Узви вобастаи АМИТ Ҳайдаршо  Пирумшоев
 
АҲМАДИ ДОНИШ ДАР САРГАҲИ ГУЗАРИШ АЗ ДОНИШҲОИ ТАЪРИХӢ БА ИЛМ
 
Халқи тоҷик нафақат дорои таърихи ифтихорманди тӯлонист, инчунин муаррихонеро ба дунё овардааст, ки дар ҷаҳони афкори таърихӣ ба мақому манзалати хосса соҳиб гаштаанд.
Хизмати чунин муаррихони асримиёнагӣ монанди Ал-Бухорӣ (ваф. 927), Табарӣ (ваф. 923), Наршахӣ (тав. 900), Фирдавсӣ (924-1021), Берунӣ (978-1051), Байҳакӣ (995-1077), Утбӣ (асри X-XI), Гардезӣ (асри XI),  Ҷузҷонӣ (ваф. 1047), Ҷувайнӣ (1225-1283), Низомиддини Шомӣ (асрҳои XIV-XV), Ҳофизи Абрӯ (ваф.1420), Абдурразоқи Самарқандӣ (ваф. 1482), Мирхонд (ваф.1498), Хондамир (1475-1535), Биноӣ (1453-1512), Ҳофизи Таниш (1549-1635), Муншӣ (асри XVII), Мирзо Абдулазими Сомӣ (1837-1909) ва бисёр дигарон дар рушди донишҳои таърихӣ ба касе аз таърихнигорон пӯшида нест. 
Маҳз ба туфайли хизмати онҳо таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, хосатан тоҷикон нафақат дар доираи минтақа, инчунин дар сатҳи умумибашарӣ муаррифӣ шудааст. Вале ба ҳамаи густурдагии ахбори раванди ҳаводиси дар ин ё он замон ба вуқӯъ пайваста нигоҳ накарда, ин муаррихон аз доираи фаҳмиши қадарияи (провиденсиализми - аз ибораи лотинӣ – «провидение» ба маънии рӯҳ, тақдир, қазову қадар, насиба, сарнавишт) ҳодисоти таърихӣ берун  нашуданд.
Бо ибораи дигар, то замони Аҳмади Дониш онҳо аз кӯшиши муайян намудани қонунияти воқеии таърихӣ дурӣ ҷуста, вуқӯъ ва амали ҳаводисотро ба амри тақдир, қазову қадар ё насибу сарнавишт иртибот медоданд, ки ин аз талаби воқеияти замон бармеомад.
Ёдовар шудан аз қонунияти раванди донишҳои таърихӣ то ба дараҷаи дарки илмии онҳо расидан, ки масофаи ниҳоят тӯлониро дар бар гирифтааст. Ин раванд  аз замонҳои қадим ибтидо гирифта, барои Аврупо, аз ҷумла Русия то асри XVIII ва барои халқу мамолики то дараҷаи муносибатҳои сармоядорӣ нарасида, нисбатан дертар идома ёфтааст. Аз ин рӯ то ба сари шарҳи матлаб баргаштан, лозим меояд, ки аз  зинаҳои дигари то ба дараҷаи тафаккури илмӣ расидани ҳаводиси таърихӣ ёдовар шавем.     
Дар Ғарб аз фаҳмиш ё дарки ҳодисоти таърихӣ ҳанӯз дар асри XVI аз доираи қадария баромада, дар асри  XVI ба ҳаводис бо диди нисбатан бошуурона – ратсионализм  (аз лотинӣ – ақл, хирад, идрок, шуур) нигоҳ мекарданд. Дар асри XVII бошад, дарки падидаҳои таърихӣ ба зинаи сеюми ба илм наздиктар, ба доираи фаҳмиши прагматикӣ (аз юнонӣ – кор, фаъолият) баромад. Акнун сабаби рӯйдодҳои таърихиро  чун хизмату фаъолияти ашхоси воҳид маънидод мекарданд. Ин тарзи омӯзиши таърих гарчӣ ҳанӯз илмӣ набошад, ҳам нисбат аз фаҳмиши қадария ба дарки илмӣ наздиктар буд.
