Бахшида ба ҳафтаи илм
 
Ба маърӯзаҳои илмии олимони ҷавон баҳои баланд доданд
ва ё гузориш аз рафти конференсияи илмии «Навгониҳои илм ва муаррихони ҷавон»
 
9 апрели соли 2024 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Конференсияи илмии олимони ҷавони Институт таҳти унвони «Навгониҳои илм ва муаррихони ҷавон» доир гардид. Дар он мудирони шуъбаҳо ва дигар олимону кормандони Институт, инчунин докторантони PhD иштирок намуданд.
Конференсияро ҷонишини директори Институт оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ доктори илмҳои таърих Иброҳимов М.Ф. ифтитоҳ намуда, тибқи барномаи конференсия суханро ба баромадкунандагон дод.
Дар конференсия кормандони ҷавони Институт – номзади илмҳои таърих Фирӯз Шоинбеков дар мавзуи «Ҳунари сангтарошӣ дар Карон”, Маснав Наврӯзбеков дар мавзуи “Тоҷикон дар системаи таснифоти нажодӣ”, Эраҷ Меликиён дар мавзуи “Занон ва хушнависӣ”, Сиёвуш Амиршоев дар  мавзуи “Саҳми хонадони Саидаҷали Бухороӣ дар рушди давлатдории империяи Юан (асрҳои XIII-XIV)”, Умеда Раҷабова доир ба мавзуи “Ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”, Ҳангома Нуруллозода оид ба “Фаъолияти илмии академик Мулло Эркаев дар таърихнигории миллӣ”, Муҳаммадҷон Юсуфов оид ба “Долони Зарафшон - Қароқум дар феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО - таҷрибаи нигоҳдории мероси фарҳангӣ” ва Саидшои Сангалӣ доир ба “Ёдгориҳои асримиёнагии ноҳияи Данғара” маърӯза намуданд.
Дар охир, олимони Институт, ки дар  ин конференсия ширкат доштанд, ба музокира баромада, ба маърӯзаҳои илмии олимони ҷавон баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки мавзуъҳои ироашуда нав буда, дар онҳо навгониҳои илмӣ ба мушоҳида мерасид.
5.jpg7.jpg3.jpg
 
Шуҳрат Мирзоев