ИНЪИКОСИ ЗАБТИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ТАРАФИ АРАБҲО ДАР ШОҲАСАРИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ «ТОҶИКОН»
Намоз Ҳотамов-профессор
«Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи
таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаъ- рифати тоҷик мебошад ва барои
худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давом, дар асари худ «Чеҳраҳои мондагор», дар боби ба аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида, ки «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» ном дорад, олими барҷастаро «фарзанди фарзонаи миллат номида, барҳақ таъкид намудаанд: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷеавӣ намегирифт.[1]
Ин суханони Президенти мӯҳтарам ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки таърихи гузаштаи худро бо хубӣ омӯзем, аз он барои фаъолияти ҳаррӯзаи худ сабақ гирем, то ин ки дигар воқеаҳои фоҷеабар такрор наёбад. Махсусан ҷавонони имрӯзаи мо он воқеаҳое, ки аҷдодонамон аз сар гузаронидаанд, бояд ба хубӣ аз онҳо огоҳ бошанд.
Умуман Президенти мӯҳтарам дар баромадҳо ва асарҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки махсусан ҷавонон бояд аз таърихи гузаштаи ниёгон ба хубӣ огоҳ бошанд. Маҳз, бо ҳамин мақсад, дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби фонди Президент «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, бо тиражи зиёд нашр гардида, ба ҳар хонадони тоҷикистониён, бепул тақсим карда мешавад. Ин як тӯҳфаи бузурги Президенти мӯҳтарам ба мардуми ҷумҳурӣ, дар соли ҷашни 30-солагӣ мебошад. Аммо дар ин соли муборак, таассуфовар аст, ки аз барномаи таълимии ғайриҷомеашиносии мактабҳои олии ҷумҳурӣ, таълими фанни таърихи халқи тоҷик гирифта шуд ва ба ҷои он фанни «Таърихи муосири халқи тоҷик», яъне таърихи замони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷорӣ карданд. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки таърихи замони истиқлолият, бе таърихи то замони истиқлолият маънӣ надорад…
Яке аз мавзӯъҳое, ки пастию баландиҳои зиёд дорад, ин аз тарафи арабҳо забт намудани ин сарзамин ва оқибатҳои он ба ҳисоб меравад. Дар бораи забткории арабҳо дар мулки ориёӣ ва бедодгарии онҳо дар ин сарзамин, асару мақолаҳои зиёде офарида шудааст. Дар аксари онҳо сабабҳои забткорӣ, рафти амалиётҳои забткорӣ, оқибатҳои забткорӣ дар тақдири аҷдодони мо тоҷикон, ба дараҷаи муфассал акси худро ёфтаанд.
Шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», таърихи қадимтарин, қадим, асарҳои миёна ва давраи нави таърихи халқҳои моро дар бар мегирад. Аз ҷумла забткории арабҳо дар фасли чоруми ин китоб, ки «Осиёи Миёна дар давраи тараққиёт ва устуворшавии сохти феодалӣ» ном дорад, ҷой дода шудааст. Ин фасл дар навбати худ аз бобҳо иборат аст.
Боби якуми он «Халқҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб» ном дошта, аз чор зербоб, иборат аст. Зеробоби аввал «Аз по афтидани давлати Сосониён» ном дорад. Дар ҳамин зербоб, устод дар бораи вазъи Арабистон дар арафа ва ташаккулёбии дини ислом андешаҳои худро баён намудаанд.
Зербоби дуввум ва сеюм «Аз тарафи арабҳо забт карда шудани Мовароуннаҳр» ном дошта, он ба ду давра тақсим карда мешавад. Устод давраи аввалро аз парокандагии сиёсии Мовароуннаҳр дар миёнаи асри VII оғоз намуда, минбаъд, ҳамлаҳои нахустини арабҳо ба ин сарзамин, забти Бухоро, Шумон, Хоразм, Самарқанд (аниқтараш мудофиаи Самарқанд), ниҳояд, зербоб бо иттифоқи Суғд, Чоч, Фарғона ва Туркон ба итмом мерасад. Ин зербоб дар нашри соли 2008 аз саҳ.301 то саҳ.314-ро ташкил мекунад.