Давраи аз донишҳои таърихӣ ба илм гузаштан дар мамолики Ғарб ба асри XVIII рост меояд, ки ин бесабаб набуд. Аввало ба ин худи ҳаракати ислоҳотчигӣ дар Калисои Насронӣ роҳ кушода бошад, ахиран ва аз ҳама муҳим, раванди гузариши ҷомеа ба муносибатҳои сармоядорӣ, ки чун сохтори сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ба мафҳуми «капитализм» маъмул гашта, ба фаҳмишу таҳқиқи воқеан илмии таърих мусоидат намуд. Ҳарчанд дар ин давра таърих низ дар қатори дигар илмҳо ба талабу мақсади ҷомеи сармоядорӣ хизматгузорӣ дошта бошад ҳам, таҳлили илмӣ то андозае ба назар мерасид. Маҳз дар замоне, ки дар маркази диққат роҳҳои ҳарчи бештар ба воситаҳои зиёд шудани сармоя ва афзудани капитал ҷой мегирад ва дар ин замина сиёсати мустамликадорӣ ба мадди аввал мебарояд, таҳлили таърих низ бояд ба воқеияти замон созгор бошад. Яъне ҳисси манфиатҷӯи таҳлили таърихиро аз қазою қадар то андозае дур кард.
Ҳамин воқеияти замон ва зарурати гузаштани донишҳои таърихӣ ба илм буд, ки дар Аврупо дар асри XVIII ба пайдоишу ташаккули равияи барои дарки илмии таърих ниҳоят муҳим – таърихнигорӣ заминаи мусоид тайёр намуд. Акнун, ки донишҳои таърихӣ дар пояи илмӣ қарор ёфта буданд, боз зарурати таҳлили амиқи масоили таърихиро ба миён овард. Ин сабаби пайдоишу ташаккули равияи нави илмӣ - таърихнигорӣ гардид. То ин замон дар Аврупо ашхоси ба касби  таърихдонӣ, таърихшиносӣ, таърихнависӣ машғулбударо  таърихнигор – историограф (аз лотинӣ - «таърихнавис")  ном мебурданд. Яъне дар маҷмӯъ  «таърихнигор» («историограф») маънии муаррихро дошт. Акнун таърих чун илм дар ҷомеа мавқеъ пайдо карда, худ  ба омӯзишу таҳлил ниёз дошт. Бо ибораи дигар зарурати омӯзиши рушди илми таърих ва равияҳои мухталифи методологии он   сабаби пайдоиши равияи илмии нав – таърихи таърих ё таърихнигорӣ гардид. Акнун историография ба ду маъно: а) чун илме, ки инкишофи донишу сипас илмро оид ба таърих ва маъхазҳои таърихӣ меомӯзад; б) чун таҳлили воқеъбинонаи илмию назариявии таҳқиқоти ба ягон давр ё масоили таърихӣ бахшида, фаҳмида мешавад. Аз ин ҷост, ки таърихнигорӣ чун омили муайянкунандаи дастовардҳои илми таърих, дараҷаи ҳалли масоили ҳадафи таҳқиқот қарорёфта, дурнамои рушди таърихшиносии миллӣ ҳисоб меёбад.    
Ташаккули таърихнигорӣ чун равияи ниҳоя муҳими илми таърих усулу услуби нави фаҳмишу таҳлили воқеаҳои таърихиро аз як тараф, пайдо шудани равияҳои ниҳоят мухталифи таҳқиқотро аз тарафи дигар ба роҳ монда, барои дарёфти ҳақиқати таърихӣ заминаи нисбатан мусоид фароҳам овард. Акнун дарки воқеан илмии раванди таърих ва ё амали ҳаводиси таърихӣ хулосаеро қавӣ гардонд, ки пайи ҳам овардани воқеаҳои таърихӣ ва сабти раванди онҳо, бо усули муаррихони асрҳои қадиму миёна, ҳанӯз илм набуда, фақат ба афзудани маълумоту донишҳои оддии таърихӣ мусоидат мекард.
 Ашхоси касби таърихшиносиро ҷиддан пеша карда, бояд дар хотир дошта бошанд, ки таърих дар қатори илмҳои дақиқ, аз қабили риёзиёт, ҳандаса, физика, кимиё (шимиё), заминшиносӣ ва ғайра қарор дорад. Дақиқияти ин илм на ба он мазмун аст, ки ҳаводис дар доираи маълуми замону макон сурат мегиранд. Ин фақат як тарафи воқеият аст. Воқеияти ҳодиса ва аз ҳама муҳим, дарёфти қонунияти падидаҳои таърихист, ки таҳлили бисёрсамтаи дақиқро тақозо дорад. Муҳтавои илмии таърихро низ дар ҳамин нукта бояд дарёфт. Маълум намудани ин ҳақиқат фақат ба олими асил даст дода метавонад.
