БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР БОРАИ АҲАМИЯТИ ИНҚИЛОБИ ФЕВРАЛИИ ( соли 1017) РУСИЯ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Намоз Ҳотамов
 доктори илмҳои таърих,профессор
 
«Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад, ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккуритаърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
«Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки он барои имрӯз ва шукуфоии фардо ҳар миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ –хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира- сабақ бигирад ва дурнамои ояндаашро муайян созад».
Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ «Тоҷикон» барои тоҷикон аҳамиятнокии Инқилоби Буржуазӣ- демократии февралии (соли 1917) Русияро махсус таъкид намуда баён як банди боби чаҳоруми фасли шашумро бахшидаанд.Бо андешаи алома,ин инқилоб оқибати Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ва буҳрони умумии капитализм ба ҳисоб мерафтааст ва он дар тамоми сарзамини Русия ғалаба кардааст.[1]
Дар Русия, дар арафаи Инқилоби Февралӣ 10 ҳизбҳои сиёсии асосии марказӣ вуҷуд доштанд, ки қариб ҳамаашон дар гӯшаю канори империя, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам фаъолият мекарданд. Аз онҳо 5 ҳизбҳои буржуазӣ ва помешикӣ: иттифоқи халқи рус, натсионалистҳо, октябристҳо, прогрессистҳо ва кадетҳо тарафдори нигоҳ доштани мутлақият (қисмашон тарафдори бо баъзе тағйиротҳо дар он), 5 ҳизбҳои боқимонда: трудовикҳо, сотсиалистони халқӣ, эсерҳо, меншевикҳо ва болшевикҳо тарафдори барҳам додани мутлақият буданд. Ба ҷои мутлақият болшевикҳо бунёди ҷумҳурии демократӣ, ҳизбҳои боқимонда бошанд ҷумҳурии буржуазиро мехостанд.
Дар байни шӯришгарон нуфузи ҳизбҳои болшевикӣ, меншевикӣ ва эсерӣ зиёд буд ва онҳо дар рафти шӯриш роли роҳбарикунандаро мебозиданд. Меншевикҳо ва эсерҳо муқобили васеъ гардидани амалиётҳои инқилобӣ буданд. Чунин ҳолро сарварони ин ҳизбҳо барои мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ зараровар ва аз ҷиҳати сиёсӣ хатарнок ҳисоб мекарданд. Онҳо интизори ҳар чи зудтар аз тахт даст кашидани подшоҳ буданд. Аммо болшевикон бошанд шӯришгаронро ба муборизаҳои боз ҳам шадиди инқилобӣ даъват карда, ҳар чи зудтар сарнагун намудани мутлақият ва ба ҷои он бунёди ҳукумати муваққатии инқилобиро мехостанд.[2]
Ҳанӯз дар оғози шӯриш, бо ташаббуси коргарон ва аскарони инқилобӣ кумитаҳо бунёд гардиданд, ки дар рафти инқилоб онҳо ба Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон табдил меёфтанд. Ҳамон шаби 27 феврал ба қасри Тавричи шаҳри Петроград аввалин намояндагони интихобшудаи коргарон ва аскарон ҳозир шуданд. Ташаббусро дар ин Шӯроҳо намояндагони ҳизбҳои меншевикон ва эсерон ба дасти худ гирифтанд.
Худи ҳамон рӯзи 27 –уми феврал аъзоёни Думмаи давлатӣ бо дастгирии ҳизбҳои буржуазӣ ва помешикии Русия, бо мақсади дар пойтахт ҷорӣ намудани тартибот, Кумитаи Муваққатиро интихоб намуданд. Ин кумита ҳанӯз мақсади гирифтани ҳукуматро надошт. Вале он ба фронт, ба назди подшоҳ Николаи II, ҳайати намояндагӣ фиристода, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ба фоидаи писараш аз тахт даст кашад. Чунин талабро сарварони тамоми фронтҳо низ дастгирӣ намуданд. Дар натиҷа, он рӯз подшоҳ манифестеро имзо намуд, ки мувофиқи он ӯ аз номи худ ва аз номи писараш ба фоидаи бародараш – Михаил аз ҳокимият даст мекашид.
Бобоҷон Ғафуров чунин натиҷаи инқилоби Русияро ба инобат гирифта, таъкид намудаанд, ки боиси «хоинии эсерҳо ва меншевиконе, ки дар роҳбарияти Советҳо даромада гирифта буданд, ба сабаби зудбоварии аз хад зиёди оммаҳои васон коргарон ва салдатҳо, ки аз аввалин комёбиҳои револютсия сармаст шуда буданд ҳокимияти давлатиро бужуазия ба дасти худ мегирад. Ҳокимияти нави давлатӣ дар шахси Ҳукумати муваққатӣ аз намояндагони буржуазия ва помещикони буржуазияшуда иборат буд».[3]
Ҳамин тавр, 27 феврали соли 1917 дар Русия ҳукумати подшоҳӣ, яъне мутлақият сарнагун гардид. Вале шӯриш дар шаҳри Петроград идома мекард ва он Кумитаи Муваққатии Думмаи давлатиро ба воҳима гузошт. Сарварони кумита маҷбур шуданд, ки бо сарварони Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони шаҳри Петроград, яъне роҳбарони ҳизбҳои меншевикон ва эсерҳо музокира намоянд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо сарварони меншевикон ва эсерҳо, аз номи Шӯроҳо розигӣ доданд, ки аз тарафи Кумитаи Муваққатии Думмаи давлатӣ барои идоракунии мамлакат Ҳукумати Муваққатӣ ташкил карда шавад. Вале худи сарварони меншевикон ва эсерҳо барои бевосита дар чунин ҳукумат иштирок намудан розӣ нашуданд.
2 марти соли 1917 дар асоси шартномаи байни Кумитаи Муваққатии Думмаи давлатӣ ва сарварони Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарони Петроград, бо сарварии княз Г. Е. Лвов, Ҳукумати Муваққатии ташкил карда шуд, ки дар таърих бо номи Ҳукумати буржуазӣ ҳам маълум аст. Бо ҳамин дар Русия инқилоби навбатӣ, яъне инқилоби дуюми буржуазию демократӣ бо ғалаба анҷом ёфт. Он мутлақиятро, ки ҳамчун нишонаи ҷамъияти феодалӣ – асримиёнагӣ ба ҳисоб мерафт, сарнагун намуд. Аммо дар мамлакат дуҳокимиятӣ – Ҳукумати Муваққатӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон ба амал омад. Шӯришгарон дар симои Шӯроҳо ҳокимияти асосии худро медиданд ва фақат аз рӯи дастурҳои он амал мекарданд. Сарварони Шӯроҳо бошанд, яъне меншевикон ва эсерҳо мегуфтанд, ки ин инқилоб – инқилоби буржуазию демократӣ аст, бинобар ин ҳокимият бояд ба ихтиёри буржуазия гузарад. Вале Ҳукумати Муваққатии буржуазӣ, ки чун ҳукумати расмӣ ба ҳисоб мерафт, дар назди инқилобчиён – коргарон ва аскарон ҳанӯз обрӯ ва эътиборе надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам дар Русия то воқеаҳои июлии соли 1917 дуҳокимиятӣ мавҷудияти худро нигоҳ дошт.[4]
  Барҳам додани тартиботи подшоҳӣ дар ҳудуди кишвари Туркистон. Шӯроҳо ва иттифоқҳо. Чун дар маркази империяи Русия–шаҳри Петроград, дар гӯшаю канори он, аз ҷумла дар кишвари Туркистон ҳам дуҳокимиятӣ, яъне намояндагии ҳукумати муваққатии буржуазӣ ва Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон бунёд гардиданд. Бо ибораи Бобоҷон ҒафуровИнқилоби ромин Русия «оммаи васеи халқи Осиёи Миёнаро сахт ба ҷунбиш овард.[5]
1 марти соли 1917 хабари ғалабаи инқилоби февралӣ дар Петроград то ба Тошкент омада расид. Аммо бо тавсияи генерал-губернатори кишвари Туркистон А.Н. Куропаткин амалдорони ҳукумати подшоҳӣ ин хабарро аз мардум пинҳон нигоҳ доштанд. Танҳо 3-уми март, бо омада расидани рӯзномаҳо, ки аз ғалабаи инқилоб ва сарнагун кардани мутлақият хабар медоданд, мардум аз ҳақиқат воқиф гардид. Дар шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо барпо гардиданд, ки дар онҳо Шӯроҳои намояндагии соҳаҳои гуногун интихоб карда шудаанд.
Ҳанӯз 2 март дар Тошкент, бо ташаббуси коргарони устохонаи асосии роҳи оҳани Осиёимиёнагӣ, гирдиҳамоии серодаме ҷамъ омад.
Дар он ҳозирон якдилона Шӯрои намояндагии коргаронро дар ҳайати 12 нафар интихоб намуданд. 3 март Шӯрои намояндагии коргарони Тошкент аз ҳисоби ҳайати намояндагии заводҳо, корхонаҳо ва гурӯҳҳои сотсиал - демократӣ ташкил карда шуд. Ин нахустин Шӯрои намояндагии коргарон дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. Дар он, чун дар дигар шӯроҳои минбаъдаи Осиёимиёнагӣ, аксариятро меншевикон ва эсерон (тахминан аз се ду ҳиссаро) ташкил мекарданд. Танҳо аз се як ҳиссаи боқимонда болшевикон буданд. Сарвари Шӯрои намояндагии коргарони Тошкент меншевик И. И. Белков интихоб гардид.
