Шоиста Исматзода - ходими илмии шуъбаи таърихи навтарини
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ
 
САҲМИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
 
Зан ҳамчун офаридгори насли инсонӣ ва равшангари роҳи он дар ҷомеа мақому манзалати махсуси худро дорад. Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ мақому манзалати зани тоҷик дар ҷомеа боз ҳам таҳким ёфт. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» иқдоми ҷиддӣ дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши зани тоҷик дар ҷомеа гашта, бори дигар ифодагари иродаи сиёсии роҳбарияти олии мамлакат ва эътимоду боварӣ ба қудрату садоқати зани тоҷик гашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридагори зан – модар мебошад. Бузургтарин шахсияти таърих арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву парваридаи модар буданд. Ва агар гардишу ҷараёнҳо, бурду бохт, арзишу дастовардҳои таърихи инсоният бо номи фаъолият ва мероси онҳо алоқаманд бошанд, пас дар ин корномаи башарият мақом ва манзалати зан модар аз ҳама волотар аст. Таърихи чандинҳазорсола халқи мо низ занону духтарони шуҷоъ, хирадманд, соҳибзавқу соҳибистеъдодро бисёр ба майдон овардааст».
Имсол халқи тоҷик 79-солагии Ғалаба бар Германияи фашистиро ҷашн мегирад. Дар ин ғалабаи бузург ҳиссаи занони тоҷик хеле калон мебошад. Вақте, ки субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ ба мамлакати мо аҳдшиканона ҳуҷум кард, занону духтарони Тоҷикистон якҷоя бо тамоми халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар як саф истода, ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ дар торумор намудани душман каҳрамониҳо нишон доданд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг ҳазорон занону духтарони Тоҷикистон талаб мекарданд, ки онҳо ихтиёрӣ ба фронт фиристода шаванд. Танҳо дар як шабонарӯз ба комиссариати низомии шаҳри Душанбе 700 ариза омада буд, ки аз онҳо қариб 200 аризаро занон навишта буданд, ки онҳоро ба сафи ихтиёриёни Артиши Сурх ҳамроҳ кунанд. Зиёда аз 12 нафар комсомолдухтарони Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) ба номи комиссариати низомӣ бо чунин мазмун аризаи дастаҷамъона навиштанд: «Душманони тамоми инсонияти меҳнаткаш, фашистони Олмон ба хоки Ватани мо ҳуҷум карда даромаданд. Мо, донишҷӯдухтарони Институти давлатии педагогӣ, хоҳиш мекунем, ки аз ҷумлаи мо дастаи низомии санитарӣ ташкил намоед. Ваъда медиҳем, ки дар муҳорибаҳо баробари мардон ба муқобили душман меҷангем». Дар ин ҷанг зиёда аз 32 ҳазор бонувони тоҷику тоҷикистонӣ ҳамчун снайперчӣ, автоматчӣ, тирандоз, телеграфчӣ, телефончӣ ва шумораи зиёди ҳамшираҳои шафқат ва лётчик ҷангида, шуҷоату каҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Занону духтарони диловари ҷумҳурӣ на танҳо дар муҳорибаҳои шадиди назди Москва, Сталинград, Курск, Ленинград. Одесса, Киев иштирок намуданд, балки барои озод намудани як қатор мамлакатҳои Аврупо низ ҷасурона ҷангиданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занон тамоми ҷанговаронро бо нону об, сару либос, пойафзол, яроқу аслиҳа таъмин мекарданд ва баробари мардҳо ба майдони ҷанг рафта бар зидди фашизм ҷанг мекарданд. Аз ҷумла Одина Ҳакимова, Нина Лобковская, Ойгул Муҳаммадҷонова, А. Исоева,  Софя Муҳаммадовна Ниёзова, Ҳайдарова, Ҷ. Раҳимова, С. Алибоева, Е. Локшина, Н. Умарова, Р. Ёқубова, Р. Фозилова, Ф. Колесникова, И. Қурбонова, ҷанговарон Татяна Каратигина, Саида Сафарова, Аслия Маҳмудова, Ҳоҷал Юсуфҷонова, Маҳбуба Турсунова, Хосият Раҳматова, Мастура Авазова, Назира Умарова ва даҳҳо духтарони дигари Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониҳои бузург нишон додаанд.
Муҳаббат ба Ватани худ, ба халқи худ, донистани вазифа дар назди ҷамъият одамонро ҳамеша ба қаҳрамониҳои бузург ҳидоят менамуд. Ватандӯстӣ дар ҳаёти ҷамъиятии мамлакат ҳамеша мақоми калон мебозад. Инро махсусан дар мисоли мардуми шуравӣ дидан мумкин аст. Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон дод, ки ин ҳиссиёти бузурги ватандӯстӣ барои занони Тоҷикистон низ хос аст.
Яке аз масъалаҳое, ки дар давраи азнавсозии саноат ба тарзи ҳарбӣ дар назди ташкилотҳои ҳизбию ҷамъиятӣ меистод, ин масъалаи таъмини он бо кадрҳо буд. Ҳазорҳо коргарони ҷумҳурӣ моҳҳои аввали ҷанг ба сафҳои Армияи Сурх даъват шуда, ё ихтиёрӣ ба фронт рафта буданд. Ба даъвати ҳизбу давлат занони мамлакат ҳамовоз гаштанд. Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба хизмати занҳо дар тамоми соҳаҳои кишварзӣ, чорводорӣ, механизаторӣ, ронандагӣ, челонгарӣ, саноатӣ, хоҷагии қишлоқ, ва ғайра аз ҷумлаи занон, диққати махсус дода мешуд.
 Ҷасурӣ, мардонагӣ ва диловарии занони шуравӣ, аз ҷумла занони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон ба кори ҷамъиятӣ сафарбар намудани онҳо ёрии амалӣ мерасонад.
Қаҳрамониҳои занони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик махсус қайд гардидаанд.
Имрӯз низ занони Тоҷикистон аз ғамхории пайдарпайи роҳбари давлат, Пешвои миллат Э. Раҳмон рӯҳбаланд гардида, кӯшиш менамоянд, ки софдилона меҳнат кунанд, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, хушбахтии инсоният, ваҳдат ва сулҳи пойдор саҳми худро гузоранд.
Занони боҷасорати тоҷик дар тӯли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат дар паҳлӯи мардон бар зидди душманон далерона мубориза мебаранд. Симои зани тоҷик зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ таҷассум ёфтааст.