РОҲҲОИ АСОСИИ ПАҲНШАВИИ ОДАМОНИ ҚАДИМ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Таҳти унвони “Роҳҳои асосии паҳншавии одамони қадим дар Осиёи Марказӣ” 25 майи соли ҷорӣ дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ семинари илмӣ-амалӣ гузаронида шуд. Дар он ноиби аввали президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Саидов Абдусаттор Самадович, ноиби президенти АМИТ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Насрулло Каримзода, декани факултети география ва уқёнусшиносии Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин профессор Хуайу Лу, профессори Институти палеонтология ва палеоантропологияи Ҷумҳурии мардумии Чин Шетсзян Ванг, ходими пешбари илмии факултети ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов ва Институти бостоншиносӣ ва этнографияи ШС Академияи илмҳои Россия, номзади илмҳои ҷуғрофия Реджеп Курбонов, муовини директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев ва олимону кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ иштирок намуданд.
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Н. К. семинарро кушода, нахуст суханро ба ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Саидов А. С. Номбурда зимни баромади худ оид ба баргузории семинар ва ҳамкории олимони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия ва дигар кишвари изҳори қаноатмандӣ намуд, аз дастовардҳои илмии бостоншиносӣ, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои муштарак ба даст омаданд, ёдовар шуд. Сипас, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ба сухан баромада, қайд кард, ки дар натиҷаи ҳамкориҳо бо олимони хориҷӣ дар мавзеъҳои Кӯлдара, Оби Мазор, Хонақоҳ ва Лоҳутии ноҳияи Ховалин чанд сол аст, ки корҳои геобостоншиносӣ анҷом ёфта истодаанд. Дар натиҷаи корҳои бостоншиносӣ қабати зардхок ва ё қабати асри санг ёфт ва таҳқиқ карда шуд. Ёдгориҳои замони палеолити ноҳияи Ховалинг дар омӯзиши “Роҳҳои асосии паҳншавии одамони қадим дар Осиёи Марказӣ” имкониятҳои хуб ба миён оварда, назарияи навро дар илми таърих ворид намуд.
Сипас, декани факултети география ва уқёнусшиносии Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии мардумии Чин профессор Хуайу Лу оид ба омӯзиши масоили қабатҳои зардхок дар Ҷумҳурии мардумии Чин ва Тоҷикистон, профессор Шетсзян Ванг оид ба омӯзиши зардхоки давраи палеолит дар Чин, Реджеп Курбанов доир ба маълумоти нав аз омӯзиши палеолити зардхоки Осиёи Марказӣ ва пайдарпаии зардхоки давраи палеолит дар ноҳияи Ховалин маърӯза намуданд.
Дар охири семинар саволу ҷавоб ва муҳокимаронии тӯлонӣ байни мутахассисони соҳа ва иштирокчиён ба миён омад. Дастовардҳои олимони Инстути таърих, бостоншиносӣ ва шарикони хориҷии онҳо ҷолиб ва назаррас баҳогузорӣ гардид.
 
1_2.jpg 5_0.jpg 7.jpg
 
3_1.jpg 8.jpg