Зербоби сеюм бошад, ки саҳифаҳои 314-322 -ро дар бар мегирад, аз шарҳи аҳволи халқ дар мулкҳое, ки забткорони араб ишғол намудаанд, муборизаи суғдиён, фарғонагиҳо ва туркон дар солҳои 720-722, муборизаи Хатлонзамин бар зидди истилогарон, ниҳояд, дар охир оқибати ба Хилофати араб ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро дар бар мегирад.
Дар Зербоби чаҳорум «Роли халқҳои Осиёи Миёна дар муборизаи байни Умавиҳо ва Аббосиён» ном дорад ва саҳифаҳои 322-329-ро фаро гирифтааст. Дар ин зербоб аввал дар бораи гурӯҳҳои мухолифи хилофат маълумот дода, сипос неҳзати Абумуслим, шӯриши Сумбоди Муғ ва неҳзати Муққанаъро таҳлил карда шудааст.
Умуман боби ҳукуматдории Хилофат араб дар Осиёи Миёна дар китоби «Тоҷикон» 29 саҳифаро ташкил менамояд. Яъне, дар ин саҳифаҳо аллома Бобоҷон Ғафуров, аз вазъи Арабистони то замони паёғамбар Муҳаммад сар карда, забткориҳои арабҳо дар мулкҳои мардуми ориёӣ, махсусан Мовароуннаҳр, ниҳояд муборизаи мардуми ин сарзамин ба муқобили забткорони араб андешаҳои худро баён намудаанд.
Бояд дар хотир дошт, ки баъди он ки забткорони араб давлати Сосониёнро барҳам доданд, сарзамини онро бо номи вилояти Хуросон ба ҳайати Хилофати араб ҳамроҳ карданд. Халифҳои араб ҳокимони Хуросонро вазифадор намуда буданд, ки сарзамини Мовароуннаҳрро забт намуда, ба ҳайати Хилофати араб ҳамроҳ кунанд. Пеш аз оғози амалиётҳои забткорӣ дар ин сарзамин, забткорони араб амалиётҳои ғосибонаи худро дар сарзамини Мовароуннаҳр бо он асоснок менамуданд, ки ин гӯё васияти пайғамбари дини Ислом Муҳаммад будааст.
Бо андешаи аллома Бобоҷон Ғафуров «арабҳо аз ҳамон рӯзе , ки ба Эронзамин қадам гузаштанд, ғасб кардани вилоятҳои дар ин сӯи Омударё воқеъгардидаи Осиёи Миёна, яъне Мовароуннаҳрро мақсади асосии худ қарор доданд». Бобоҷон Ғафуров чунин андешаҳои худро бо сарчашмаҳои зерин асоснок мекунанд. Аз ҷумла «чӣ навъе дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ (асри Х) ва « Мӯъҷам -ул-булдон» ном асари ҷуғрофидони араб- Ёқут (асри ХIII) дида мешавад, арабҳо аз номи асосгузори дини ислом Муҳаммад ҳадисҳо оварда, пешниҳод мекарданд, ки забт намудани Мовароуннаҳр вазифаи муққадас ва бошарафи пайравони дини ислом аст.[2]
Чуноне мебинем Бобоҷон Ғафуров андешаҳои худро бо сарчашмаҳо асоснок менамоянд ва дар асоси онҳо хулосаҳои зарурӣ ва боварибахш мебароранд.
