СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИИ “ТАХТИ САНГИН – НАМОДИ ОМЕЗИШИ ТАМАДДУНИ ШАРҚУ ҒАРБ
Рӯзҳои 4 – 6 октябри соли 2023 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин Симпозиуми байналмилалии илмии “Тахти Сангин – намоди омезиши тамаддуни шарқу ғарб” бо иштироки шумораи зиёди олимони шинохтаи хориҷӣ ва ватанӣ баргузор гардид. Дар Симпозиум дар қатори муҳаққиқони ватанӣ инчунин олимони хориҷӣ аз 16 давлат (Россия, Фаронса, Олмон, Чехия, Австрия, Италия, Ҳоланд, Исроил) ширкат варзиданд.
Дар доираи ин чорабинӣ рӯзи 4-ми октябр дар толори “Тахти Сангин”-и Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон намоиши нигораҳои ин ёдгории нодири давраи қадими Осиёи Марказӣ, ки дар маводи он се давраи таърихӣ – замони Ҳахоманишиҳо, юнону-мақдуниҳо ва Кушониён таҷассум ёфтааст, ташкил карда шуд.
Рӯзи 5-уми октябр қисмати илмии Симпозиум доир гардид. Бо суханҳои ифтитоҳӣ ва табрикотӣ муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон ва директори Институт Убайдулло Насрулло Каримзода баромад намуданд.
Сипас дар доираи ҷаласаи пленарӣ ва дар бахшҳо иштироккунандагон маърӯзаҳои илмии худро муаррифӣ намуданд, ки онҳо ба масъалаҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла таърихи омӯзиши Тахти Сангин, мақом ва нақши он дар таърихи дарозу пурифтихори миллатамон, осори аз ин ҷой ёфтшуда, ҳунари шаҳрсозӣ, фарҳанг ва санъати қадимии тоҷикон ва ғайра бахшида шуда буданд. Як қисми маърӯзаҳо ба таҳқиқи Хазинаи Амударё бахшида шуда буд, ки он ба Маъбади Окс алоқаманд буда, қисми зиёди ашёҳои нодиру қиматбаҳои таркибаш ба замони Ҳахоманишиҳо муносибат дорад. Хазинаи Амударё осорест, ки шоҳкориҳои санъати волои Бохтари қадимро бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш нишон медиҳад.
Рӯзи 6-уми октябр иштироккунандагони Симпозиуми мазкур ба ёдгории Тахти сангин, ки дар ноҳият Қубодиён ҷойгир мебошад, сафар намуданд.
Дар умум, чорабинии мазкур дар сатҳи баланди илмӣ ва ташкилӣ баргузор гардид ва алалхусус меҳмонони хориҷӣ аз ин бобат қаноатмандии худро изҳор намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки омодаанд то дар оянда ҳамкориҳоро бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш тақвият бахшида, дар омӯзиш ва тарғиби ёдгориҳои ҳудуди Тоҷикистон ва, дар умум, таъриху фарҳанги тоҷикон саҳм гузоранд.
Қисме аз аксҳо аз сомонаи АМИТ «Ховар» гирифта шудааст.