Нуруллозода Ҳангомаи Мирзошариф
доктор PhD Иниститути таърих
бостоншиноси ва мардумшиносии ба
 номи Ахмади Дониш
 
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИИ АКДЕМИК МУЛЛО ЭРКАЕВ ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ МИЛЛӢ
Одатан дар бораи бузургмардони миллат ва он шахсиятҳое, ки дар инкишофи илму фарҳанги кишвар саҳми шоиста доранд, навиштан хеле мушкил аст. Мабодо ягон паҳлӯи ибратомӯзи кору рӯзгори ин гуна инсонҳо аз назар дур бимонад. Гумон мекунам, ки барои намояндагони на танҳо илми таърих ва таърихнигорӣ, балки аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ дар хусуси фаъолияти таърихнигори намоёни тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор Мулло Эркаев нияти чизе навиштан албатта пайдо мешавад. Шояд сабаб он бошад, ки баъзе шахсиятҳо дар тӯли солҳои зиёд барои рушду нумӯи ҷомеа корҳое анҷом додаанд, ки ба иҷрои онҳо қудрат ва тавоноии ҳар кас намерасад.
Дар таърихи ҳар як миллат симоҳое ҳастанд, ки гардиши илмии давру замонро тағйир медиҳанд. Профессор Мулло Эркаев яке аз чунин симоҳое мебошанд, ки дар таърихнигории ватанӣ саҳми босазое гузоштааст. Ҳамаи эҷодиёти Ӯ маҳз бозгӯяндаи зиндаи ҳолу аҳволи Ӯ ба ҳисоб меравад. Устод дар соҳаи худ шахсияте буданд, ки бемислу монанд ба ҳисоб мераванд. Профессор Мулло Эркаев муҳаққиқест, ки барои вай чорчӯбаи хурди илмӣ вуҷуд надошт. Тадқиқотҳои ӯ доманадор буда, бисёр шохаҳои дарахти бузурги илмро ташкил додаанд. Вай ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба майдони васеи илм қадам ниҳодан то имрӯз, чор гӯшаи ин майдонро рустамона тай карда, аз ҳар гӯшаи он як хӯшаи дилхоҳ насибаш мегардид. Ӯ пеш аз ҳама кошифи асрори таърихи пеш аз инқилобии халқи тоҷик, манбаъшиноси варзида ва писандида буд. Тамоми асарҳои ӯ дар асоси омӯхтани манбаъҳои дар китобхонаҳо ва бойгониҳои шаҳрҳои Москваю Ленинград, Тошканду Душанбе навишта шудааст[10,123].
 Аксари маълумотҳои овардааш, бори аввал рӯи коғази чопро дида, бисёр саҳифаҳои торики таърихи рӯзгори халқи тоҷикро равшан кардаанд. Дар навиштаҳои вай чизҳои рӯяккӣ, тахминӣ, такрорӣ ва амсоли инҳо ҷой надоштанд. Китобҳо, мақолаҳои навиштааш, ба доираи васеи хонанда ва шунаванда маълум ва писанд буд.
Аз ҷониби мутахассисон ва муҳаққиқони намоён эътироф шудаанд. Оре, «мушк он аст, ки худ бӯяд, на он ки аттор гӯяд». Инро низ бояд гуфт, ки аксари таълифоти Профессор Мулло Эркаев китобҳои рӯимизии кошифон ва дӯстдорони таърих гардидаанд[1,25].
Агар мо тамоми таҳлилҳои Устодро назар андозем, бешубҳа гуфта метавонем, ки Ӯ яке аз аввалин таҳқиқгарои масоили таърихӣ дар соли 1924 ба ҳисоб меравад. Ба монанди Устод ягон муҳаққиқи тоҷик масъалаи ҷанги шаҳрвандии соли 1924- ро возеҳу мукаммал ҳаллу фасл накардааст. Оид ба ҳаёт ва фаъолияти Ӯ мухаққиқони ватанӣ якқатор мақолаву асарҳои илмӣ эҷод намудаанд. Муҳаққиқони ватанӣ ба монанди Пирумшоев Ҳайдаршо, Ҳамза Камол, Абдулҳаев Ракиб ва дигарон фикру мулоҳизаҳои пурқимати худро оиди асарҳои Ӯ баён намуданд.
