АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШ
 
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
 
 Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш олимон, омӯзгорон ва дигар аҳли эҷодро ҷиҳати ширкат дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Бобоҷон  Ғафуров  муаррих, шарқшинос ва арбоби давлатӣ» ба ифтихори 115-солагии зодрӯзи академик  Бобоҷон Ғафуров, ки моҳи декабри соли 2023 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, (ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33) баргузор мегардад, даъват менамояд.
Дар конференсия масоили умда аз рӯйи самтҳои зерин баррасӣ
хоҳанд шуд:
 - Бобоҷон Ғафуров – муаррихи барҷастаи шӯравӣ;
 - Б. Ғафуров - арбоби барҷастаи сиёсӣ ва ходими намоёни давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ;
 - Нақши Бобоҷон Ғафуров дар рушди иқтисодиёт ва илму фарҳанги ҶШС Тоҷикистон;
 - Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди шарқшиносии ИҶШС ва Тоҷикистон;
 - Бобоҷон Ғафуров ва ҳаракати миллӣ-озодихоҳии мардуми Шарқ;
 - Бобоҷон Ғафуров - сафири сулҳ ва дипломати варзида;
 - Нақши китоби “Тоҷикон” дар худшиносии миллии тоҷикон;
 - Бобоҷон Ғафуров - асосгузори илми таърихи академии Тоҷикистон;
 - Бобоҷон Ғафуров –рӯзноманигор;
 - Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар бунёди илмҳои бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон;
 - Омӯзиши осори Б. Ғафуров дар Тоҷикистон ва хориҷи кишвар;
 - Б. Ғафуров ва таҳқиқи таъриху фарҳанги Осиёи Марказӣ.
 
Барои ширкат дар конференсия олимони ватанӣ ва хориҷӣ, муҳаққиқони ҷавон, кишваршиносон, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва маориф даъват карда мешаванд.
 Матни маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия аз ҷониби мутассиддиён гирдоварӣ шуда, дар шакли маҷмӯаи илмӣ ба табъ хоҳад расид.
 Хоҳишмандон метавонанд мақолаҳои худро то 20 сентябри соли 2023 ба шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ба суроғаҳои электронии зерин ирсол намоянд:
 falgar@mail.ru; kozizoda_1997@mail.ru;  тел.: 221 20 93, +992 93 565 63 12.
 Забони мақолаҳо: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
 Шакли ширкат: ширкати шахсӣ ва ғойибона.
 Талабот ба таҳияи мақолаҳо:
Формат RTF, ҳангоми ҳуруфчинии матн бо истифодаи компютер ҳуруфи Times New Roman, андозаи ҳуруфи – 14, фосилаи байнисатрӣ – 1,5 см, ҳошияҳо: боло ва поён – 2, 5 см, рост – 1,5 см, чап – 3 см. Иқтибосҳо саҳифагӣ, ҳуруфи Times New Roman, андозаи ҳуруфи – 10, фосилаи байнисатрӣ – 1 см.
Ҳаҷми мақола бояд аз 12 саҳифа зиёд набошад.
Фишурда ба забони англисӣ, аз 100 то 300 вожа.
Калидвожаҳо – то 10 калима.
Абстракт на англ. яз. – 150-300 калима
Тартибдиҳии истинодҳо: дар матн ба таври автоматӣ, рақамгузорӣ аз рӯи тартиби овардани матн ва дар охири мақола ҳамчун эзоҳ ҷойгир карда мешаванд.
Маълумот дар бораи муаллиф: ба маводи пешниҳодшаванда маълумот дар бораи муаллиф (ҳаммуаллифон) бояд замима гардонида шавад: Ному насаб (пурра); дараҷа ва унвони илмӣ; муассиса (мактаби олӣ, институти илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилот), вазифа, мавзӯи маърӯза, суроғаи хизматӣ (аз ҷумла индекс), телефони корӣ, суроғаи хона, телефони шахсӣ, е-mail. Шакли иштирок қайд карда мешавад: мустақим ё ғайримустақим.
Хароҷоти рафтуомад - аз ҳисоби иштирокчиёни конференсия.
Кумитаи тадорукот