Шоиста Исматзода - ходими илмии
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А. Дониши
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
ЗАНОН ДАР СОҲАИ ИЛМ
«Илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар мебошад ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҳар як ҷомеа маҳсуб меёбанд»
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30 майи соли 2024 баргузор гардид. Шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то ба имрӯз пай дар пай аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби духтарону занон ба илм ва таҳсил тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ин дастгириҳои Пешвои миллат аз зан-модар нишонаи садоқат ва вафодорӣ, эътимод ва боварӣ ба кувваю иродаи занони тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамчун сарвари сиёсӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии амиқи худ тавонистанд собит намоянд, ки истифодаи нерӯи занону модарон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва ягонагии кишвар омили самарабахш мебошад. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11 –уми феврал «Рӯзи байналмиллалии занон ва духтарон дар илм» эълон гардида, он ҳамасола бо шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ба хотири болоравии савияи маърифати аҳолии кишвари азизамон аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, ба хусус сарвари олии он, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Президенти кишвар дар ироаи ҳамасолаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъқидан илмро меҳвари асосии рушди Тоҷикистон ва олимонро захираи зеҳнии ҷомеа муаррифӣ менамоянд.
Маълум аст, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар, муайян карда мешавад, аз руйи он арзёби мегардад, ки занон то чӣ андоза ба илму фарҳанг ҷалб шудаанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Тавре мебинем, чун анъана, Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш натиҷаҳои бадастовардаро дар самти сиёсати муносибат ба занону бонувон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, онро қаноатбахш ҳисобиданд. Аммо, таъкид намуданд, ки ҷалби минбаъдаи бонувон ба корҳои давлативу ҷамъиятии кишвар боиси вусъати тоза ёфтани рушду нумӯи минбаъдаи он хоҳад гашт.
Пешвои муаззами миллат инчунин қайд намуданд, ки “олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд”.
Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки “истифодаи самарабахши натиҷаҳои илми бунёдӣ ва амалӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди устувори ҳар як давлат мебошад”.
Ба замми он, Пешвои миллат ҳангоми суханронии худ таъкид намуданд, ки “ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд”. Сол то сол шумораи занону духтарони олим ва ихтироъкор афзуда, дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 993 нафар номзади илм, 131 нафар доктори илм, 84 нафар профессор аз ҳисоби занону духтарон, 608 нафар дотсент, 204 нафар дорои унвони илмӣ ва 1034 нафар ассистент фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиро пеш мебаранд, ки саҳми занону ҷавондухтарон хеле назаррас мебошад. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 нафар академик, 3 нафар узви вобастаи АМИТ, 33 нафар доктори илм, 109 нафар номзади илм, 294 магистр, 104 нафар доктори фалсафа (PHD) аз ҳисоби занону духтарон мебошанд, ки дар таҳқиқ ва пажуҳиши илми муосир саҳми назаррас мегузоранд.
Занони даврони истиқлол бо ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат бо ташкилу баргузории сӯҳбату вохӯриҳои маърифатнокӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии сатҳи гуногун дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи муқаддасоти миллату давлатдорӣ нақши пешоҳангӣ доранд.
Мо занону бонувон гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раҳнамои худ дар зиндагӣ қарор дода, бо азми комил дар ободиву гулгуншукуфоии ватани азизамон сайъ менамоем. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ бо дастовардҳои илмиву ихтироъкории занону ҷавондухтарон мавқеи устуворро касб менамояд, ки дар ин ҷода саҳми Пешвои миллат назаррас буда, иқдомҳои наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндагон сабақи рӯзгор хоҳад буд.