2 ва 3 март дар қисмҳои гуногуни гарнизони ҳарбии шаҳри Тошкент ҷамъомадҳо барпо гардида, дар онҳо аскарон кумитаҳои худро интихоб намуданд. 5 март аз ҳисоби намояндагии интихобшудагон Шӯрои намояндагии аскарони Тошкент ташкил ёфт.[6]
Моҳи марти соли 1917, дар баробари Тошкент боз дар дигар шаҳрҳои калонтарини кишвари Туркистон – Самарқанд, Хуҷанд, Андиҷон, Скобелев ва ғайраҳо, инчунин дар кони нефти САНТО, кони ангишти Кизил-кия, аз маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро – Бухорои Нав (Когон) Шӯроҳо ба вуҷуд омаданд.
Аз ҷумла, 5 март дар Самарқанд намоиши аскарон барпо шуд, ки дар натиҷаи он Шӯрои намояндагии аскарони шаҳр бунёд гардид. 8 март ба муносибати ғалабаи инқилоби февралӣ дар қалъаи Хуҷанд гирдиҳамоӣ бо иштироки аскарон ва шаҳриён ташкил ёфт. Рӯзи дигар, яъне 9 март дар маҷлиси умумии аскарони гарнизони шаҳрӣ интихобот ба Шӯрои намояндагии аскарон шуда гузашт. Ин аввалин Шӯро дар минтақаи имрӯзаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шӯрои номбурда аз 14 намоянда иборат буда, ба он аскари қаторӣ Борис Черняк ҳамчун сарвар интихоб гардид.[7] Баъд аз Хуҷанд, дар моҳи март интихоби Шӯрои намояндагии аскарон дар Уротеппа шуда гузашт.
14 март коргарон ва хизматчиёни истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд Шӯрои намояндагии коргаронро бо сарварии коргари ин корхона Румянсов ташкил дода, барои Шӯрои шаҳрӣ вакилонро интихоб намуданд.[8] 18 март бо дастгирии Шӯрои Хуҷандӣ дар кони Сулюкта низ Шӯрои намояндагии коргарон ташкил ёфт, ки ба он болшевик Д. Т. Деканов сарварӣ мекард.
Охири моҳи марти соли 1917 Шӯрои намояндагии коргарони Тошкент бо Шӯрои намояндагии аскарон муттаҳид гардид ва минбаъд чунин муттаҳидшавӣ дар тамоми кишвари Туркистон ба амал омад.
Шикастани тартиботи ҳукумати подшоҳӣ дар шароити кишвари Туркистон, на аз барҳам додани ҳукумати марказӣ, чун      дар худи империяи Русия, балки аз ташкил намудани ҳукуматҳои маҳалӣ оғоз ёфт.
 Ҳанӯз 6 марти соли 1917 дар Тошкент, бо ташаббуси Думмаи шаҳрӣ маҷлиси ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ барпо гардид ва дар он иборат аз 19 нафар Кумитаи иҷроияи муваққатиро интихоб намуданд, ки он идоракунии шаҳрро ба ихтиёри худ гирифт. Ба он намояндагони сармоядорон, зиёиён, амалдорон ва ғайра, аз ҷумла панҷ нафар намояндагони Шӯроҳои коргарӣ дохил шуданд. Дар Самарқанд Кумитаи иҷроияи бехатарии ҷамъиятӣ ташкил карда шуд, ки дар он амалдорон, адвокатҳо, афсарон (офитсерон), бойҳои маҳаллӣ, меншевикҳо, эсерҳо ва ғайра дохил шуданд.
Тағйиротҳое, ки дар соҳаи идоракунӣ дар маркази генерал-губернаторӣ ва вилоятҳо ба амал омаданд, ба марказҳои уездҳо низ таъсири худро расониданд. 21 марти соли 1917 дар Хуҷанд, бо талаби Шӯрои шаҳрӣ сарвари уезд Арсишевский аз вазифааш озод карда, политсия ва жандармҳоро аз шаҳр бароварданд. Бо қарори Шӯро муҳофизати шаҳрро аскарони гарнизони шаҳрӣ ба ӯҳдаи худ гирифтанд. Минбаъд бо ташкил додани милитсия муҳофизати шаҳр ба ихтиёри он гузашт. Идоракунии уезд ба ихтиёри Кумитаи иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ гузашт, ки он бо кӯмаки Шӯрои шаҳрии Хуҷанд бунёд гардид. Кумиҷроияи Хуҷанд аз 36 нафар аъзо иборат буд, ки ба ҳайати он аъзоёни Шӯро низ дохил шуданд. Ба он дар қатори амалдорони подшоҳӣ, инчунин намояндагони сармоядорон ҳам буданд.[9]
Генерал-губернатори Туркистон Куропаткин ҳанӯз дар сари қудрат буд. Чуноне Бобоҷон Ғафуров барҳақ таъкид намудаанд, « ин ҷаллоди халқҳои Осиёи Миёна» тамоми чодаҳоро медид, ки дар ин, сарзамин низоми мустамликавиро нигоҳ доред.[10] Ӯ ваъзиятро ба инобат гирифта худро намояндаи Ҳукумати Муваққатӣ эълон кард. Вай аз амалдорони вилоятию уездӣ ва волостӣ талаб намуд, ки қарорҳои ҳукумати навро бе ягон мамоният амалӣ гардонанд. Вале сарварони Шӯроҳо ба садоқати худи Куропаткин нисбат ба низоми нав шубҳа доштанд. 28 марти соли 1917 дар маҷлиси муттаҳидаи Шӯрои намояндагони коргарон ва аскарон, дар қатори дигар масъалаҳо фаъолияти генерал-губернатор низ муҳокима гардид. Махсусан қарори ӯ оиди мусаллаҳ намудани мардуми русзабон, ки аввали ҳамон моҳ баҳри муҳофизати мансаби худ аз хуруҷи мардуми маҳаллӣ бароварда буд, ҳамчун амалиёти иғвогарона маҳкум гардид. Он маҷлис чунин қарорро бекор намуда, фармуд, ки аслиҳаи тақсимшуда ҳарчи зудтар баргардонида шавад.
30 марти соли 1917 дар маҷлиси васеи Шӯроҳои муттаҳидаи намояндагони коргарон ва аскарони Тошкент, бо иштироки кумиҷроияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони Иттифоқҳои деҳқонӣ ва Шӯрои намояндагии мусулмонон масъалаи аз вазифа озод намудани генерал-губернатор Куропаткинро муҳокима намуданд. Дар он қарор қабул карда шуд, ки то гирифтани тавсияи Ҳукумати Муваққатӣ Куропаткин бо ёрдамчиаш – генерал Ерофеев ва сардори штаби округ – генерал Сиверс ба ҳабси хонагӣ гирифта шаванд. Ин қарор 31 март, соати 10-и пагоҳӣ амалӣ гардид. Ба хулосаи Бобоҷон Ғафуров « ин ғалабаи калони револютсия ба ҳисоб мерафт».[11]
Худи он рӯз ба вазифаи сарварии қувваҳои ҳарбии округ коменданти шаҳр полковник Черкесро интихоб намуданд. 7 апрели соли 1917, мувофиқи қарори Ҳукумати Муваққатӣ иборат аз 9 нафар, Кумитаи Туркистонӣ, бо сарварии кадет Шепкин ташкил ёфт. Ин кумита бояд қарорҳои Ҳукумати Муваққатиро дар тамоми Осиёи Миёна (аз ҷумла дар аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ) амалӣ мекард.[12]
Ташкил намудани Шӯроҳо дар кишвари Туркистон минбаъд ҳам, дар шаклҳои гуногун давом дошт. Мувофиқи қарори Ҳукумати Муваққатии Русия аз 5 майи соли 1917, танҳо охири моҳи май ва аввали июни ҳамон сол зиёда аз 100 ҳазор нафар коргарони соли 1916 аз кишвари Туркистон ба корҳои ақибгоҳи фронт маҷбуран фиристодашуда, ба манзилашон баргаштанд. Бо ташаббуси онҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, ҳамчун ташкилоти интихобии онҳо-Шӯрои намояндагии мардикорон ташкил ёфт. Аз ҷумла, 25 май дар майдони бозори Чоршанбеи шаҳри Хуҷанд ҷамъомади мардикорони шаҳр ва атрофи он барпо гардид. Дар он Шӯрои намояндагии мардикорони шаҳр интихоб шуд. Ба ҳайати садорати он Ҷӯра Зокиров, Абдуқодир Раҳимбоев, Ҳайдар Усмонов, Раҳимбердӣ Эгамбердиев, Ҷӯра Шокаримов ва дигар болшевикон дохил гардиданд. Аз ҷумла Ҷӯра Зокиров, ки аз ҷумла он мардикорон буд, дар заводи шаҳри Бердянскии Украина шуда, «дар ин ҷо на фақат бо ғояҳои ленинии сотсиал –демократӣ шинос шуд, балки ба дурустии онҳо имони комил пайдо кард».[13] Охири моҳи май дар Уротеппа низ чунин Шӯро ташкил ёфт, ки ба ҳайати он 14 нафар намоянда интихоб шудаанд.