Бобоҷон Ғафуров ба ҳамлаи нахустини забткорони араб ба Мовароуннаҳр таваққуф намуда, таъкид мекунанд, ки «Мувофиқи ривоятҳои араб, лашкари ислом пас аз муҳорибаи назди Нахованд (с.642) қӯшуни шикастхӯрдаи сосониро таъқибкунон, гӯё то фавти халифа Умар, яъне то соли 644 бо туркони Тахористон алоқа пайдо кардаанд».[3] Чуноне Бобоҷон Ғафуров таъкид мекунанд - «дар ҳақиқати ҳол истилои Осиёи Миёна даҳ сол баъдтар шурӯъ гардид. Соли 651 охирон подшоҳи сосонӣ - Яздигург ба Марв расид. Хост дар ин ҷо паноҳгоҳе пайдо кунад, вале бо хиёнати дастнишондаи худ-волии Марв кушта шуд (бар тибқи яке аз ривоятҳо қотил осиёбонест , ки подшоҳи гуреза ба хонаи ӯ паноҳ бурданӣ шудааст). Дар ҳамон сол арабҳо Марвро ишғол намуданд».[4]
Дар давом Бобоҷон Ғафуров тақид намудаанд, ки «пас аз се соли ин воқеа (яъне, забти Марв -Н.Ҳ) арабҳо нахустин ҳамлаҳои худро ба Мовароуннаҳр сар карданд, аз ҷумла, дар манбаъҳо ҳуҷуми соли 654 ба Маймурғ, воқеъ дар Суғд хотирнишон шудааст. Дар соли 667 онҳо аввалин дафъа ба Ҷағониён ҳамла оварда, ба ҳайтолиҳо зарбаи сахт доданд. Арабҳо ба амалиётҳои ҳарбӣ дар миқёси васеъ ошкоро тайёрӣ медиданд. Яке аз чунин тадбироти тайёрии ҳарбию сиёсӣ аз Басра ва Куфа ба Хуросон кӯчонидани 50 ҳазор хонаводаи араб буд. Барои арабҳои муҳоҷир ба тариқи гарнизон дар панҷ нуқта истиқоматгоҳҳо ба вуҷуд оварда шуданд».[5]
Яъне аз ин навиштаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров маълум мешавад, ки пеш аз оғози ҳуҷуми васеъ ба муқобили Мовароуннаҳр, забткорони араб омодагии васеъ дидаанд. Албатта, забткорони араб нисбат ба худ, ба садоқати мардуми Ҳуросон боварӣ надоштанд. Бинобар ҳамин ҳам, ба ин мулк пешакӣ «50- ҳазор хонаводаи араб»-ро кӯчонида овардаанд. Агар аз ҳар як хонаводаи кӯчонида овардашудаи араб, ақалан ба ҳисоби миёна, барои қӯшунҳои забткори араб, якнафарӣ сарбоз ҷамъ кунанд ҳам, ин дар амал қувваи хело бузург буд. Барои забткорони араб ин қисм, қисми боварибахш ба хисоб мерафтанд ва дар амал ҳам ҳамин тавр буд.
Маълум аст, ки забткорони араб ба муқобили сарзамини Мовароуннаҳр зиёда аз даҳ маротиба лашкар кашидаанд, ки аксари онҳо бо мақсади ғоратгарӣ ташкил карда шуда буд. Аз ҷумла, охири соли 673 ва аввали соли 674 ҳуҷуми ҳокими Хуросон Убайдулло ибни Зиёд ба сӯи Бухоро барпо гардад. Ӯ дар ин ҳучум Рометан ва атрофи онро ғорат кард. Аммо Убайдулло ибн Зиёд ба муқобилияти сахт дучор шуд ва маҷбур гардид, ки барои сулҳ розӣ шавад. Вай дар қатори боигарии зиёдро аз маликаи Бухоро гирифтан, боз «4 ҳазор камонкашони моҳирро аз аҳолии маҳаллӣ ба ғуломӣ бурд… аз онҳо гвардияи шахсӣ ташкил кард…». Ё худ, соли 676 ҳокими нави Хуросон Саид ибни Усмон бо қувваи зиёд ба муқобили Бухоро ҳаракат кард. Вале маликаи Бухоро муқобилият накарда, «ба ивази додани сесад ҳазор дирҳам ва ба гарав гузоштани як гурӯҳ ҷавонони ашрафзодаи Бухоро ба арабҳо созиш кард».[6]
Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров «… то замони қоимақоми Хуросон таъин гардидани Қутайба ибни Муслим (с.705 ) он ҳама ҷангҳое, ки арабҳо дар Мовароуннаҳр кардаанд, хусусияти тасодуфӣ ва ноҷур дошта, фақат барои мақсадҳои ғоратгаронаи сардорони ҷудогонаи араб хизмат мекарданд. Қӯшунҳои араб вилоятҳои дар натиҷаи тохтутозҳои шадид ишғорлнамудаи худро тороҷ карда ва ба харобазор табдил дода, ба Марв бозмегаштанд».[7] Мо чунин тороҷгарии забткорони арабро дар мисоли ҳуҷуми ҳокимони Хуросон Убайдулло ибни Зиёд ва Саид ибни Усмон ҳамчун далел аллакай овардем.