Дар ин радиф бояд боз аз як шарти муҳими таърихшиносии касбӣ ёдовар шуд, ки  дар раванди таърих ягон ҳодиса ба таври тасодуф сурат нагирифтааст ва нахоҳад гирифт. Вазифаи илми таърих низ дар муаян намудани қонунияту зарурати вуқӯъи онҳост. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки воқеаҳои ба гардиши таърихии ҷомеа марбут буда, бе мудохилаи одамон мегузаранд. Баръакс, онҳо куллан ба фаъолияти одамон, шахсиятҳои ин фаъолиятро ба маҷрои барои худ дилхоҳ бурда метавонанд, вобастаанд. Вазифаи таърих чун илми ҷомеашиносӣ низ дар он аст, ки барои зарурати замону, талаботи ҷомеаро дурусту илмӣ эҳсос намудан, имкон дода, нерӯи бузурги ин илмро барои худшиносии миллию созандагӣ бояд равона созад. Аз воқеияти таърихи гузашта сабақ бардоштану онро ба манфиати ҷомеа пешниҳод намудан, талабу шарти зарурии таърихогаҳии илмист. Аз ин лиҳоз таърих илмест, ки нафақат гузаштаро меомӯзад, инчунин роҳи ояндаро низ метавонад бехато муайян намояд. Воқеаҳои таърихӣ занҷиреро мемонанд, ки ҳалқаҳои он бо ҳам пайвандии ногусастанӣ доранд ва маҳз дарку дарёфти амиқи ҳамин ҳамбастагӣ, шарти асосӣ ва вазифаи илми таърих ҳисоб меёбад.
Чунин фаҳмиши амиқи таърих моро ба хулосае меорад, ки осори муаррихони тоинқилобӣ ба истиснои таълифоти таърихии Аҳмади Дониш ба ҳамаи ҷиддияти маълумоту фарохии фарогирии инъикоси воқеоти таърихӣ нигоҳ накарда, ҳанӯз пояи амиқи таҳлили илмӣ надоштанд, аз ин ҷиҳат қимати онҳо фақат дар пояи маълумоти оддии таърихӣ қарор ёфтааст.
 Гузаштан аз донишҳои таърихӣ ба илм дар таърихнигории тоҷик заминаю сабабҳои мушаххаси худро дорост. Он ба таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Осиёи Миёнаи нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои асри XX  ҳамбастагии қавӣ дорад.
Дар арафаи аз тарафи империяи Русия тасарруф шудани минтақа, халқи тоҷик дар ҳолати парокандагии сиёсию иқтисодӣ буд. Қисми зиёди тоҷикон дар қаламрави аморати Бухоро сукунат дошта, ҳарчанд дар идораи давлатӣ нуфузи зиёдеро соҳиб набуданд, вале мавқеи ҳалкунандаи фарҳангии ин халқи таърихан бумии кишвар бараъло ба назар мерасид. Ҳамин бартарияти фарҳангии тоҷикон дар хонигарии Хӯқанд низ эҳсос мешуд. Ба замми ин тоҷикон чун бошандагони таърихан  муқимии  мулкҳои мустақилу ниммустақили Бухорои Шарқӣ, Помиру Бадахшон ва дигар навоҳии мушкилгузари кӯҳистон, дар ҳолати мушкилоти парокандагии феодалӣ ва истисмори хоноти минтақа зиндагии худро аз рӯи анъаноти тӯлонии таърихӣ пеш мебурданд. Дар ин замина онҳо анъанаҳои дар тӯли асрҳо ташаккулёфтаи таълифоти асарҳои таърихиро нигоҳ медоштанд. Бояд ба чунин нукта бахусус таъкид намуд, ки нафақат аксари муаррихони минтақа аз тоҷикон буданд, инчунин намояндагони дигар халқҳои талоши ин касб карда, асарҳои худро бо забони тоҷикӣ таълиф менамуданд.
