МОДАР - САРЧАШМАИ ҲАЁТ
Модар будан эҳсоси наҷибест, ки қариб бар ҳар як зан ошност. Модар сухани аввали ҳар тифл аст.
Олимон дар ҷаҳон тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадаанд, ки калимаи “модар” -ро худи фарзандон ихтироъ кардаанд. Калимаи «модар» тақрибан дар ҳама забонҳо якгуна ё хеле монанд садо медиҳад. Масалан русҳо (мама), испаниҳо (madre), олмониҳо (mutter), форсизабонон (модар) ва ғайра қариб якхел ин калимаро талаффуз мекунанд, танҳо бо каме фарқият.
Гуфтем, ки кӯдакон худашон калимаи модарро аввалин бор сохтаанд. Оре! Аввалин ҳиҷое, ки бештари тифлон бори нахуст талаффуз мекунанд, ҳиҷои “ма”, “мам” ё “мама” мебошад. Ин аст, ки қариб дар тамоми забонҳои ҷаҳон ин ҳиҷо дар калимаи “модар” истифода мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишқу самимияти хешро нисбат ба модар чунин иброз доштаанд: “Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад”.
Ҳарчанд ҳар лаҳзаи ҳаёт мо мадюни меҳру садоқати беназири модар ҳастем, ин рӯзро қариб дар тамоми дунё ба хотири арҷ гузоштан ба номи воло, меҳру муҳаббати бепоён ва беғарази модар қайд мекунанд, то ки фарзандон рисолати хешро назди модар дарк кунанд, зеро дар меҳвари ин номи бузургу ҳуҷаста ҷаҳон мечархад ва пойбарҷост!
Нависандаи машҳури рус Николай Некрасов дар васфи модар гуфтааст:
“Мо хоҳар, зан ва падари худро дӯст медорем, аммо дар вақти азобу ранҷ танҳо модари худро ба ёд меорем.”
Ё худ Максим Горкий овардааст, ки “Ҳар он чизе, ки дар инсон зебост - аз нурҳои офтоб ва шири модар аст, ки ишқи моро ба зиндагӣ зиёд мекунад”.
Дар 20 кишвари дунё, ғайр аз 8 март, махсус Рӯзи модарро дар якшанбеи дуввуми моҳи май ҷашн мегиранд. Дар байни ин кишварҳо ИМА, Канадо, Белҷик, Олмон, Маҷористон, Ҷопон, Бразил, Туркиё, Финланд дохил мешаванд. Масалан, Рӯзи модар дар Австралиё якшанбеи дуввуми соли 2024 ба 12 май рост меояд.
Аслан таърихи ҷашни Рӯзи модар аз баҳори соли 1901 оғоз меёбад, вақте, ки занҳои хонанишини амрикоӣ бо сатилу дегу кафгирҳо барои ҳимояти ҳуқуқи хеш ва талаби баробарҳуқуқии занону мардон ба кӯчаҳо мебароянд. Пас аз нуҳ сол - соли 1910 зани олмонитабори коммунист ва реформатор Клара Тсеткин баромад намуда, пешниҳод мекунад, ки Рӯзи байналмиллалии занон қабул карда шавад. Мақсади асосии пешниҳоди мазкур барқарор намудани баробарҳуқуқии коргарзанҳо буд. Соли 1914 занҳои якчанд мамлакат дар як рӯз, 8 март, барои баробарҳуқуқии занону мардон муттаҳид шуданд.
Соли 1914 Иди занон дар ИМА мақоми махсусро касб кард ва соли 1977 Созмони Милали Мутаҳид Рӯзи байналмилалии занонро расман ба қайд гирифт.
Бо Қарори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 дар Тоҷикистони озоду ободи мо 8 март Рӯзи Модар эълон гаштааст ва ҳар сол дар арафаи ин ҷашни меҳру муҳаббат, ҳусну тароват, иффату садоқат Сарвари муаззами кишвар бо занону бонувони мамлакат вохӯрда, нақши эшонро дар рушду пешрафти ҷомеъа, тарбияти насли нав, чун намоди покиву иффат, боризу муҳим арзёбӣ ва қадрдонӣ мекунанд.
Дар ҳама давру замон зан нақши муассире дар нумӯи ҷамъият доштааст ва то кунун ин вазифаи худро бо сарфарозӣ идома медиҳад. Хизмати зан дар ташаккул ва бунёди ҳар навъ ҷамъияти мутамаддин густурда аст ва ин нақш сутуданист. Аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Танҳо дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ ҳудуди 15 санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани ҳуқуқ ва манзалати зан дар ҷомеа ба тасвиб расонида шуд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, ҳамчунин “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати боло бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳиме иҷро карданд.
Гуфтан воҷиб аст, ки дар Паёми созанда ва пурмӯҳтавои имсолаи худ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори қанонатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки; “Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд”.
Дуюм нуқтае, ки Пешвои миллат дар мавриди занон зикр карданд, фаъолияти ин қишри ҷомеа дар сохторҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ буд.
“Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад”, - иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат нақши занонро дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва давлатӣ муҳим шумурда, дар Паёми хеш вобаста ба саҳми занон дар ҳаёти кишвар чунин баён намуданд: “Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем”.
Воқеан, имрӯз зани тоҷик дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигаҳдории фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва рисолати ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодааст. Ва таҷрибаи беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалинамоии онҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Рӯзи Модарро ба ҳамаи модарони ҷаҳон табрик мекунам!
Қодирова Малика
Шуъбаи бостоншиносии Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи
А.Дониши АМИТ