Дар шаҳрҳои ҷудогонаи кишвари Туркистон боз “Иттифоқҳо” –и гуногун ба вуҷуд омада, амал мекарданд. Аз ҷумла, ҳанӯз моҳи марти соли 1917 дар Самарқанд “Клуби исломия” ба вуҷуд омад. Яке аз ташкилкунандагони он М. Беҳбудӣ ба ҳисоб мерафт. Аз сабаби он ки аксарияти аъзоёни ин клуб камбағалон буданд, онро “Ҷамъомади камбағалон” низ мегуфтанд. Аъзоёни клуб дар байни камбағалони шаҳри кӯҳна на танҳо ташвиқоти маданию маорифпарварӣ мебурданд, балки онҳо баъзе талабҳои сиёсиро низ гузоштаанд. Фаъолони клуб, аз ҷумла масъалаи аз вазифа озод намудани тамоми амалдорони подшоҳӣ, тамоман барҳам додани дастгоҳи идоракунии мустамликавӣ ва ба ҷои он, ба монанди “шаҳри нав” иборат аз се нафар ташкил намудани кумитаро гузошта, ба зудӣ чунин Кумитаро барпо намуданд. Ин кумита ба ғайр аз се нафар, ки сарварони он буданд, боз зиёда аз 100 нафар аъзо дошт. Аммо 15 апрели ҳамон сол, ихтилофҳои дохилӣ боиси қатъ гардидани фаъолияти он кумита гардидааст. Ҳанӯз дар арафаи ин воқеа, қисми фаъоли он (ба он қисм М. Беҳбудӣ низ ҳамроҳ буд) ташкилоти коргарони мусулмонро бунёд намуданд, ки баъдтар номи “Иттифоқ” –ро гирифтааст. 16 апрели соли 1917 онҳо органи чопии худ – рӯзномаи “Ҳуррият” –ро бароварданд. Дар нашри он М. Беҳбудӣ, А. Фитрат (аз 25 июли соли 1917 муҳаррири калони он) мавқеи асосиро бозидаанд. Дар саҳифаҳои рӯзнома бештар ақидаҳои маорифпарварӣ, махсусан аҳамияти мактабҳои усули нав чоп мешуд.
Моҳи марти соли 1917 дар Хуҷанд бо роҳбарии Е. А. Иванитский “Иттифоқи коргарони рус” ба вуҷуд омад ва он коргарони русу русзабони шаҳрро, ки дар истгоҳҳои роҳи оҳани Хуҷанду Драгомирово, заводҳои пахта ва равғани уезд кор мекарданд, муттаҳид кард. Худи ҳамон моҳ коргарону хизматчиёни маҳаллии Хуҷанд ба “Иттифоқи коргарони маҳаллӣ” муттаҳид шуданд. Дар ҳамон вақт “Иттифоқи коргарони тотор” низ ба вуҷуд омад. 29 июли соли 1917 дар Хуҷанд, дар асоси Иттифоқи коргарони русу тотор ва “Шӯрои ҳизби коргарони маҳаллӣ” “Иттифоқи меҳнаткашон” ташкил ёфт.
Моҳҳои май-июли соли 1917 дар Тошкент, Самарқанд, Қӯқанд, Хуҷанд, Андиҷон ва дигар шаҳрҳо “Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон” ба вуҷуд омаданд. Онҳо дар кори муттаҳиду муташаккил кардани мехнаткашони миллатҳои маҳаллӣ ва ба ҳаёти сиёсӣ ҷалб намудани онҳо роли калон бозиданд. Баъди Инқилоби Октябр ин иттифоқҳо бо Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон муттаҳид шуданд.[14]
        Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо. Дар баробари Шӯроҳо ва Иттифоқҳои номбурда, дар шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон, аз рӯи касбҳо Иттифоқҳои ба соҳаи худашон хос: Иттифоқи коргарони бинокори мусулмон, Иттифоқи оҳангарон, Иттифоқи ҳунармандон, Иттифоқи косибон, Иттифоқи коргарон, Иттифоқи савдогарони хурд ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, моҳи июни соли 1917 дар шаҳри Қӯқанд Иттифоқи мехнаткашони мусулмон ба вуҷуд омадааст. Дар шаҳри Хуҷанд низ чунин Иттифоқхо ба монанди: “Иттифоқи фойтунчӣ ва аробакашон”, “Кумитаи роҳиоҳанчиён ва деҳқонони истгоҳ”, дар конҳои САНТО, Шӯроб ва Сулукта “Иттифоқи коргарони саноати истихроҷи маъдан” ва ғайраҳо ташкил ёфтанд. Ин Иттифоқҳо аксаран бо болшевикон ва меншевикон ҳамкорӣ мекарданд ва аз ташкилшавии аввалин ташкилотҳои Иттифоқҳои касаба гувоҳӣ медоданд.
         Дар шароити кишвари Туркистон Шӯрои исломия яке аз ташкилотҳои сернуфуз ба ҳисоб мерафт. Он 9 марти соли 1917 дар шаҳри Тошкент ташкил ёфт. Яке аз ташкилкунандагони он Мунавварқорӣ Абдурашидов буд, ки ӯ дар марҳилаи аввал ба фаъолияти ин ташкилот сарварӣ намудааст. Бо ҳамроҳии вай боз намояндагони зиёиён: Мустафо Чокаев (хатмкунандаи шӯъбаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи Петроград) ва Абдулвоҳидқорӣ; намояндагони буржуазияи миллӣ: Миркомил Мӯъминбоев, Аҳмадхон (Аҳмадбек) Темирбеков ва дигарон аз ҷумлаи ташкилкунандагони Шӯрои исломия буданд. Худи ҳамон моҳ шӯъбаҳои он қариб дар тамоми шаҳрҳои кишвари Туркистон ва ҳатто маҳаллаҳои руснишини аморати Бухоро ташкил шудаанд. Ба Шӯрои исломия намояндагони зиёиёни миллӣ, аз ҷумла ҷадидон, буржуазияи нав ташкилшудаистодаи миллӣ, рӯҳониёни мусулмон, заминдорони калон (феодалон), коргарон, косибон, ҳунармандон ва деҳқонони маҳаллӣ дохил мешуданд.
Шӯрои исломия дар ҳайати Русия аз ҷиҳати миллӣ ва динӣ мухтор будани кишвари Туркистонро мехост, тарафдори нисбат ба замин нигоҳ доштани моликияти хусусӣ буд.
16-23 апрели соли 1917 дар Тошкент анҷумани аввалини Шӯрои исломия барпо гардид. Дар он намояндагони 42 шӯъбаҳои Шӯро иштирок доштанд. Анҷуман қарор кард, ки кишвари Туркистон бояд аз ҷиҳати сиёсию маданӣ, чун кишвари мухтор ва мустақил бошад. Анҷуман Ҳукумати Муваққатии Русияро эътироф намуда, сиёсати онро нисбати кишвари Туркистон маъқул шуморид. Дар анҷуман Шӯрои кишварии мусулмонони Туркистон дар ҳайати М. К. Абдурашидов, М. Чокаев, М Беҳбудӣ ва дигарон интихоб шуд. Аммо дар ҳайати сарварони Шӯрои исломия якдилӣ вуҷуд надошт. Муборизаи гурӯҳҳо барои ба даст даровардани сарварии шӯро мушоҳида мешуд. Махсусан намояндагони рӯҳониён аз фаъолияти он чандон қаноатманд набуданд. Зеро, онҳо мехостанд, ки шӯро танҳо дар асоси талабҳои Қуръони Шариф ва шариат амал кунад. Инчунин тамоми фаъолияти шӯроро дар зери назорати худ гирифтанӣ буданд, то ин ки шӯро бояд аз рӯи нақшаи онҳо амал кунад. Аммо аксарияти аъзоёни Шӯрои исломия Қуръони Шариф ва шариатро муқаддас ҳисоб кунанд ҳам, вале кори Шӯроро мувофиқи талаботи замон пеш бурданӣ буданд. Дар натиҷа намояндагони рӯҳониён аз амалӣ гардидани мақсадҳои худ ноумед шуда, моҳи июни ҳамон сол аз ҳайати Шӯрои исломия баромаданд ва ташкилоти мустакили худро бо номи Шӯрои уламо бунёд карданд.
Ба Шӯрои уламо намояндагони рӯҳониён, заминдорони калон, қисман зиёиён, умуман онҳое, ки мақоми динро дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баланд бардоштанӣ ва асосҳои шариатро пурра ҷорӣ кардани буданд, дохил гардиданд. 17-20 сентябри соли 1917 онҳо низ дар шаҳри Тошкент ба анҷумани худ ҷамъ омаданд. Дар он қарор карда шуд, ки шӯъбаҳои шӯроро дар ҳама шаҳрҳои кишвари Туркистон бунёд намоянд.
Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо оиди тақдири минбаъдаи кишвари Туркистон асосан ҳамфикр буданд. Яъне иттифоқан онҳо мухторияти маданию сиёсии кишварро тарафдорӣ мекарданд.