 Аз гуфтаи тамоми муҳаққиқони бар меояд, ки Мулло Эркаев ҳамчун як шахсияти бузург дар рушд ва инкишофи илми таърих саҳми босазое гузоштаанд. Устод Мулло Эркаев бо асарҳои эҷоднамудааш чун шахсияти баркамоли илми точик чойгоҳи хосаеро ишғол намудааст . Ҳамзамон Устод Мулло Эркаев соҳиб мактаб буда, даҳҳо ҳазор шогирдонро тарбия намудаст. Аз мактаби илмии Устод шогирдони зиёде баҳравар гардиданд, ки бе восита 50 нафар доктори илмҳо, 60 нафар номзади илмҳо мебошанд. Мулло Эркаев дар рушду пешрафт ва шукуфоии илми тоҷик бахусус таърихнигории ватанӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳамза Камол оид ба муҳаққиқи бузург будани Мулло Эркаев чунин нигоштааст: бо таълифи рисолаи «Таърихи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон «масоили ҷанги шаҳрвандии солхои 1921-24-и Точикистони Шуравиро, ки дар мақолаҳо, гузоришҳо ва рисолаҳои илмии қаблан ба нашр расонидааш инъикоси хешро ёфта буданд, ҷамбаст намуда, асари бунёдиеро ба доираҳои илми таърихнигории Шуравӣ пешниҳод кард. Арзиши илми ин рисола пеш аз ҳама дар он хулоса мешавад, ки муҳақиқ ҳангоми иншои он аз асноди бойгониҳои Москав, Тошканд ва Душанбе ба вижа маводи Турккомисия, Туркбиюро ва Бюрои Осиёи миёнагии КМ ВКП (б), асноди Партияи коммунистии Бухоро, Кумитаи марказии иҷроия ва Шурои нозирони халқии Ҷумҳурии халқии сотсиалистии Бухоро, ки ба масоили барқароркунии Ҳукумати Шуро ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иртибот доштанд ва аксарашон бори нахуст ба доираҳои илмӣ матрах мегардиданд, инчунин рисола ва мақолаҳои дар ин мавзуъ ба табъ расидаи дигар муҳаққиқон дар маҷмуаҳои илмӣ, маҷаллаву рузномаҳои солҳои 20-ум то шастуми асри гузашта [6,32;], хеле муваффақона истифода намудааст. Иловатан чуноне, ки худи муҳаққиқ зикр мекунад дар барасии масоили ҷангии шаҳрвандии Тоҷикистони Шӯравӣ асноди ширкаткунандагони бевоситаи инқилоб ва ҷанги шаҳрвандӣ ва хотироти он чун сарчашмаи мухими таърихӣ барои нигориши ин рисолаи Мулло Эркаев баҳои баланд дода менависад ки: « Кори бунёдии профессор Мулло Эркаев дар ҳоли ҳозир ягона асари маҷмуи пиромуни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳсули корҳои чандинсолаи муаллиф роҷеъ ба омӯзиш ва ҷамбасти адабиёти илмӣ ва асноди бойгониҳои марказӣ ва маҳаллӣ маҳсуб мешавад».[2,6].     
Бояд гуфт, ки хотироти ширкаткунандагони инқилоб ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо ибтикори М.Эркаев, А.Макашов, Ю.Николаев, Я.Шарипов бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ҳануз солҳои 1958ва 1961ба нашр расида буданд.[4,8].
Бо вуҷуди он ки дар рисолаи профессор Мулло Эркаев фазои сиёсати он замон дар баёни баъзе масоили марбут ба ҷанги шаҳрвандии солҳои бистуми Тоҷикистони Шуравӣ эхсос мешавад ва ин амри мусаллам аст, аммо муҳаққиқ сабабҳои бурузги ҷанги шаҳрвандӣ, хусусияти ҳаракати босмачиён ва ашколи он, марҳалаҳои чанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва омилҳои ба дарозо кашидани он дар Бухорои Шарқиро, ки дар адабиёти илмии Шуравӣ ба таври ҷудогона ва пароканда нашр шуда, маҷмуи ва бунёди таҳқиқ нагардида буданд , мушикофона баррасӣ мекунад.     
