Қараев Аслиддин Чупонқулович
Ходими хурди илмии шуъбаи бостоншиносӣ
Тел: +992 907771791
Почтаи электронӣ: a_karaev93@mail.ru
Санаи 1-уми июни соли 1993 дар ҷ/д Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Солҳои 2000 то 2009 дар мактаби миёнаи № 39 таҳсил кардааст. Сипас аз соли 2009 то 2011 дар литсейи № 1 ноҳияи Вахш таҳсилро идома додааст.
Соли 2016 дар шаҳри Кирови Федератсияи Россия Донишгоҳи давлатии Вяткаро (ВятГУ) аз рӯи ихтисоси таърихи муносибатҳои байналмилалӣ хатм намудааст. Ҳангоми донишҷӯӣ ҳамчунин ба сифати нозир-ҳуҷҷатнигорӣ шуъбаи байналмиллалӣ фаъолият карда, ҳамзамон ба сифати ёрдамчии Раиси диаспораи тоҷикон дар шаҳри Кирови Федератсияи Россия фаъолият намудааст.
Солҳои 2016-2017 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба ҳайси нозири ҳуҷҷатнигор кор кардааст.
Соли 2018 дар шуъбаи бостоншиносии Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии (ИТБМ) ба номи А.Дониши АМИТ ба ҳайси лаборанти калон ба кор дохил шуда, моҳи сентябри ҳамон сол ба магистратура бо ихтисоси таърих ва бостоншиносӣ қабул шуд ва онро соли 2020 бо баҳои аъло хатм намуд. Мавзуи рисолаи магистрӣ - “Материальная культура городища Лягман (X-XII вв.)”.
Аз соли 2020 - докторанти PhD-и ИТБМ бо мавзуи таҳқиқоти илмии «Основные периоды историко-культурного развития Дангаринской долины на основе археологического материала (II в. до н.э. – XII в. н.э.)».
Солҳои 2021-2022 дар шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби мутахассис фаъолият намудааст.
Аз соли 2022 дар шуъбаи бостоншиносии ИТБМ ба мансаби ходими хурди илмӣ фаъолият менамояд. То имрӯз дар ҳайати зиёда аз 30 экспедитсияи бостоншиносӣ ширкат намудааст. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ, ки дар ҷумҳури ва хориҷи кишвар чоп шудаанд.