Ҷадидони кишвари Туркистон баробари ташкил ёфтани Шӯрои исломия фаъолияти худро ба он пайваст намуданд. Баъзе аз сарварони онҳо, аз он ҷумла М. Беҳбудӣ, дар анҷумани нахустини ин Шӯро иштирок намуда, ба ҳайати Шӯрои кишварии мусулмонони Туркистон интихоб гардидаанд.
        Фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ. Ғалабаи инқилоби февралӣ дар аввал ба фаъолияти ҳизбҳои худи Русия таккони ҷиддӣ дод. Махсусан он ҳизбҳое, ки тарафдори сарнагун кардани мутлақият буданд, ба мисли болшевикон, меншевикон, эсерон, сотсиалистони халқӣ ва трудовикҳо, аз натиҷаи инқилоб асосан қаноатманд буданд. Акнун онҳо фаъолияти худро ба шароити нав мутобиқ менамуданд. Аз ҷумла болшевикон дар шароити худи Русия аз фаъолияти пинҳонкорӣ баромада, бо сарварии асосгузори ҳизби худ В. И. Ленин, барои ба тарзи осоишта, ба инқилоби сотсиалистӣ табдил додани инқилоби буржуазию демократӣ, тайёрӣ медиданд. Ин мақсад дар тезисҳои апрелии (соли 1917) В. И. Ленин ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ пешниҳод гардид. Дар асоси он болшевикон бояд тамоми чораҳоро барои ҳарчӣ тезтар ба ихтиёри Шӯроҳои намояндагии коргарон ва аскарон гузаштани ҳокимият медиданд.
 Маҳз ҳамин гуна вазифа болшевиконро минбаъд аз ҳамкорӣ бо меншевикон боз ҳам ҷудо кард. Зеро, чуноне дар боло қайд кардем, меншевикон якҷоя бо эсерон дар Шӯроҳои марказии Русия аксариятро ташкил карда, ба фоидаи буржуазия, аз гирифтани ҳокимият даст кашиданд. Акнун чӣ болшевикон ва чӣ меншевикон аз фаъолияти пинҳонкорӣ ба амалиёти рӯйрост гузашта, дар доираи ташкилоти ягонаи сотсиал-демократӣ буданд. Аммо дар шаҳрҳои марказии Русия ҳар кадоми онҳо бо роҳҳои гуногун кор мебурданд. Дар шароити кишвари Туркистон ҳам дар арафа ва рӯзҳои инқилоби февралӣ болшевикон ва меншевикон дар доираи ташкилотҳои ягонаи сотсиал-демократӣ, албатта пинҳонӣ, амал мекарданд. Назар ба марказ ҷудоии байни болшевикон ва меншевикон дар ин ҷо бо зуддӣ ба амал наомад. Ба ғайр аз ин чӣ болшевикон ва чӣ меншивикони кишвар чандон мақсади ҷудогона амал карданро ҳам надоштаанд. Махсусан меншевикони кишвар, ки нисбат ба болшевикон сершумор буданд, мақсади ягона нигоҳ доштани ташкилоти сотсиал-демократиро доштаанд.
21-27 июни соли 1917 дар шаҳри Тошкент анҷумани II кишварии ҳизби сотсиал-демократӣ барпо гардид, ки он, бо ибораи Бобоҷон Ғафуров, «ба кори байни мусулмонон махсус диққат дод».[15] Дар он ба болшевикон аз 31 намоянда танҳо 11 нафарашон ва аз 22 ташкилот 12 тоаш тааллуқ дошту, боқимонда ба меншевикон. Дар анҷуман масъала “Дар бораи ягонагии ҳизбӣ” ба тарзи васеъ муҳокима гардид. Ин далолати он аст, ки болшевикони Туркистон ҳанӯз дастури “Ба муттаҳидчигӣ хотима гузоред!”–и марказро нагирифтаанд. Зеро, мувофиқи он болшевикон бояд аз ҳар гуна муросо бо меншевикон, худдорӣ мекарданд. Дар ин анҷуман ақалан ягон нафар болшевик масъалаи ҷудоӣ аз меншевиконро бо миён нагузошт. Баръакс, мувофиқи қарори анҷуман муттаҳидии тамоми қувваҳо ва равияҳо зарур шуморида мешуд. Инчунин таъкид карда мешуд, ки ҷудоӣ, фраксиябозӣ боиси ҳалокати ҳаракати сотсиал-демократии Русия мегардад. Бо андешаи онҳо, гуногунии ақида, агарчанде аҳамиятнок бошад ҳам, он набояд сабабгори ҷудоии ташкилот гардад.
Анҷумани номбурда инчунин масъалаи муносибат бо ҳизби эсерҳоро муҳокима намуда, даъват намуд, ки бо онҳо танҳо дар ҳолати хеле зарур, яъне ҳангоми эҳсоси вазъияти хеле мутташаниҷ, аз ҷумла таҳдиди хавфи қувваҳои аксулинқилобӣ ва зиддидемократӣ якҷоя мубориза баранд. Ҳар гуна созиши пешазинтихоботӣ бо ҳизбҳои буржуазии марказӣ рад карда мешуд. Бо таклифи меншевикон, анҷуман дар шароити мураккаб зарурияти иттифоқро танҳо бо ҳизбҳои буржуазию демократии мусулмони (миллӣ) маъқул шуморид.
Аввали моҳи июли соли 1917 дар Петроград Ҳукумати Муваққатӣ намоиши коргаронро тирборон кард ва бо ин давраи дуҳокомиятӣ дар Русия ба охир расид. Баъд аз ин ҷудоии байни болшевикон ва меншевикон чӣ дар марказ ва чӣ дар канор, аз он ҷумла дар кишвари Туркистон, боз ҳам чуқуртар шуд. Як қисми меншевикҳо мавқеи ростро ишғол карда, бо ҳизбҳои буржуазӣ наздик шуданд ва муқобили болшевикон буданд. Қисми дигари меншевикон, мавқеи чапро ишғол намуда (онҳоро меншевикони интернасионалист ҳам мегӯянд), бо болшевикон нисбатан наздик шуданд.
Умуман, бо андешаи Бобоҷон Ғафуров, агар дар давраи инқилоби солҳои 1905-1907 –и Русия « дар байни миллатҳои маҳаллӣ танҳо ягон-ягон кас вобаста кори ревалютсионӣ мебурда бошад, ҳоло садҳо тоҷик, узбекон, қазоқон, туркманҳо, қирғизҳо ва намояндагони дигар халқҳои Осиёи Миёна ба сари партияи болшевикӣ дохил мешуданд. Дар зери роҳбарии партияи болшевикӣ иттифоқи пролетариати рус бо меҳнаткашони миллатҳои мазлум ташкил меёфт»[16] Ин гуфтаҳои алома Бобоҷон Ғафуров махсусан барои шаҳри Тошканд- пайгоми генерал –губернатории Туркистон хос аст.
Ҳизби эсерҳо бошад дар кишвари Туркистон, баъди сотсиал-демократҳо, аз ҳизбҳои бонуфузтарини марказӣ ба ҳисоб мерафт.
  Он солҳои 1907-1910 ба парокандагӣ дучор шуда, баъди инқилоби февралии соли 1917 фаъолияти худро, аз ҷумла дар кишвари Туркистон, аз сари нав оғоз намуд ва то июл-августи он сол бо меншевикон якҷоя амал кард. Дар шароити кишвари Туркистон эсерҳо дар Шӯроҳо аксариятро ташкил медоданд. Моҳи майи соли 1917 дар шаҳри Тошкент анҷумани эсерҳои кишвар шуда гузашт.
Эсерҳо ба қанотҳои чап ва рост тақсим шуда буданд. Дар бисёр шаҳрҳои кишвар: Самарқанд, Қӯқанд, Бухорои Нав, Хуҷанд ва ғайра нуфузи эсерони чап бештар назаррас буд. Онҳо сиёсати нисбат ба деҳқонон номаълуми Ҳукумати Муваққатиро ба зери танқид мегирифтанд, созишкории ин ҳукуматро бо заминдорон ва буржуазияи калон сарзаниш мекарданд. Чунин мавқеъ эсерони чапро бо сотсиал-демократҳо наздик менамуд. Эсерҳои рост бошанд, баръакс сиёсати Ҳукумати Муваққатии буржуазиро аз ҳар ҷиҳат тарафдорӣ мекарданд.
Аз ҳизбҳои сернуфузи буржуазию помешикии марказӣ-ҳизби кадетҳо ба ҳисоб мерафт, ки он дар шаҳрҳои гуногуни Осиёи Миёна аз солҳои 1905-1907 амал мекард. Ин ҳизб дар кишвари Туркистон гузаронидани ягон хел тағйироти ҷиддиро намехост. Зеро, кадетҳо тарафдори бетағйир нигоҳ доштани сарҳади ҳамонвақтаи империяи Русия буданд. Дар маҳалҳо, аз ҷумла ташкилоти қӯқандии ин ҳизб, танҳо баъзе гузаштҳои маданӣ, аз ҷумла оиди истифодаи озодонаи забонҳоро пешниҳод мекард. Ин гуна мавқеи кадетҳо дар байни зиёиён ва намояндагони буржуазияи миллӣ, ки тарафдори мухторияти кишвар буданд, ҳамовозӣ пайдо накард.