Рақиб Абдулҳаев оид ба асари эҷоднамудаи Мулло Эркаев «Барпо ва мустахкам намудани хокимияти советӣ дар Тоҷикистон» оид ба шахсияти Устод ақидаҳои худро баён намудаанд. Ӯ қайд мекунад ки профессор Мулло Эркаев маҳз дар ин асар бо далелҳои раднашаванда марҳилаи дар байни меҳнаткашони маҳаллӣ ба вуҷуд омадани заминаиинқилобӣ, ғалаба ва барпо шудани Ҳокимияти Советиро дар Тоҷикистони Шимолӣ ва Помир бо хусусиятҳои ба худ хосашон нишон медиҳад. Баъд аз барпо шудани Хокимияти Советӣ душманони дохилӣ бо нишондод ва ёрии империализми хориҷӣ бо мақсади аз нав ба даст овардани хукмрони ҳаракат ва ошубҳои зиддиинқилобӣ ташкил намуданд. Дар ин асар инчунин хонанда метавонад бо муборизаи меҳнаткашони Помир баҳри мустахкам кардани Хокимияти Советӣ муфассал шинос шавад[3,98].
Дар асар инчунин масъалаи ақибмонии иқтисодию сиёсӣ ва мадании асрмиёнагии аморати Бухоро, роли роҳбарӣ ва ташкилотчигии партия дар бобати сафарбар кардани омма барои барҳам додани он хело хуб нишон дода шудааст. Дар асар хонанда метавонад, бо далерию каҳрамонии намояндагони миллатҳои гуногуни совети, ки дар солхои пурошуби мубориза барои барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар сарзамини тоҷикон бо якчоягии меҳнаткашони маҳаллӣ нишон додаанд, тшинос шавад. Муаллиф фаъолияти ҳаматарафаи арбобони барҷастаи партия ва сарлашкарони қисмҳои Армияи Сурх М.В.Фурунзе, В.В.Куйбишев, Г.К.Орчонкидзе, В.И.Шории, Е.Н.Швецов, Я.А.Мелкумов, Н.Д.Томиян ва дигаронро дар кори барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ хеле хуб нишон медиҳад. Дар асар номҳои каҳрамонон ва муборизони далер Ҳайдар Усмонов, Муқим Султонов, Карахон Сардор, Бобохон Ҳамдамов, Бобо Содиқов, Юлдош Соҳибназаров ва бисёр дигарон гирд оварда шудаанд. Асари профессор М.Эркаев асари шавқоваре буда, барои хонандагони тоҷик доир ба таърихи барпо ва мустаҳкам шудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон материалҳои диққатангезе медиҳад[9,123].
Муродалиев Г қайд менамояд Мулло Эркаев дар қатори дигар хатмкунандагон ба монанди Б.Искандаров, Н.Почоҷонов, М.Турсунзода, Б.Ниёзмуҳаммадов ва дигарон дар як вақт муаллими якчанд мактаб ва курсҳо шуда кор мекард.Дар инкишофи маориф ва маданияти Ҷумҳурӣ Ӯ на танҳо ҳамчун яке аз муаллимони аввалин, балки ҳамчун яке аз ташвикотчиёни авалини тоҷик ҳиссаи босазое дорад. Дар солҳои колективонии хоҷагии қишлоқ бо лексияҳои пурмазмун баромад мекард. Муҳаққиқон эҷодиёти Ӯро таҳлил намуда, хулосаҳои пурқимати илмӣ пешниход намудаанд. Яке аз хизматҳои бузургтарини профессор Мулло Эркаев дар илм таҳқиқи ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1918-1924, маорифи Тоҷикистон дар солҳои 1918 -1924, таҳқиқи масоили барпо гардидани Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ, Каротегин ба ҳисоб меравад агар чанд аз ин тадқиқотҳо зиёда аз 98 сол паси сар шуда бошад ҳам, то ҳол ин тадқиқотҳо моҳияти илмии худро гум накардаанд. Соли 1929 Мулло Эркаев бо роххати дорулмуаллимин ба хонаи умедаш шаҳри Сталинобод баргашт. Оғози кори омузгории Ӯ ба даврае рост омад, ки баъди талабу дархостҳои фарзандони асили тоҷик, баъди кумаки хайрхоҳонаи муаррихони муътабару донишманди рус, ки тавонистанд диққати сарварони хизбию доираҳои олии ҳукумати марказии умумииттифокиро ба масъалаи барои тоҷикон тақдирсози таърихӣ, ки соли 1924 ҳалли худро наёфта буд, аз нав ҷалб намоянд, ки Мулло Эркаев аз аҳамияти бағоят муҳиму рузмарраи ин масъала ба хуби огаҳ буд[5,78].