Қутайба ибни Муслим, ки тақрибан соли 705 ҳокими Хуросон гардид аз парокандагии мулкҳои Мовароуннаҳр ва ихтилофи дохилии ашрофони маҳаллии он истифода бурда, тавонист қадам ба қадам мавқеа хилофатро дар Осиёи Миёна мустаҳкам намояд. Вай «дар соли 705 бо қувваи зиёде ба тарафи Балх ҳаракат намуда, он маҳалҳоеро, ки аз арабҳо рӯ гардонида буданд, ба худ итоат кунонид».[8]
Аввалин муҳорибаи ҷиддие, ки дар ҳудуди Мовароуннаҳр бо забткорони араб ба амал омад, ин муҳорибаи шаҳраки сарҳадӣ Пайканд ба ҳисоб меравад. Ин муҳориба соли 706 ба вуҷуд омадааст. Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров Пайканд «ободтарини шаҳри Моворауннаҳ ба шумор мерафт». «Қӯшуни Қутайба аввалин дафъа дар ҳамин ҷо ба муқовимати сахти аҳолӣ дучор гардид». Муҳосираи он бо як ривоят 50 рӯз, бо ривояти дигар 10 моҳ давом кардааст.[9]
Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров, дар мудофиаи шаҳраки Пайканд, на танҳо бошандагони он, балки инчунин дигар мулкҳои Суғд, ки «пайкандиҳо барои кӯмак ба онҳо муроҷиат карда буданд, ширкат доштанд. Аввалҳо дасти онҳо боло шуда, арабҳо ба вазъияти сахте афтоданд. Суғдиҳо муддати дуру дароз қӯшунҳои арабро ба муҳосира гирифта, роҳҳои алоқаи арабҳоро буриданд. Вале маҳз ноиттифоқии байни ҳокимони маҳаллӣ арабҳоро аз ин вазъият раҳо дод. Баъзе аз ҳокимон оҳиста-оҳиста дастаҳои худро ба канор кашиданд. Сафи мудофиачиёни Пайканд торафт кам шудан гирифт. Қутайба аз ин ҳолат истифода бурда, шаҳрро гирифт, ғорат кард ва пас ба Бухоро рӯ овард».[10]
Муҳорибаи Пайканд бо ин анҷом наёфтааст. Чуноне аллома Бобоҷон Ғафуров таъкид мекунанд, «ҳанӯз Қутайба 5 фарсах (яъне тақрибан 30 км) ҳам дуртар нарафта, аҳли Пайканд шӯриш карданд ва арабҳои дар он ҷо истодаро ба қатл расониданд. Қутайба Пайкандро дубора ишғол карда, онро тамоман ба харобазор мубаддал гардонид, ҳамаи мардонро кушта, занону кӯдаконро ба ғуломӣ дод. Арабҳо дар ин ҷо ҳамон қадар сарват ба даст дароварданд, ки то ин вақт дар ҳеҷ ҷо ин андоза ғанимат насиби онҳо нагардида буд».[11]
Баъди аз даст рафтани Пайканд, ба андешаи Бобоҷон Ғафуров, ҳокимони ҷудогонаи Суғд туркҳоро ба кӯмак даъват карда, дар атрофи Рометан қувваҳои муттаҳиди зиёде ҷамъ намуданд… «Ҷанги шадиде ба амал омад. Қӯшуни араб ба муҳосира афтод. Дар ин чо Қутайба роҳи фиребро пеш гирифт. Ӯ ба тарзи махфӣ кас фиристода, подшоҳи Суғдро аз туркон ва турконро аз подшоҳи Суғд бадгумон карда, дар байни онҳо нифоқ андохт. Дар ҳамин вақт ба Қутайба қувваи иловагӣ расид.». Вале, бо сабаби он ки Қутайба аллакай талафоти зиёде дода буд, маҷбур шуд, ки ба Марв баргардад. Соли 708 Қутайба боз ба Бухоро ҳуҷуми бебарор кард.[12] Аммо ин ҳуҷуми бебарори Қутайба, ҳукумати Хилофати араб, махсусан сарвари вилояти Хуросонро сахт ба ташвиш овард.
