ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР» ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 6 марти соли 2024 дар толори АМИТ бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии бошукӯҳ баргузор гадид, ки дар он олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ д.и.т. Қобилова Б., н.и.т. Ҳасанова М., н.и.т. Юсуфбекова З., н.и.т. Шовалиева М., мудири Осорхонаи мардумшиносӣ Ашурмадова Т. ва ходими илмии Институт Исматзода Шоиста иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ ходими пешбари шуъбаи этнология ва антропологияи таърихии Институт Юсуфбекова З. барои дастовардҳои илмӣ дар самти таҳқиқи мардумшиносии тоҷик бо «Ифтихорнома»-и АМИТ қадрдонӣ карда шуд. Инчунин кормандони Институт н.и.т. Шовалиева М. ва н.и.т. Юсуфбекова З. барои татбиқи сиёсати созандагию хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, саҳми арзанда дар тарбияи камолоти маънавии наврасону ҷавонон бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исматзода Шоиста бо «Сипоснома»-и Ҳизби Халқи-Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.