Бо амри таъриху тақдир акнун баъди чандин карнҳо дар яке аз гушаҳои давлати бузурги Сомониён, барои эҳёи нави давлатдории тоҷикон заминаи муътамаде пайдо шуд. Пас аз маҷлису машваратҳои расмии ҳизбиву давлати ва қарорҳои асоснок-16 октябри соли 1929 аз тамоми васоити ахбори ҳамонвакта таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон хабар паҳн шуд. Ҳамин тариқ Тоҷикистон ҷумҳурии ҳафтум дар ҳайати давлати муқтадири ИҶШС гардид. Дар он рузҳо ҳар як тоҷик ифтихор дошт[7,9].
Пирумшо Ҳайдаршо оид бузургии шахсияти Устод чунин гуфтаанд. Мулло Эркаев шахсияте буданд ки дар илми таърих як катор дастовардҳои бузургеро доранд. Профессор Мулло Эркаев дар таҳлилҳои худ оид ба ҳар як масъалаи мубрами таьрихи ақидаронӣ намуданд.  
Бе муболиға бояд иброз дошт, ки дар инкишофи илми таърихнигории тоҷик профессор Мулло Эркаев саҳми назаррасе дорад. Устод дар натиҷаи омӯхтани асарҳои муҳаққиқони рус, муносибатҳои сиёсиву иқтисодии Русияи подшоҳӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва масъалаҳои мухталифи таъриху таърихнигории халқи тоҷик ва дигар манотиқи Осиёи Миёна чун олими дақиқсанҷу пухтакор як қатор асарҳои мукаммал ва мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст[8,90].
Доираи фаъолияти Профессор Мулло Эркаев серпаҳлӯ ва доманадор буда, имконияти таҳлили он дар як мақола аз имкон берун аст. Дар ин ҷо мо таслим гирифтем, ки чун «муште аз хирвор» фақат баъзе талошҳои устодро дар соҳаи таърихнигорӣ ба хонанда пешкаш намоем.
 
Адабиёт:
  1. Абдулҳаев Рақиб. Ёди муборизон. Маориф ва маданият. –Душанбе-1966
  2. Иркаев М., Николаев Ю.В боях за советский Таджикистан.-Сталинобод-1957. 
  3. Кабутов Д., Пирумшоев Ҳ. Сабақи устод.Душанбе-1966.-15с.
  4. Мирбобоев Ғ. Таҳқиқоти муҳим. Тоҷикистони советӣ-1996.
  5. Пирумшоев Ҳайдаршо. Ҷовидон дар ёдҳо.-Душанбе-2000.-165с.
  6. Ҳайдаров Х, Раҳимов У. Тадқиқоти муҳими илмӣ оид ба таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон. – Душанбе- 1998.-234с.
  7.  Шарипов Я.,Солмонов Ш. Асари пурқимат оид ба таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон. Сталинобод-1989.
  8. Энсклопедияи Советии Тоҷик. Ҷ.8. Душанбе-1988. -200с.   
  9. Эргашев Х. Мулло Эркаев- доктори фанҳои таърих. Сталинобод- 1964.
  10. Эркаев М. Барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти советӣ. Сталинобод- 1956.- 100с.