Соли 709 Қутайба бо қувваи хело зиёд боз ба Бухоро ҳуҷум кард. Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров «аҳолии Бухоро, мисли собиқ туркҳо, суғдиёнро ба ёрдами худ даъват намуданд. Дар натиҷа, ин дафъа, «ҷанги хунине рӯй дод». Дар ин муҳориба Қутайба, барои ҳавасманд намудани сарбозони худ, «эълон кард, ки ҳар кас, агар сари душманеро биёрад, сад дирҳам ба тариқи ҷоиза хоҳанд гирифт». Ин тадбири Қутайба ба он оварда расонид, ки «дар қароргоҳи арабҳо аз сари ҷанговарони Мовароуннаҳр манораи бузурге ба вуҷуд омад». Ҳамон лаҳза суғдиҳо бо туркон иттифоқчӣ буданд ва якҷоя амал карда, ба забткорони араб хисорати зиёд расониданд. Аммо Қутайба боз роҳи фиребро пеш гирифта, бо кӯмаки ҷосусони худ тавонист иттифоқи зиддиарабии суғдиён ва туркҳоро барҳам диҳад.
Дар ҳақиқат ташвиши ҳокими Хуросон аз нокомии Қутайба дар назди Бухоро, бесабаб набуд. Зеро, чунин нокомии арабҳо, боиси аз итоат ба арабҳо саркашӣ намудани мардуми Тахористон, аз ҷумла ҳокими Шумон гардида буд. Бинобар ин Қутайба соли 710 қувваи тоза ва зиёдеро ҷамъ намуда, ба сӯи Шумон лашкар кашид. Бобоҷон Ғафуров ба ҷасорати мардуми водии Ҳисор таваққуф намуда, таъкид мекунанд, ки «аҳолии Шумон талабҳои таҳдидомези арабҳоро рад карда, ба муқобили қувваҳои бартаридоштаи онҳо ҷасурона ва мардонавор ҷангиданд. Дар яке аз муҳорибаҳои шадид подшоҳи Шумон кушта шуд. Қутайба шаҳрро тамоман ғорат карда, ба тарафи Насаф (дар наздикии Қаршии имрӯза) ва Кеш (Шаҳрисабзи кунунӣ) равон шуд ва он ҷоҳоро ба тобеияти худ даровард».[13]
Ҳамон лаҳза ҳокими Самарқанд, подшоҳи Суғд Тархун бо арабҳо сулҳ имзо карда буд ва мувофиқи он ӯҳдадор шудааст, ки ба фоидаи арабҳо хироҷ медиҳад. Вақте бародари Қутайба Абдураҳмон барои гирифтани хироҷ ба Самарқанд омад, ин боиси норозигии мардум ва баҳонаи оғози шӯриш гардид. Дар натиҷа Тархун бо дасти муқаррабони худ аз тахт маҳрум гардид ва худашро нобуд намуд. Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров ҳокими Панҷакент Дивоштак, ки яке аз намояндагони гурӯҳи арабпараст буд, баъди худкушии Тархун, сарпарастии писари хурдсоли Тархунро ба зиммаи худ гирифта, ба унвони «подшоҳи Суғд, ҳукмрони Самарқанд соҳиб шуд.[14] Дар амал ӯ соҳиби чунин унвон, дертар, соли 719 гардидааст.[15]
Диққати Қутайбаро ҳамон лаҳза воқеаҳои Хоразм ба худ ҷалб карда буд. Дар он ҷо бародари Хоразмшоҳ Хурзод ном шахс барои ҳокимият исён бардошт. Бо баҳонаи кӯмак расонидан ба Хоразмшоҳ, Қутайба ба сӯи Хоразм лашкар кашид ва гӯё барои хомӯш кардани исён кӯмак расонид. Чӣ тавре, ки Бобоҷон Ғафуров таъкид мекунанд, «солҳои 710-712 Хоразмшоҳ бо Қутайба муоҳидаи сулҳ баста, ба ивази он ки шӯришчиёнро ба хун оғуш намуд, ба тариқи подош 10 ҳазор сар чорво дод. Ин амалан маънии ба арабҳо сари итоат фуруд овардани Хоразмшоҳро дошт».[16]