        Аз тахт маҳрум гардидани подшоҳ Николаи II аз ҳама бештар амири Бухоро-Олимхонро ба ташвиш андохт. Зеро, подшоҳи Русия барои ҳукумати амирии Бухоро пушту паноҳи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб ҳам амир Олимхон бо шунидани хабари барҳам хӯрдани мутлақияти Русия, бо ибораи С. Айнӣ, -“якбора сарриштаи кори худро гум карда, поро аз сар намешинохт ва метарсид, ки фирқаи аҳрор ва асокири Русия мабодо табдили асоси ҳукумати Бухороро хоҳон шаванд, амир ва атбоашро мисли Николай ва арконаш аз беху бунёд барҳам зананд”.[17] Бинобар ин ҳукумати амирӣ тамоми чораҳоро дид, ки дар сарзамини аморат ба хуруҷҳои халқӣ роҳ надиҳад. Ӯ дар ин амалиёт бо кормандони агентии сиёсии дар Бухоро доштаи Русия якҷоя амал мекард.
 Мардуми аморати Бухоро танҳо 4 марти соли 1917, бо омадани матбуоти даврӣ, аз ғалабаи инқилоби февралии Русия ва аз тахт рафтани подшоҳ огоҳ гаштанд. Баъди ин ба агенти сиёсӣ, ғайр аз эълон намудани он, ки гӯё подшоҳ “бо ихтиёри худ” фуромадааст,чораи дигар намонда буд. Ӯ дар навбати худ даъват намуд, ки на танҳо дар қаламрави аморат, инчунин дар маҳаллаҳои руснишини он низ оромӣ ва тартибу интизомро риоя намоянд. Вале сарфи назар аз кӯшишҳои ҳукумати амирӣ ва кормандони агентии сиёсӣ дар сарзамини аморат, аз ҷумла дар истгоҳи роҳи оҳани назди дарвозаи Қаршигии шаҳри Бухорои Кӯҳна ва дар Бухорои Нав (Когон) бахшида ба инқилоби февралии Русия ҷамъомаду митингҳо барпо гардиданд. Дар худи моҳи март дар Бухорои Нав, Чорҷӯйи Нав, Каркӣ ва Термиз, Шӯроҳои намояндагии коргарон ба вуҷуд омаданд, ки аксариятро дар сарварии онҳо эсеру меншевикон ташкил менамуданд. Дар ин маҳалҳо инчунин кумитаҳои иҷроияи Ҳукумати Муваққатӣ низ бунёд гардиданд, ки дар аввал аз болои онҳо бояд агенти сиёсӣ назорат мекард.
17 марти соли 1917 агенти сиёсӣ ба резидентсияи Русия дар Бухоро табдил дода шуд. Аслан чунин тағйирот фақат дар ном буду халос. Зеро, дар иҷроиши вазифаи онҳо тағйироте дида намешуд.
  Болоравии ҳаракати ислоҳотхоҳонаи ҷавонбухороиён. Ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралӣ дар Русия ба фаъолияти ҷавонбухороиён низ такони ҷиддӣ дод. Агар бо суханони Бобоҷон Ғафуров гӯем, ин инқилоб ҷадидон ҷавонбухороионро низ “ба ҷунбиш дароварда буд”.[18] Онҳо, ки дар натиҷаи таъқиби ҳукуматдорони аморат ба таври пинҳонӣ амал мекарданд, аз мағлубияти пушту паноҳи амири Бухоро, подшоҳ Николаи II рӯҳбаланд гардида, дар роҳи ислоҳот нисбатан ҷиддитар амал карданд. Ҷамъияти махфиашон, ки дар дохили шаҳри Бухорои Кӯҳна фаъолият дошт, дар гӯшаҳои шаҳр низ шӯъбаҳои худро кушод. Сафи ҷавонбухороиён махсусан аз ҳисоби талабагони мадрасаҳои шаҳр рӯз аз рӯз меафзуд.
Бояд таъкид кард, ки дар натиҷаи таъсири инқилоби февралии Русия, дар талаботи ҷавонбухороиён тағйироте ба вуҷуд омада буд. Онҳо дар шароити нав талаботи ислоҳоти мактабу мадрасаҳо ва усули дарсдиҳиро дуюминдараҷа ҳисобида, дар мадди аввал ислоҳоти ҳукумати амирии Бухороро гузоштанд. Ҷавонбухороиён дар ин роҳ ба кӯмаки Ҳукумати Муваққатии Русия умед доштанд. Бо ҳамин мақсад, ҷавонбухороиён ба номи он ҳукумат телеграммаҳо фиристода, дар онҳо, аввал ҳукумати навро табрик гуфта, сониян ёрмандии онро дар ислоҳи тартиботи амирии Бухоро хостаанд. Вале на ҳамаи намондагони Ҳукумати Муваққатии Русия тарафдори ислоҳи тартиботи амирии Бухоро буданд. Аз ҷумла вазири адлияи ҳамонвақтаи он ҳукумат А.Ф.Керенский (ходими ҳизби трудовикҳо ва баъд эсерӣ, аз 8 июл то 26 октябри он сол сарвари Ҳукумати Муваққатӣ), дар мавқеи ба Русия ҳамроҳ намудани аморати Бухоро будааст.[19]
Ба гуфтаи Бобоҷон Ғафуров ҷадидон – ҷавонбухороиён «ҳаргиз нияти сарнагун кардани амирро надоштанд. Онҳо кӯшиш мекарданд, к ибо ёрии Ҳукумати Мӯваққатӣ дар системаи ҳукматдорӣ баъзе ислоҳоти ночиз дароварда дар корҳои давлат худашон ҳам иштирок намоянд.[20]
Бо ибораи Бобоҷон Ғафуров, дар аморати Бухоро, ки дар ин мулк «қисми зиёди халқи тоҷик «сукунат дошт», дар натиҷаи инқилоби февралии (соли 1917) Русия «ягон дигаргуние ба амал наомад. Аммо дар маҳаллҳои руснишини махсусан дар Бухорои нав (Когон) вазъият якбора тезутунд шуд. Бобоҷон Ғафуровбарои тасдиқи чунин андешаи худ, ба маводи бойгонӣ муроҷиат мекунанд. Аз он равшан мегардад, ки ҳанӯз 8 марти соли 1917, вақте хабари суқути подшоҳ ба ин ҷойҳо раисд, коргарони истгоҳи роҳи оҳан «митинги калон оростанд, ки дар он шаш ҳазор одам иштирок кард. Дар ин митинг болщевик П.Г.Полторатский нутқи оташин эрод намуд. Пас аз ин дере нагузашта меҳнаткашони маҳаллӣ яроқу аслиҳаи политсайҳоро кашида гиифтанд ва маҳбусони сиёсиро озод карданд. Дар телеграммаи бадвоҳимаи гузаштаи сиёси Русия дар Бухоро Миллер, ки ба Тошканд, ба генерал –губернатор Курспаткин фиристода буд, гуфта мешуд: «Коргарони саршумори рус, ки дар заводҳои пахтаву равғани Бухоро ба таъсиси муассисае шурӯъ карданд, ки аз гуфтаи онҳо бояд ҷои муассисаҳои политсия ва эҳтимолан, ҷои дигар муассисаҳои давлатии моро гиранд»[21]
Агенти сиёсӣ, ҳамчун сарвари Агентии сиёсии Русия дар Бухоро, дар асоси шартномаи дӯстӣ» -и байни Русия ва Бухоро, мувофиқи укази подшоҳ Александри III, моҳи январи соли 1886 ташкил карда шуд. Агенти сиёсиро ба ин вазифа Вазорати корҳои хориҷии Русия таъин мекард ва то соли 1910 идораи агентӣ дар ихтиёри ин вазорат буд. Аз соли 1910 агенти ба генерал – губернатории Туркистон ва ба воситаи он ба Вазорати ҳарбии Русия итоат мекард.[22]
Амри Бухоро бо маслиҳати агенти сиёсӣ фаъолият мекард. Бинобар ин он амалкунандаи сиёсати иқтисодию тиҷоратӣ ва сиёсии ҳукумати подшоҳӣ дар шароити аморат ба ҳисоб мерафт. Аз ҳамин сабаб агенти сиёсӣ маслиҳатчии асосии амир буд. Чуноне устод Садриддин Айнӣ таъкид намудааст, дар аморати Бухоро, на танҳо амалдорони калон ба монанди қушбегӣ ва қозикалон, балки ҳатто ҳокимон ва қозиҳои бекигариҳои бонуфуз ҳам бо тавсия, ё худ розигии агенти сиёсӣ таъин карда мешуд.[23]
Пӯшида нест, ки амири охирини Бухоро- Олимхон (1911-1921) бо розигии ҳукумати подшоҳӣ соҳиби тахт гардида аст. Ӯ ҳанӯз дар замони ҳукуматдории падараш –амир Абдулаҳадхон, ба идораи императории Николайи II, фиристода шуда буд ва солҳои 1891- 1896 дар корпуси кодетии Николаев, дар зери назорати полковник Дёмин, ҳамчун ҳидоятгари содиқи манфиати метрополия тарбия гирифта буд.[24] Дар натиҷа Олимхон, ба ибораи Садриддин Айнӣ, дар Петербург, « хамчун ғуломи ҳалқабаргӯши калонизаторон тарбия гирифт».[25]
Дар натиҷаи ҳамаи ин дигаргуниҳо, ҳукумати амирии Бухоро ба иҷрокунандаи тамоми мақсад ва хоҳиши ҳукумати подшоҳии Русия табдил ёфта буд. Бинобар ин, бе сабаб яке аз генерал –губернаторҳои Туркистон, аз ҷумла амири Бухороро беҳтарин сарвари уездии худ ҳисобидааст.[26] Ҳукумати подшоҳӣ дар амалӣ намудани ягон мақсаду марому худ дар ҳудуди аморат ягон хел душвориро эҳсос намекард. Ҳукумати подшоҳии Русия оиди ин гуна мақсадҳо ба воситаи агенти сиёсӣ ба худи амир як ишора мекард, амир бошад, онро аз таҳти дил, аз номи худ иҷро мекард.[27]
Ҳамин тавр, умеди ҷавонбухороиён аз “кӯмаки” Ҳукумати Муваққатӣ барбод нарафт. Рӯзе ба кормандони резидентсия ва худи амир хабари тарафдори ислоҳоти тартиботи амирӣ будани ҳукумати нави Русия расидааст. Мувофиқи он ризоият ташаббуси гузаронидани ислоҳот ба ӯҳдаи худи “ҷаноби олӣ”- амир Олимхон гузошта мешуд.