То миёнаи асри XIX дар усулу услуби таърихнависӣ, аниқтараш таърихэҷодкунии муаррихон, тағйироти назаррасе эҳсос намешуд. Муаллифон аз доираи дарки анъанавии таърихнависии асримиёнагӣ берун шуда натавонистанд. Албатта ин бесабаб набуд. Ҳанӯз қавӣ будани муносибатҳои истеҳсолии феодалию патриархалӣ, парокандагии сиёсӣ барои худшиносии таърихию фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ - миллӣ имкон намедод. Ин карахтии асримиёнагӣ дар таълифи осори маррихон бараъло эҳсос мешуд.
Ҷунбишҳо дар шикасти қолаби таърихнигории пешин фақат дар нимаи дуввуми асри XIX оғоз ёфтанд. Ин ба воридшавии зуҳуроти нави сиёсию иқтисодӣ ва дар заминаи дигаргунсозиҳои ба воқеияти замон мувофиқ пайдо шудани аввалин падидаҳои ҷаҳонбинии нави таърихӣ, вобастагии қавӣ дошт. Маҷмӯи ин дигаргунсозиҳоро берун аз сиёсати мустамликадории Русия дар минтақа, ки соли 1864 бевосита аз ишғоли Чимкенту сипас Тошканд (соли 1865) оғозу бо ҳамроҳ намудани Помир дар асоси Шартномаи сарҳадмуаянкунии байни Русияю Инглистон соли 1895 хотима ёфта буд,   ба риштаи таҳлили воқен илмӣ кашидан номумкин аст.
Баъди ба доираи мустамликавии Русия ворид гаштани Осиёи Миёна таваҷҷуҳи ховаршиносони рус ба таъриху фарҳанги халқҳои минтақа бе таъсир буда наметавонист. Ҳамин воқеияти замон ба ташаббуси нави фаҳмиши таърих ва  ҷунбишҳои маорифпарварӣ асос гузошт. Маҳз дар ҳамин замина ҷунбиши қавии гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм эҳсос мешавад.
Ибтидои дарки бошуурона ва то андозае кӯшиши ба амали воқеан таҳқиқотии таърих гузаштан дар асарҳои таърихии поягузору аламбардори ҷунбиши маорифпарварӣ дар минтақа Аҳмад Махдуми Дониш (1827-1897) бараъло ба назар мерасад. Гарчи чунин кӯшиш дар осори дигар пайравону ҳамфикрони ӯ Мирзо Азими Сомӣ (1837-1909), Мирзо Сироҷи Ҳаким (1877-1914), Тошхоҷа Асирӣ (1864-1915), Сайид Аҳмади Сиддиқӣ (1865-1927), Абдурауф Фитрат (1884-1937) ва дигарон мушоҳида мешавад, вале мақому манзалати Аҳмади Дониш дар ин ҷода ҳалкунанда ҳисоб меёбад. 
Табиист, ки таҳлили нисбатан пурраи раванди гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм худ таҳқиқоти бунёдию доманадор ва ба доираи он кашидани тамоми омилҳои ба он муттаалиқ буда, аз ҷумла саҳмгузории мутаффакирони зикри исмашон рафтаро тақозо дорад. Ҳаҷми як мақола ҳатто ба номоварди омилҳои воқеияти замони ба ин раванд таъсир гузошта ва алоқамандони бавоситаю бевоситаи ин гузариш имкон намедиҳад. Аз ин рӯ мо баъзе аз мулоҳизоти хешро доир ба мақоми Аҳмади Дониш, чун поягузори раванди гузариши донишҳои таърихӣ ба илм ба хонандаи нуктасанҷ пешниҳод менамоем.
Аҳмади Дониш дар Бухоро ба дунё омада, дониши ибтидоиро аз модараш, ки мактаби худро кушодаву ба тадриси духтарон машғул буд, гирифтааст. Бо зеҳни баланду тафаккури мантиқии хеш Аҳмади Дониш ҳанӯз аз давраи наврасӣ маълумият пайдо карда буд. Замони таҳсил дар мадраса ӯ аз донишмандони дигар низ таълим гирифта, дар тамоми самтҳои дастраси илмии замона мавқеи пешсафӣ пайдо карда буд.