Ҳаракати Қутайба ба сӯи Хоразм маънои онро надошт, ки ӯ аз нияти забти сарзамини Суғд даст кашида бошад. Баръакс, бо мақсади «дар ғафлат гузаштани онҳо овозае паҳн кард, ки бо ғаниматҳои аз ғорат ба даст даровардаи худ ба Марв хоҳад рафт, лекин дар амал бо лашкари Хоразмшоҳ ва бухорхудот ба Самарқанд ҳуҷум овард». Яъне, ин дафъа Қутайба ба муқобили Самарқанд се қувваи бузург: қуввае, ки худаш дошт, бо лашкари хоразмиён ва бухороиён ҳуҷум кард. Бобоҷон Ғафуров чунин ҳолатро ба инобат гирифта, таъкид мекунанд, ки «ҷиҳати хоси вазъияти онвақтаи муборизаи зидди истилогарон на фақат набудани фронти ягона ба муқобили арабҳо, балки бадтар аз он, хиёнати ҳокимони Бухоро ва Хоразм мебошад… Бар замми ин, дар дохили Суғди Самарқанд ҳам якдилӣ ва ҳамфикрӣ набуд. Пас аз марги Тархун дар Суғд гурӯҳи нерӯманди ашрофи арабпараст боқӣ монда буд. Аз эҳтимол дур нест, ки яке аз намояндагони ин гурӯҳ ҳокиими Панҷакент – Дивоштак бошад». Ба тамоми ин душвориҳо ва хиёнатҳо нигоҳ накарда, «Самарқандиҳо яккаву танҳо бо азобу машақат ватани худро мудофиа мекарданд».[17]
Муҳосираи Самарқанд аз тарафи забткорони араб тӯлонӣ буд, ки чунин ҳолат суғдиёнро ба ҳолати ногувор мегузошт. Аз чунин ҳолат аҳли Суғд ба ҷон омада, аз подшоҳи Чоч, ҳокими турк ва подшоҳи Фарғона ба муқобили арабҳо кӯмак хостанд. Онҳо дар мактуби худ навиштаанд, ки «агар арабҳо бар Суғд ғалаба кунанд, навбати шумо хоҳад расид». Дар натиҷа, иттифоқи чоргонаи зиддиарабӣ ба амал омад. Ҳокими Суғд Ғӯрак интизори омадани қувваҳои имдодии Ҳокими Чоч, ҳоқонии турк ва ишходи Фарғона буд. Аммо онҳо ҳанӯз муттаҳид нашуда, Қутайба бо қувваи зиёд, ногаҳон ба онҳо ҳуҷум карда, торумор намуд. Забткорони араб ашрафзода будани дастаҳои иттифоқчиёни Ғӯракро дониста, сари онҳоро бурида, ба камарбанди худ овехта, ба қароргоҳашон баргаштанд.[18]
Забткорони араб барои забти Самарқанд 300 мошини деворшиканро истифода бурданд. Мудофиаи шаҳр як моҳ давом кард. Вале онҳо охирон маҷбур шуданд, ки таслим шаванд. Ғӯрак бо арабҳо шартномаи вазнинро имзо намуд. Мувофиқи он Ғӯрак якбора ба арабҳо ду миллион дирҳам, се ҳазор ғуломи калонсол ва ганҷи бутҳои маъбадҳои қадимаро супорид. Ба ғайр аз ин ҳама, Ғӯрак ӯҳдадор шуда буд, ки ҳар сол ба манфиати арабҳо 200 ҳазор дирҳами нақдина диҳад. Дар шаҳри Самарқанд, барои мусулмонҳо масҷид созад. Ба ивази ин ҳама Қутайба Ғӯракро ҳокими Самарқанд ва заминҳои Кешу Нахшаб таъин кард. Бо ҳамин шӯриш самарқандиён бераҳмона пахш карда шуд. Вале муқобилияти самарқандиён минбаъд ҳам идома ёфт.
