РӮНАМОИ ОХИРИН КИТОБИ АКАДЕМИК МУҲАММАД ОСИМӢ
25-уми апрели соли ҷорӣ дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш рӯнамои охирин китоби академик Муҳаммад Осимӣ “Хусрави мулки сухан” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ олимони шинохта Қосимшо Искандаров, Ҳабибулло Раҷабов, Ҳасан Султон, Аскаралӣ Раҷабов, Равшан Раҳмонӣ, ҳамчунин Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Гулҷаҳон Бобосодиқова ва Саидхоҷа Ализода оид ба вижагиҳои китоби “Хусрави мулки сухан” ва фаъолияти илмиву ҷамъиятии академик Муҳамммад Осимӣ суханронӣ карданд.
“Хусрави мулки сухан” таҳқиқоти илмӣ-назарии донишманди барҷаста, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, узви вобастаи академияи илмҳои ИҶШС, собиқ Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1965-1988) доир ба рӯзгор ва осори суханвари номдори адабиёти классикии форсу тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Ин асари гаронарзиш, ки охирин навиштаи академик Муҳаммад Осимӣ буда, қабл аз қатли ваҳшиёнааш дар соли 1996 анҷом ёфтааст, диди нави таҳқиқӣ ба шахсият ва мероси бузурги Амир Хусрави Деҳлавист.
Китоби “Хусрави мулки сухан”-ро фарзанди академик Муҳаммад Осимӣ Гавҳар Осимӣ ба чоп омода кардааст ва муҳаррири масъули он профессор Аскаралӣ Раҷабов мебошад.