Дастовардҳои бисёрсамтаи илмию адабии ӯ дарвоқеъ нишондиҳандаи афкори пешқадами илмӣ ва сиёсию ҷамъиятии минтақа шинохта шудаанд[1]. Табиист, ки ташаккули ҷаҳонбинии сиёсию таърихии ӯ берун аз воқеияти замон нагузаштааст. Дар баробари омилҳои дохилӣ аз қабили: а) таъсири афкори сиёсию фалсафии дар асрҳои қаблӣ ташаккулёфтаи халқи тоҷик, ки дар осори намояндагони назми оламшумули классикии тоҷику форс нақши мукаммал гузоштааст: б) дигаргунсозиҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию  фарҳангии чун пайёмади сиёсати  мустамликадории Русия  ба ин кишвар ворид гашта: в) ба воситаи ин империяи дар минтақа нуфузи ҳалкунандаро соҳиб гашта,  шиносоӣ ёфтан ба сатҳи сиёсию сохтори идоравии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, дар маҷмӯъ омилҳои ҳалкунандае буданд  барои ба сӯи шинохти воқеан илмии таърих гом ниҳодани муаррихони замон, алалхусус Аҳмади Дониш.
Шиносоии ӯ бо сохтори сиёсию маъмурӣ, вазъи иқтисодию дастовардҳои илмии Русияи подшоҳии нимаи дувуми асри XIX, ки ба сифати узви фаъоли сафорати Бухоро се маротиба (солҳои 1857, 1869, 1873) ба пойтахти он империяи абарқудрат сафари расмӣ дошт, барояш бетаъсир намонд. Он замон ҳарчанд Русия чи аз чиҳати сохтори давлатдорӣ, чи аз дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ нисбат ба давлатҳои пешқадами Аврупо дар ҳолати қафомондагӣ қарор дошта бошад ҳам, вале дар муқоиса бо аморати Бухоро ва дигар хонигариҳои Осиёи Миёна, дар тамоми самтҳо бартарияту пешсафиаш эҳсос мешуд. Ба ҳар ҳол, Аҳмади Дониш аз сабаби надоштани дигар манбаи қиёс, Русияро чун намунаи давлатдории солим ва макони пешқадами илму ирфон муаррифӣ кардааст.     
Маълум аст, ки қариб дар ҳамаи асарҳои Аҳмади Дониш ҷанбаи хеле мукаммали фаҳмиши таърихии муаллиф ба назар мерасад, вале асарҳои аз ҷиҳати банду баст ва таҳлил, бевосита таърихии ӯ «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития», «Рисолаи сиёсӣ», «Наводир-ул-вақоеъ» ва ғайра, гарчи аз анъаноти классикии тарзи баён орӣ набошанд ҳам,  аз дарки чашмраси воқеан илмии муаллиф дарак медиҳанд.  Чунин хулосаро ҳатто таҳлили ниҳоят сатҳии осори таърихии муаллиф тасдиқ карда метавонад.
Яке аз тадқиқотчиёни осори таърихии Аҳмади Дониш, академик Зариф Раҷабов, гарчанде мақоми ин мутафаккири тоҷикро мушаххасан чун оғозбахши ташаккули таърихшиносии илмии миллӣ нишон надода бошад ҳам, ҳақиқатбаёнии ӯро пурра эътироф намудааст. “Дар маълумотҳои таърихие, ки дониш дар бораи амирони сулолаи манғит медиҳад, - навиштааст олим, - мо материали камёб ва оригиналие мебинем, ки муаллифи онҳо ҳамчун таърихчӣ ва мутафаккир дар бораи амирон бо нафрати тамом навишта ва онҳоро дар назари мардуми Бухоро кушоду ошкор фошу расво кардааст. Фикрҳое, ки Аҳмади Дониш дар бораи амирони манғити баён кардааст, бо рӯҳи танқидӣ ва фошкунандаи худ аз навиштаҳои асосии воҳеанигор ва таърихнависони онвақтаи Бухоро тамоман фарқ мекунанд”[2].  
Бар хилофи муаррихони пешгузашта, Аҳмади Дониш харобии аморат ва қашшоқии иҷтимоии раъиятро дар  сохтори номукаммали давлатӣ ва қубҳи давлатдорон медид. Аз назари ӯ ҳарчанд ҳаёт ба Офтобу Зуҳраву Муштарӣ ва дигар сайёраву қишрҳои табиат алақамандии ногусастанӣ дошта бошад ҳам, вале «сабаби ободии ҷаҳон ҳаёту обу адл бувад ва боиси харобии (ӯ) маргу беобӣ ва нузул бошад»[3], ки худ нигоҳи илмист.