Дар натиҷа ҳукумати амирии Бухоро дар вазъияти ниҳоят мушкиле монда буд. Зеро, аз як тараф дар дохили мамлакат ҷавонбухороиён, ҳамчун қувваи ягонаи оппозитсионӣ аз амир ислоҳот талаб мекарданд, аз тарафи дигар Ҳукумати Муваққатии Русия ҳам ин гуна ислоҳотро хоҳиш намудааст. Кормандони резидентсия бошанд, ки ҳамон лаҳза маслиҳатчии асосии амир ва ҳукумати ӯ буданд, низ тарафдори ислоҳот буданд. Бинобар ҳамин ҳам барои амир Олимхон ва ҳукумати вай ғайр аз розигӣ барои гузаронидани ислоҳот роҳи дигаре набуд. Аз ҷумла қӯшбегӣ Насрулло низ аз хусуси зарурияти ислоҳот сухан гуфтааст.
Вале муқобилони ислоҳот аз вазъияте, ки баъди инқилоби февралии Русия дар Бухоро ба вуҷуд омада буд, хулосаи дуруст набаровардаанд. Аз ҷумла Бурҳониддин қозикалон ва Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ, ки баъд аз қӯшбегӣ аввалин ашхоси ҳукумати амирӣ ба ҳисоб мерафтанд, ба ҳар кор ҷуз “намехоҳам” ҷавобе надоштанд. Муқобилони ислоҳот амалиёти худро пинҳон нигоҳ надошта, нисбат ба тарафдорони ислоҳот-ҷавонбухороиён, ҳар гуна бӯҳтонҳоро бофта бароварданд. Онҳо динро ҳамчун аслиҳа, ба муқобили ҷавонбухороиён ба таври васеъ истифода бурданд. Чунин аҳвол вазъияти ҳукумати амириро боз ҳам вазнинтар гардонид. Бинобар ин амир ва қӯшбегӣ маҷбур шуданд, ки дар роҳи ислоҳот ҳар гуна амалиёти худро аз душманони ислоҳот пинҳон доранд.
  Эълон кардани лоиҳаи ислоҳоти амирӣ. Амир ва қӯшбегӣ вазъиятро ба назар гирифта, бо мақсади наҷот додани салтанати худ, ба ислоҳоти ночизе розӣ шуда, Бобоҷон Ғафуров ҳам таъкид мекунад, ки “амири бухоро барои ором кардани халқ ва мустаҳкам кардани пояи давлати худ” майли ислоҳот кард.[28] Дар ин роҳ бо якҷоягии кормандони резидентсияи Русия лоиҳа ва дигар дастурҳои заруриро ҳозир намуданд. Ҳангоми ҳозир намудани он лоиҳа қушбегӣ Насрулло бо яке аз сарварони ҷавонбухороиён Мирзо Муҳиддин Мансуров, резидент Миллер, бо дигар сарварони ҷавонбухороиён Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Абдулвоҳид Бурҳонов (Мунзим) ва дигарон сӯҳбат карда, фикри онҳоро низ оиди ислоҳот шунидаанд.[29]
Дере нагузашта симои Ҳукумати Муваққатии Русия ба мансабдорони аморати Бухоро пурра маълум гардид. Акнун амир ва ҳукумати ӯ дар симои ҳукумати нави Русия ба худ пушту паноҳи тозаро пайдо карда буданд. Амир 10 марти соли 1917 ба номи вазири корҳои хориҷии Ҳукумати Муваққатӣ Милюков телеграммаи табрикӣ фиристода, дар он ҳукумати нави Русияро ҳамчун “ҳукумати демократӣ, ки озодии пурра ва тараққиёти ҳамаи миллат ва халқҳоро таъмин” мекарда бошад, ҳисобидааст. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, қӯшбегӣ Насрулло бо мақсади ба тарафи ҳукумати амирии Бухоро кашидани таваҷҷӯҳи кормандони ҳукумати нави Русия хароҷоти зиёд кардааст.[30]
Вале, фақат як вазъияти дигар амир ва қӯшбегиро каме ором намегузошт. Ин ҳам бошад аллакай ба доираи васеъ паҳн гардидани масъалаи ислоҳоти Бухоро буд. Махсусан ҷавонбухороиён бесаброна дар интизори ислоҳот буданд. Аз ин рӯ амир нахост, ки худро дар назди аҳли ҷамъият, пеш аз ҳама матбуоти давр, чун ҳокими мустабид ба қалам дихад.
Аммо амир ва ҳукумати ӯ ба қувваҳои зиддиислоҳотии Бухоро чандон баҳои дуруст надода буданд. Онҳо, дар аввал бо мақсади осудагии амалиёташон муқобилони ислоҳотро аз ҳокимияти марказӣ дур карданд. Аз ҷумла 25 марти соли 1917 Бурҳониддинро аз вазифаи қозикалонӣ озод намуда, ба ҷояш қозии Ғиҷдувон, тарафдори ислоҳот, яке аз маърифатпарварони номии аввали асри XX-и Бухоро Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро таъин карданд. Рӯзи дигар, муқобили дигари ислоҳот, раиси Бухоро-Абдуллохоҷаро низ аз мансаб озод намуда ба ҷояш қозии Чорҷӯй, маърифатпарвари номи-Абдусамадхоҷаро, 27 март, қозии Вабкент-Орифхоҷаро, ки низ тарафдори ислоҳот буд, муфтиаскар таъин намуданд. Муфтиаскари собиқ Изамиддинхоҷаи Мусаннифро ба Ғиҷдувон, раиси собиқ Абдуллохоҷаро ба Чорҷӯй барои адои вазифаи қозигӣ фиристонданд. Дигар ашаддитарин душмани ислоҳот Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷиро бо баҳонаи хизмате ба Қаршӣ гуселониданд. Пас аз чунин тағйиротҳо ҳукумати амир худро барои эълон намудани фармони ислоҳот гӯё аз ҳар ҷиҳат озод ҳис мекард. Ҳол он ки муқобилони ислоҳот низ дер боз дар мактабу мадрасаҳо ва гузарҳои аҳолинишини шаҳр ташвиқот бурда, як ҳиссаи мардумро ба тарафи худ кашида буданд.
Лоиҳаи ислоҳот, ки аз тарафи ҳукумати амир, бо иштироки кормандони резидентсия ҳозир карда шуд, баъди дар вазорати корҳои хориҷии Ҳукумати Муваққатии Русия муҳокима гардидан, 4 апрели соли 1917 аз тарафи худи ҳукумати нави Русия тасдиқ гардид. 7 апрел ин лоиҳа дар меҳмонхонаи “Раҳимхонӣ”-и Арк, дар ҳузури даъватшудагон ва меҳмонон эълон карда шуд.
Мувофиқи лоиҳаи ислоҳот амир бояд: дарбори худро дигар мекард; барои ҳамаи амалдорон аз хазина моҳона таъин мекард (то ки мардумро худсарона тороҷ накунанд); закот, хироҷ ва дигар андозҳоро ба тартиб медаровард; ба худсарию бедодгарии амалдорон хотима мегузошт; аз ҳисоби мардуми доно ва соҳиби дониши Бухоро дар назди ҳукумат як маҷлиси машваратӣ таъин мекард, харҷу дахли хазинаи ҳукуматиро ба ҳисоб мегирифт; барои маърифатнокии мардум дар Бухоро як матбаа мекушод ва ғайраҳо.
8 апрели соли 1917, пагоҳӣ барвақт, амир Олимхон ба номи сардори Ҳукумати Муваққатии Русия княз Лвов ва вазири корҳои хориҷии он Милюков, аз хусуси эълони фармони ислоҳот телеграмма фиристода, дар он қайд кардааст, ки гӯё “қарори ӯ барои аз рӯи шариат гузаронидани ислоҳот қатъӣ мебошад”.
