hasanova_m.jpg
 
 
Ҳасанова Манзура Муҳиддиновна
номзади илмҳои таърих
ходими калони илми шуъбаи таърихи санъат
        
 
 
 
 
Соли 1974 Мактаби ҷумҳуриявии миёнаи махсуси мусиқии ба номи А.З. Шаҳидӣ дар Душанбе хатм кард. Ҳамон сол ба Консерваторияи давлатии шаҳри Маскав ба номи П.И. Чайковский дар факултети назарияи мусиқӣ ва композиторӣ дохил шуд. Пас аз хатми консерватория ба ассистентура стажировкаи ҳамон консерватория дохил шуд. Соли 1982 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи А. Турсунзода дар кафедраи назарияи мусиқй ӯ ба пианинонавозон, дирижёрони хор ва вокалистон, студентони факултетҳои мусиқӣ ва суруд ва коркунони равшаннамоии маданӣ аз фанҳои назарияи мусиқӣ дарс медод. Аз соли 1982 узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошад.
         Аз соли 2003 то ба имрӯз корманди илмии шӯъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш Академияи миллии илмҳои Точикистон мебошад. Доираи шавқу ҳаваси илмии ӯ бо таърихи фарҳанги мусиқии Точикистон дар асрхои XX—XXI алоқаманд аст. М. Ҳасанова маводи шумораи шашуми силсилаи «Ҳаёти мусиқии Точикистон»-ро гирдоварӣ ва ба низом даровардааст. Ин шумора ба рӯйдодҳои ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ дар ду даҳсолаи истиқлолияти ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Дар хроника маводи матбуоти даврӣ, архивҳо, манбаҳои интернетӣ, инчунин маводи архиви шифоҳӣ ва суҳбатҳо бо бастакорону навозандагон истифода шудаанд.
         Соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ҳаёти мусиқии Тоҷикистон дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI» дифоъ кардааст.
         Пажӯҳишҳоро дар ин самт идома дода, М.Ҳасанова шумораи 5-уми ин силсиларо, ки ба ҷолибтарин давраи ҳаёти мусиқии Тоҷикистон – аз соли 1979 то соли 1990 бахшида шудааст, ба чоп омода кардааст.  Ҳоло М. Ҳасанова кори солномаи ҳаёти мусиқии Тоҷикистонро давом медиҳад. Дар баробари ин дар мавзӯи «Фаъолияти муассисаҳои мусиқии Тоҷикистон дар асрхои XX—XXI» кор мекунад.
        
Монографияҳо:
  1. Музыкальная жизнь Таджикистана в конце ХХ-начале ХХI вв. – Душанбе, 2019. – 170 с.
  2. Музыкальная жизнь Таджикистана (1991-2011). (Летопись). – Душанбе, 2018. – 224 с.
Мақолаҳои асосӣ:
  1. Деятельность  музыкальных  коллективов Таджикистана в конце 70-х и 80-е годы ХХ столетия. Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. –– № 6 (95). - Душанбе, 2021. – С. 294-298.
  2. Деятельность военных оркестров РТ// Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ. – № 5 (94). - Душанбе, 2021. – С. 283-286.
  3. Вклад Хомидова в театральную жизнь Таджикистана в годы ВОВ (ТНУ)
  4. Летопись искусств, как источник по изучению истории культуры Таджикистана // Вестник ТГПУБП. Гуманитарные науки. - № 2 (91). – Худжанд, 2022. – С. 23-29.
  5. Творчество выдающихся деятелей музыкального искусства Таджикистана в 30-70-е годы ХХ века // Вестник Таджикского национального университета.- Душанбе, 2022.