Аҳмади Дониш аз таърихи ба сари давлат омадани амирони манғития ёдовар шуда, бо як ҷасорати барои замон фавқулъодда, ба таҳлили таърихи замони салтанатронии ин қавм даст задааст. Ӯ бештар сабабҳои карахтию қафомондагии аморатро дар воқеияти замон, дар сохтори шахшудаи асримиёнагӣ дидааст. Маҳз ҳамин назар ӯро барои дар аморат зарурати гузаронидани ислоҳот, водор сохтааст. Ин тафаккури ислоҳотпарастии муаллиф дар «Рисолаи сиёсӣ»-и  ӯ возеҳ эҳсос мешавад[4].
Аҳмади Дониш сабаби харобии низоми давлатдорию заифии сатҳи иқтисоду иҷтимоиёти аморати замони ҳукмронии амир Дониёлро (1758-1785) бо чунин далеҳо вобаст кардааст:
«Бидон, ки дар айёми ҳукумати амир Дониёл ба дору-л-аморати Бухоро хеле тафовути фоҳиш дар умури миллатӣ воқеъ шуда, аксар мадрасаҳо ва масҷид аз дарси намоз таътил ёфта, ҳуҷраоти мадорис коҳхонаи хари обкашу ғалладони баққол шуда. Ба сабаби он ки мардуми ӯзбак дар умури давлатӣ тадохул ёфта (аст), ҷиҳати безабтии салтанат шуда. Ҳар чӣ аз ҳар ҷо ёфтаанд мутасаррифу молик шуда, шӯъла аз чароғи бевазан ва нон аз анбори авқоф дуздида ба масрафи шикаму харҷи худ мерасониданд ва касеро маҷоли бозхост набуд. Ва бозор хамру қимор ва фисқу фасод бисёр роиҷу гарм буда дар миёни умаро ва ҳукком. Лекин фуқаро ва раъоёро маҷоли ҳаракату сукун набуда аз фарти зулму заҷр ва олуқу солуқ, мисли аминонаю вакилона ва арзонии никоҳу қиматии никоҳона. Масалан, маҳри муаҷҷал даҳ дирам ва никоҳонаи қозӣ даҳ динор ва як ман гандум даҳ танга, ҳаққулмизон понздаҳ танга, ало ҳазо.
Ва дар аксари маносиби аморат худи писарони амир Дониёл мансуб буда, ишоъати фисқу фасод менамуданд…»[5] 
Аҳмади Дониш раванди воқеаҳои замони ғасби кишварро аз тарафи Русия аз ҷумла зуҳуроти ҷангии Русияю Бухоро хеле воқеъбинона қаламдод намудааст. Аз мундариҷаи китоби «таърихи салтанати хонадони манғития» бармеояд, ки шикасти амир дар ҷабҳаи ҳарби зидди Русия на аз сарнавишти беадолатонаи тақдир, балки аз сустии низоми давлатӣ, дурии амир Музаффар (1860-1885) аз хиради зарурии давлатдорӣ ва билохира аз қафомондагии иқтисодию ҳарбии тамоми хоноти минтақа сар задаст. Он чӣ муаллиф аз ҷузъиёти шикасти амир дар китоб овардааст, ҳаргиз тасвири барои хонанда ҷолиби адибона набуда,  инъикоси воқеии ҳақиқати ҳол мебошад. 