 Ҳарчанд лоиҳаи ислоҳоти эълонкардаи амир ба назар хело ночиз менамояд, вале агар он дар Бухорои ҳамонвақта амалӣ мегардид, аз аҳамият холӣ набуд. Аммо он лоиҳаи ислоҳоти ночиз ҳам дар қоғаз монд.
        Намоиши шукронаи ҷавонбухороиён ва пароканда намудани он.Авҷи иртиҷо дар Бухоро. Эълони фармони ислоҳот тарафдорон ва ҳам муқобилонашро ба ҳаракат даровард. С.Айнӣ, чун шоҳиди он ҳодисаҳо, вазъиятро чунин шарҳ медихад: “Ҷавонбухороиён баъд аз намози чумъаи ҳамон рӯз фармони мазкурро дастовези худ карда, ба ҳар тарафи шаҳр “дар лаби ҳавзи Девонбегӣ, майдони мадрасаи Кӯкалтош, майдони Заргарон ва дар дигар ҷойҳо анҷуманҳои ошкор барпо намуда, онро қироат ва шарҳ медоданд. Вале мақсади асосии ҷавонбухороиён, ҳамчун ҷавоб ба фармони ислоҳоти амир, ташкил намудани намоиши шукрона ба ҳисоб мерафт. Зеро, аз вақти сухан дар бораи ислоҳот ба миён гузоштан, масъалаи намоиш низ дар байни ҷавонон мавқеи муҳимро ишғол карда буд.[31] Агар бо суханони Бобоҷон Ғафуров гӯем ҷадидан ҷавонбухороиён «… ба номоиш баромада, изҳори миннатдории тамаллуқкоронаи худро ба амир ифода карданд»[32]
  Вале ҷавонбухороиён ба намоиш тайёрӣ дида, қувваҳои иртиҷоии аморат, яъне мавқеи муқобилони ислоҳотро ба эътибор нагирифтанд. Ҳол он ки муқобилони ислоҳот ҳам аз ҳамон лаҳзаи эълони фармони ислоҳот, аз сари нав ба ҷунбиш даромаданд. Намояндагони онҳо ҳанӯз ҳангоми хондани фармони ислоҳот эътироз баён кардаанд. Инак, баробари ба муқобилони ислоҳот расидани хабари тараддуди намоиши ҷавонбухороиён, онҳо ҳам барои ба майдон баромадан тайёрӣ медиданд.
8 апрел, соати 8-и пагоҳӣ, намоиши ҷавонбухороиён оғоз ёфт. Онҳо бо шиорҳои: “Зинда бод амир Олимхон!”, “Зинда бод ислоҳот!”, “Зинда бод амири озодихоҳ!”, “Зинда бод амири ҳурриятпарвар амир Олимхон! ”, “Зинда бод озодӣ, контитутсия, озодии матбуот ва истиқлоли мактаб!” ба майдон баромада буданд. Шумораи намоишчиён, ки дар оғоз тақрибан ҳазор нафар буд, оҳиста-оҳиста аз ҳисоби шаҳриён меафзуд ва то ба 5-7 ҳазор нафар расидааст. Дар намоиш тоҷикҳо, яҳудиҳо, эрониҳо, ӯзбекҳо, тоторҳо ва дигар мардуми шаҳр иштирок карданд.
Оғози намоиш ва бо муқобилони ислоҳот бархӯрдани онҳо чунин сурат гирифта буд. Вақте ки ҷавонбухороиён аз Чорсӯи Бухоро ба роҳ баромада то Хиёбон расиданд, аз тарафи дигар муқобилони ислоҳот низ ба қуввати тамом бархеста, ба Регистони Бухоро, яъне майдони назди Арк расиданд. Аксулҳаракатчиён аксарият аз ҷумлаи диндорони иртиҷопараст буданд. Онҳо аз гумроҳии мардуми Бухоро истифода бурда, чуноне С.Айнӣ ба хотир меоварад, ба миёни худ фӯта баста, муроҷиаткунон мегуфтаанд: “Во шариато!, Во дино!, Во қурбоно! Эй мусулмонҳо! Дин аз даст рафт, шариат тамом шуд, акнун рӯи занҳоятонро мекушоянд, ба номуси духтаронатон таҷовӯз мекунанд, фарзандонатонро дар мактаби кофирӣ мехононанд”.[33] Дар натиҷаи чунин ташвиқотҳо, як ҳиссаи дигари мардуми дар ғафлатбудаи шаҳр, ба тарафи аксулҳаракат гузаштанд. Бо ҳамин роҳ муқобилони ислоҳот тавонистанд, ки шумораи тарафдорони худро то ба 7-8 ҳазор нафар расонанд.
Баъд аз сар шудани аксулҳаракат, амир ва қӯшбегӣ аз ин воқеа мурданивор ба воҳима афтода, муносибати худро нисбат ба ислоҳотхоҳон бо тезӣ тағйир доданд ва тарафдори гурӯҳи мухолифон шудаанд. Дар натиҷаи ин намоиши шукронаи ҷавонбухороиён пароканда карда шуд. Иштирокчиёни он ба ҳар тараф гурехтанд. Як қисмашон барои халосии ҷони худ ҳатто ба тарафи аксулҳаракат гузаштанд. Бинобар ин ҳамон лаҳза дар Бухоро “ҳар кас, -ба хотир меоварад С.Айнӣ,- барои ҳифзи ҷони худ дигареро “Ин ҷадид аст” гуфта, таҳқир мекард ва сабаби дастгирии он бечора мегардид”.[34]
Ба ин воқеа Бобоҷон Ғафуров ҳам аҳамият дода, таъкид мекунад, ки «азбаски ҳукуматдорони амиро, ҳатто, ҷадидони хушомадгӯйро ҳам «револютсионерон» - и хатарноктарин ҳисоб мекарданд, баъди намоиш онҳоро ба таъқибкунӣ даромаданд. Махсусан, мардуми меҳнаткаш ва ходимони ҳақиқатан тараққипарвари аморати Бухоро ба таъқиботи сахт дучор гардиданд».[35]
Аксулҳаракатчиён на танҳо ҷавонбухороиёнро таъқиб мекарданд, балки баъзе шахсони бонуфузи ҳукумат, ки ислоҳотхоҳ буданд, низ таҳдид кардаанд. Аз ҷумла, онҳо қозикалон Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро ҳангоми аз хонааш ба Арк омадан, дар майдони Регистон, дар он ҷое, ки чашми амир меафтод, таҳқир ва зада аз асп афтонда, беҳуш намуданд. Раис Абдусамадхоҷаро бошад дар назди худи қӯшбегӣ зада маъюб карданд.
Рӯзҳои 8 ва 9 апрел аз тарафи ҳукумати амирӣ қариб 150 нафар иштирокчиёни намоиш ва махсусан ҷавонбухороиён, аз он ҷумла С.Айнӣ (агарчанде ӯ муқобили намоиш буду дар он иштирок надошт, вале дастгир шуда 75 чуб ҷазо дид) ҳабс гардиданд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров вазъи Бухороро баъди пароканда намудани намоиши шукронаи ҷадидон –ҷавонбухороиён ба таври зерин тавсир намудааст: «Дар ин рӯзҳо ҳамаи зиндонҳо аз бандиён пур буданд. Ҷаллодони амири Бухоро дар кӯчаҳо, ҳатто, одамонеро ҳам медоштанд, кис ару либосашон назар ба ақидаи онҳо «ба рӯҳи мусулмонӣ» муносиб набудааст. Гурӯҳ –гурӯҳ одамони бегуноҳ ҳар рӯз ба марги пуразоб гирифтор мешуданд. Садҳо одамонро ба андак шубҳа чӯб зада ҷазо медоданд. Бо фармони амир С. Айниро дастгир карда 75 чӯб мезанананд ва ба зиндон мепартоянд. Ӯро салдатҳои револютсионии рус, ки аз Бухоро гузашта ба хонаҳояшонмерафтанд, аз марг халос мекунанд. Ҳукумати Муваққатӣ барои маҳдуд кардани қатлу куштори ваҳшиёнаи амири Бухоро чорае намедид. Резидентии Россия, ҳам, ки намояндагии дипломатии Ҳукумати Муваққатӣ дар назди амир ҳисоб меёфт, нисбат ба бедодгарии чаллоди хунхор- амир Олимхон бепарво буд.
Иртиҷоч дар Бухоро муваққатан тантана кард»[36]
Қисми зиёди ҷавонбухороиён, аз ҷумла, сарварони онҳо ба Бухорои Нав (Когон) паноҳӣ ёфтанд. Вале маълум мешавад, ки ҳамаи ин фоҷиа барои сарварони ҷавонбухороиён ҳанӯз ҳам дарси ибрат нагардидааст. Онҳо барои оштӣ бо амир розӣ шуда, 12 нафар намояндагони худро (асосан ҳама аъзоёни Кумитаи марказиашон бо сарварии раиси он Муҳиддин Мансуров) 14 апрел барои гуфтушунид ба хузури амир фиристоданд.
