷирати сершумори инсони ибтидоиро муайян намоем.