Маълум аст, ки баъди қатъан шикаст хӯрдани амир Музаффар Русия метавонист, тамоми аморатро ба қаламрави худ бипайвандад, вале истиҳолаи чунин воқеият императорро аз ин ният боздошт: 1) Русия намехост, ки қаламрави сарҳадоташ ба ҳудуди сарҳадии Ҳиндустон - «зумурради тоҷи давлатии империяи Бритониё» бархӯрад. Ин сабаби афзудани рақобати бе ин ҳам тезу тунди ду империя абарқудрат ва эҳтимолияти  задухӯрдҳои ҳарбӣ дар минтақа мегардид: 2) Ғасби  минтақа ва чун воҳиди маъмурӣ таъсис ёфтани генерал-губернатории Туркистон, ки қисми асосии ҳудуди онро дар бар мегирифт,  барои давлатҳои абарқудрати мустамликавии замон бе таъсир буда наметавонист. Русия табиист, ки намехост дар маркази ихтилофоти тақсимоти нави ҷаҳонӣ қарор дошта бошад; 3) аморати Бухоро ҳарчанд аз рӯи аксари нишондиҳандаҳо иқтидори асримиёнагии худро аз даст дода бошад ҳам, вале чун маркази бонуфузи исломӣ дар Шарқ шинохта мешуд ва метавонист Русияро ба муқобилияти шадиди мусулмонони минтақа рӯ ба рӯ гардонад; 4) аморати Бухоро ва  хонигарии Хева аз шаҳру музофотҳои  бештар фоидаовари худ маҳрум шудаву (онҳо ба ҳайати маъмуриятчигии генерал-губернатории Туркистон ҳамроҳ карда шуда буданд)  чун мустамлика дар тобеъияти пурраи мутлақияти рус қарор ёфта буданд.
Акнун амири Бухоро аз пештара дида, зери итоати Русия худро оромтару бехавфтар эҳсос мекард. Аз ин сабаб ӯ истисмори раъиятро боз бештар кард, ки ин ба фоидаи Русия низ буд. Аҳмади Дониш то ҷое имкон даст додааст, фаъолияти  хилофи манфиати раъият пеша кардани амиронро хеле воқеъбинона қаламдод намудааст.  «Воқеан, - навиштааст Аҳмади Дониш, - дар асри ин ду подшоҳ (амир Музаффар ва амир Абдулаҳадро (1885 – 1910) дар назар дорад. – Ҳ.П.), аз ҷиҳати беназмию бенақсии вилояту эҳмоли ҳокимон, доим нархи таом гарон буд ва аз ҷиҳати адами эҳтисоб ва маҳкумии шаръ ба амр, доим бозори фисқу фуҷур роиҷ омада. Шурби мудом ва мубошарати қаҳбаю ғулом бараъло ба сари бозорҳо ва ҳавошии бисоти даври уғур ва чавкии раққосон шоеъ шуд ва қабоҳати умури номашрӯъ дар назарҳо мустаҳсин омад»[6].
Аҳмади Дониш, ки худ шоҳиду муҳаққиқи вазъи замони амирӣ буд, қисмати ояндаи аморатро бо пешгӯии оқилонаю олимона хулосаю ҷамъбаст кардааст: «Дар оянда касоне, ки зиндаанд, хоҳанд дид, ки ҳар чи давлату моле дар хазонаи омира бад-ин гуна зулму заҷр ҷамъ гардидааст, тӯшаи куффору ғанимати фуҷҷор гардида, саркардагон охир сари худҳоро ба дор хоҳанд супорид ва амирону волоён ҳамчунон бенасиб ба хусрони абадӣ гирифтор хоҳанд шуд»[7].
Албатта аз тафсилоти дигар асарҳои таълифнамудаи  таърихии Аҳмади Дониш боз далелҳои зиёде овардан мумкин, ки аз диди тозаи таърихогаҳию таърихнависии муаллиф  дарак медиҳанд. Вале он чӣ иқтибос мешавад, ҳанӯз маънои пурра ба қолаби илмии таълифоти таърихӣ гузаштани ӯро надорад. Дар осори муаллиф нуктаҳое низ вомехӯранд, ки аз таъсири низому услуби  асримиёнагии омӯзиши таърих далолат мекунанд. Масалан, ӯ дар маҷмӯъ тарзи идорот ва ҳокимиятдории амирони манғитияро аз нуқтаи назари танқидӣ дар  маркази таҳлил гузошта, қубҳи онро воқеъбинона нишон дода бошад ҳам, то охир ба ин ақида содиқ буда натавонистааст. Ин дар тарзи баҳодиҳии ӯ ба фаъолияти амир Шоҳмурод ё амири маъсум (1785-1800), чун ҳокими  адолатпеша  баҳои баланд дода[8], бо ин   ҳанӯз боварӣ доштани худро ба ба хиради раъиятпарварии чунин соҳибтахтон ки гӯё асоси рушди кишвару беҳдошти иҷтимоиёт шуда метавонанд, намоиш додааст. Ин ихтилофоти диди ӯ нишонаест аз ҷустуҷӯи роҳи дарёфти ҳақиқати таърихӣ. Табиист, ки Аҳмади Дониш чун зодаи замон, аз банду таъсири  воқеияти он пурра озод буда наметавонист.