Кормандони резидентсия дар ин чорабинӣ роли миёнаравро бозиданд. Вақте ки намояндагони ҷавонбухороиён ба Арк даромаданд, ба ҳабс гирифта шуданд. Онҳо, танҳо бо таҳдиди сахти Шӯрои намояндагии коргарони Бухорои Нав ва аскарони инқилобии дар он ҷо буда, аз қатл раҳоӣ ёфтаанд.
15 апрел дар Бухорои Нав бо ташаббуси Шӯрои намояндагии коргарони шаҳр маҷлиси серодаме барпо гардид. Дар он амалиётҳои кормандони резидентсияи Русияро дар рӯзҳои фоҷеаи Бухоро муҳокима намуда, қарор кардаанд, ки сарвари он Миллер ва ҷонишинаш Шулга ба ҳабс гирифта шаванд.
Дар аморати Бухоро иртиҷо тантана мекард. Оҳиста-оҳиста тамоми мансабҳо боз ба ихтиёри муқобилони ислоҳот гузашт. Аз ҷумла 15 апрели ҳамон сол қӯшбегӣ Насрулло маъзул гардид, ва ба ҷои ӯ душмани ашаддии ислоҳот ва ҷавонбухороиён Мирзо Низомиддинхоҷаи урганҷӣ нишаст. Мирзо Насруллоро бо тамоми аҳли оилааш ба Кармина (мувофиқи дигар маълумот ба Қаршӣ) бадарға ва ҳабс намуда, дар рӯзҳои “таҷовузи Колесов”         (марти соли 1918) ҳамаашонро бо ҳукми амир қатл намудаанд. 31 июли соли 1917 Шарифҷон Махдуми Садри Зиёро низ (ҳарчанд ӯ аз рӯзи латхӯриаш - 8-апрел, аллакай дар мансаб набуд ва бемори бистарӣ буд) бо ҳукми амир аз вазифаи қозикалонӣ озод карда, ба ҷои ӯ Бурҳониддин такроран соҳиби ин мансаб гардид.
 Воқеаҳои апрелии (соли 1917) Бухоро ба баъзе ҷавонбухороиён таъсири ҷиддӣ расонид. Бо ҳамин воқеа амир Олимхон обрӯ ва эътибори худро дар байни зиёиёни пешқадами Бухоро, ки қисмашон ба ӯ ҳанӯз боварӣ доштанд, аз даст дод. Ин гурӯҳи зиёиён- ҷавонбухороиён дигар ба ислоҳ ёфтани ҳукумати амирӣ боварӣ надоштанд. Аз ҷумла, ҳанӯз дар моҳи апрели ҳамон сол Фатҳуллохоҷа ном шахс, дар маҷлиси гурӯҳи ҷавонбухороиёни дар Бухорои Нав буда, масъалаи “ҳатман тайёр намудани шӯриши яроқноки бухороиён”-ро гузоштааст. Ин гурӯҳ дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ баъзан “ҷавонбухороиёни ашаддӣ” ном бурда мешавад.
 Дар аморати Бухоро гурӯҳи иртиҷопарастон ғалабаи худро тантана мекарданд. Таъқиби на танҳо чавонбухороиён, балки хайрхоҳони онҳо низ давом дошт. Иртиҷопарастони аморат ҳатто аз мавқеъ ва амалиёти худи амир Олимхон оиди масъалаи ислоҳот розӣ набуданд. Аз ҳамин сабаб ҳанӯз аввали моҳи майи ҳамон сол иртиҷопарастон масъалаи аз мансаби амирӣ озод намудани Олимхон ва ба ҷои ӯ таъин кардани амакаш – беки Ғузар - иртиҷопарасти ашаддӣ - Акрамхонро гузоштанд. Вале онҳо аз иқтидори ҳукумати Русия дар тарс буданд. Бинобар ин нияти иваз намудани амирро амалӣ карда натавонистанд. Зеро, сиёсати амир Олимхонро чӣ амалдорони болоии Ҳукумати Муваққатии Русия ва чӣ маҳаллии он, аз ҷумла кормандони резидентсияю сарварони кишвари Туркистон дастгирӣ мекарданд.
Ҳамин тавр, ҷавонбухороиён дар натиҷаи таъсири ғалабаи инқилоби буржуазию демократии февралии соли 1917-и Русия, дар роҳи ислоҳот фаъол гардида, дар Бухоро аз ҳукумати амирӣ ба тарзи ҷиддитар гузаронидани ислоҳотро талаб карданд. Онҳо дар ин роҳ ба кӯмаки Ҳукумати Муваққатии Русия боварии комил доштанд. Вале дар дохилӣ аморат қувваҳои иртиҷоӣ, ки муқобили ҳар гуна ислоҳот ва тағйирот буданд, ҳанӯз нуфузи зиёд доштанд. Ин қувваҳо аз ғафлати аксари мардум ва нуфузи дин ба фоидаи худ истифода бурда, ба ислоҳотхоҳон – ҷавонбухороиён зарбаи қатъӣ заданд. Муқобилони тартиботи амирӣ маҷбур шуданд, ки барои ҳифзи ҷони худ боз ба пинҳонкорӣ гузаранд, ё худ ба сарзамини кишвари Туркистон ҳиҷрат намоянд.
Ҳамин тавр аллома Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ- «Тоҷикон» барои халқи тоҷик аҳамиятнок будани инқилоби буржуазӣ –демократии февралии (соли 1917) Русияро таъкид кардааст. Зеро, ин инқилоб ҳукумати подшоҳиро, ки ба пушту паноҳи амири Бухоро табдил ёфта буд. Сарнагун намуд. Дар Осиёи Миёна подшоҳи русро чун мағлубнашаванда. Ба қалам медоданд. Инқилоб чунин андешаро барбод дод. Аммо ихтиёри Ҳукумати Муваққатии буржуазӣ гузашт, ки он дар сиёсати мустамликавӣ ягон хел тағйиротро ба амал наовард. Ин вазифаро Инқилоби Кабири сотсиалистии Октябрии (соли 1917) Русия амалӣ намуд.

[1] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. – Душанбе. 2020.- с. 795
[2] Ниг.: Ҳамон ҷо.
[3] Ниг: Ҳотамов Н.Б. Таърихи халқи тоҷик (аз солҳои 60-уми асри  XIX то соли 1927).-  Душанбе, 2007, -с. 141-142.
[4] Ниг.: Ҳотамов Н., Давлатхоҷа Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик.  Нашри дуюм. Бо илова ва тавзеҳот. – Душанбе, 2018. – С.275.
[5] Ниг:  Ғафуров Б. Тоҷикон. – с 795
[6] Ниг.: Ҳамон ҷо. –С. 275-276.
[7] Хайдаров Г. Х. Очерк истории социалистического строительства в Северном Таджикистане (1917-1937 гг.). Душанбе, 1974. –с. 45-46.
[8] Ниг.: История таджикского народа. Т.V. новейшая история (1917-1941гг.). Под ред. Академика Рахима Масова. –Душанбе, 2004. –С. 87.
[9] Хайдаров Г. Х. Борьба за установление и упрочнение Советской власти в Северном Таджикистане (1917-1923 гг.). Душанбе, 1966.-с. 40.
[10] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон.- с.795
[11] Ниг: Ҳамон ҷо
[12] Ниг.: Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик. –С. 146
[13] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон. –с. 798
[14] Ниг.: Ҳотамов Н. Таърихи халқи тоҷик. –С.
[15] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон.- с. 800
[16] Ниг: Ҳамон ҷо.
[17] Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 10. –с.151.
[18] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон.- с. 802.
[19] Ниг.: Бойгинии марказии давлатии Ӯзбекистон Ф.З. Рӯйхати 2. Ҳуҷҷати 513. – Варақаи 1.
[20] Ниг: Ғафуров Бобоҷон Тоҷикон. –с . 802.
[21] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон.-  с.801.
[22] Ниг: Хотамов Н.Б. Свержение эмреного рениме в Бухоре. Втор. Изд., -Душанбе, 2018. –с. 25.
[23] Ниг: Айнӣ С. Куллиёт. Ҷилди 10.- с 130
[24] Ниг: Хотамов Н.Б. Свержение эмреного рениме в Бухоре. -с.26.
[25] Ниг: Айнӣ С. Кордонии ҳокимони давраи кӯҳна ва интихобот // Куллиёт. Ҷилди 9. –с. 240
[26] Ниг: Логафет Д.Н. Строна бесправия. –спб, 1909.-  с. 5.
[27] Ниг: Хотамов Н.Б. Свержение эмреного рениме в Бухоре. с. 26.
[28] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон. -  с. 802.
[29] Ниг: Ҳотамов Н.Б. таърихи халқи тоҷик.-  с. 157.
[30] Ниг: Ҳамон ҷо.
[31] Айнӣ С. Куллиёт, чилди 10.-с.159. Боз аз они ӯ: Таърихи инқилоби Бухоро.-С.154-158.
[32] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон. – с. 802
[33] Айнӣ С. Куллиёт, ч.10.-с.162.
[34] Ҳамон ҷо
[35] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон.-  с.802.
[36] Ниг: Ғафуров Б. Тоҷикон. – с.802.