Баъди пахш намудани шӯриши Самарқанд ва то андозае ҷорӣ намудани ҳокимияти худ дар ин шаҳр, забткорони араб ба сӯи Фарғона ҳаракат карда, дар муддати солҳои 713-715 ин мулкро низ ба зери тасарруфи худ дароварданд. Подшоҳи Фарғона фирор намуд. «Дар ҳамин вақт-таъкид мекунанд Бобоҷон Ғафуров, - ба тахти хилофат Сулаймон нишаст, ки душмани Қутайба буд. Қутайба бар зидди ӯ исён кард, вале ин исён ба шикаст ва марги худи вай анҷом ёфт».[19]
Бо андешаи Бобоҷон Ғафуров, бо забти Фарғона аз тарафи арабҳо ва марги худи Қутайба, асосан ба анҷом расидани забти Осиёи Миёна аз тарафи онҳо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин «арабҳо футуҳоти Осиёи Миёнаро анҷом дода, маркази вилояти шарқии худро, ки Хуросон ва Мовароуннаҳро дар бар мегирифт, дуртар аз Бухоро ва Самарқанди «ноором» - Марв муқаррар карданд».[20]
Ҳамин тавр, Бобоҷон Ғафуров, андешаҳои худро оиди аз тарафи арабҳо забт намудани Осиёи Миёнаро ҷамъбаст намуди, муваффақияти асосии арабҳоро пеш аз ҳама дар «парокандагии сиёсии» ин сарзамин медиданд. Ба ғайр аз ин забткорони араб «зиддиятҳои байни туркҳои бодиянишин ва аҳолии воҳаҳои зироатии Осиёи Миёнро» моҳирона истифода мебурданд. Ниҳояд, забткорони араб «аз ҷиҳати ҳарбӣ», нисбат ба ҷанговарони осиёимиёнагӣ, «бартарии калоне доштанд».[21] Ин ҳама ба забткорони араб имконият дод, ки ин сарзаминро пай дар пай забт намоянд. Умуман, дар Осиёи Миёна ягон мулке набуд, ки ба забткорони араб муқобилият накарда бошанд.
[1] Ниг.: Раҳмон Э. Чеҳраҳои мондагор. -Душанбе, «Эр-граф», 2016. -С. 333.
[2] Ниг.: Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. -Душанбе, «Дониш». 2008. -С. 304.
[3] Ниг.: Ҳамон ҷо. -С. 305
[4] Ниг.: Ҳамон ҷо.
[5] Ниг.: Ҳамон ҷо.
[6] Ниг.: Ҳамон ҷо. –С. 306
[7] Ниг.: Ҳамон ҷо. -С. 307.
[8] Ниг.: Ҳамон ҷо.
[9] Ниг.: Ҳамон ҷо.-С. 308.
[10] Ниг.: Ҳамон ҷо.
[11] Ниг.: Ҳамон ҷо.
[12] Ниг.: Ҳамон ҷо. –С. 309.
[13] Ниг.: Ҳамон ҷо. –С. 309.
[14] Ниг.: Ҳамон ҷо. –С. 309-310.
[15] Ниг.: Ҳамон ҷо. –С. 310.
[16] Ниг.: Ҳамон ҷо.
[17] Ниг.: Ҳамон ҷо.
[18] Ниг.: Ҳамон ҷо. –С. 311.
[19] Ниг.: Ҳамон ҷо. –С. 314.
[20] Ниг.: Ҳамон ҷо.
[21] Ниг.: Ҳамон ҷо.