Зиндагии Аҳмади Дониш  ба давраи пуртазоди гузариш ба фазои нисбатан дигари  шинохту таъсири тафаккури нави ба воқеияти замон мувофиқ  аз як тараф, аз тарафи дигар, ҳанӯз қавӣ будани анъаноти асримиёнагӣ рост омад. Ин вазъи замон ба раванди ташаккули пурраи ҷаҳонбинии илмии ӯ бетаъсир намемонд. Вале  ин ҳаргиз мақому манзалати волои ӯро дар таърихнигории миллӣ коҳиш надодааст. Бо ибораи дигар дар ҳолати ҳанӯз дар аморати Бухоро қавӣ будани тафаккури таърихии асримиёнагӣ, ҷуръати тозанигоҳии худро ба ҷомеа пешниҳод кардани Аҳмади Дониш бешубҳа қаҳрамонист. Муҳим он аст, ки маорифпарвари бузург ба рушди афкори сиёсию ҷамъиятӣ, ҷаҳонбинии нави таърихӣ такони ҳалкунанда бахшид. Ақидаҳои пешқадами ӯро пайравону шогирдони зиёдаш, аз ҷумла Садриддин Айнӣ ба зинаи баланди ҳақиқатнигории таърихӣ расонданд.
Ҷунбиши ҷиддии гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илм, ки ба он Аҳмади Дониш ибтидо гузоштааст, барои ҷомеа бетаъсир буда наметавонист. Раванди ин гузаришро алахусус  устод Садриддин Айнӣ боз фаъолтар намуда, бо таълифоти таърихии худ  барои  ташаккули илми таърихшиносии миллӣ такони ниҳоят ҷиддӣ бахшид.
Таҳлили воқеъбинонаи осори таърихии Аҳмади Дониш ва Садриддин Айни чунин хулосаи рамзиеро пеш  меорад: ин ду шахсияти барӯманди миллӣ ду пояи қавии шоҳпулеро мемонанд, ду соҳили шоҳроҳи гузариш аз донишҳои таърихӣ ба илми таърихро ба дӯш бардоштаанд.  
Ҳамин тариқ, аз мазмуну мундариҷаи таълифоти таърихии Аҳмади Дониш, тарзи масъалагузорӣ, таҳлили амиқи воқеаҳо, кӯшиши дарёфти заминаву сабабҳои воқеии онҳо ба хулосае меорад, ки ба таҳқиқоти зиёди ба ӯ бахшидашуда нигоҳ накарда, то кунун мақому манзалати  ин адиб, маъорифпарвару муаррихи бузург, дар таърихнигории миллӣ ба таври воқеӣ кушода нашудааст. Аз ин рӯ дар саргаҳи гузариши донишҳои таърихӣ ба илм қарор доштани Аҳмади Донишро эътироф намудан, маънии дарки воқеъбинонаи раванди таърихнигории миллиро дорад.
 

[1] Ниг.: Раджабов З.Ш. Из истории общественно-политической мысли таджикского народа во второй половине XIX-XX вв. – Сталинабад,1954; Іамон муаллиф. Вқдаюшийся просветителі таджикского народа Ахмад Дониш. – Сталинабад,1961;  Муаллифи номбурда. Маорифпарвар Аімади дониш. – Душанбе,1964.
[2] Раҷабов З. Аз таърихи афкори ҷамъиятӣ-сиёсии халқи тоҷик. – Сталинобод: Нашр. давл. Тоҷикистон, 1959. – С. 161-162.
[3] Аҳмад Махдуми Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи хонадони салтанати манћития. – Душанбе: «Сарват», 1992. – С.4.
[4] Ниг.:Раджабов З.Ш. О «Политическом трактате» Ахмада Дониша (краткий очерк). – Душанбе, 1976.
[5] Аҳмад Махдуми Дониш Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манћития. Таҳияи матн ба  расмулхати тоҷикҷ ва тасҳеху тавзеҳот ва шарҳи луғот аз А.Ҳоҷизодаи Мадрушкатҷ. Душанбе: Дониш, 2010. С.20.
[6]  Ҳамон ҷо. С.124.
[7] Ҳамон ҷо. С.137-138.
[8] Ҳамон ҷо. С. 20-30.