Мизи мудаввар дар мавзуи "Дурнамои рушди илми таърихи ватанӣ
(дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи кишвар)"
 
13 июни соли ҷорӣ дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар атрофи мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он роҳбарият, олимон ва дигар кормандони Институт иштирок намуданд.
Ҷамъомадро директори Институт доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Н.К. ифтитоҳ намуда, пас аз сухани муқаддимавӣ суханро ба ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи навтарин номзади илмҳои таърих Ҷ.А. Мирзоев дод. Мавсуф зимни баромади худ оид ба нуктаҳои муҳимми суханронии Сарвари давлат, хусусан масоили тарбияи ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба илм ва дигар паҳлӯҳои ин масъала андешаронӣ намуд.
Сипас мудири шуъбаи таърихи илм ва техника номзади илмҳои таърих А. Шарифзода ва доктори илмҳои таърих, профессор, Узви вобастаи АМИТ Ҳ. Пирумшоев баромад намуда, андешаҳои худро перомуни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд ва масъалаҳои дар суханронии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёншударо мубрам арзёбӣ намуданд. Дар баромадҳо махсусан мавзуи баланд бардоштани сифати таълифи диссертатсияҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Баъдан доктори илмҳои таърих, профессор А. Раҷабов, доктори илмҳои таърих, профессор Н.Б. Ҳотамов ва номзади илмҳои таърих, дотсент А. М. Ғафуров ба музокира баромада, масоили дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкидшударо ниҳоят муфид ва саривақтӣ дониста, баён карданд, ки ҳалли камбудиҳои дар он зикргардидаро ба манфиати илму маорифи кишвар ва рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ мешуморанд.
Аз кори мизи мудаввар директори Институт доктори илмҳои таърих, профессор Н.К. Убайдулло натиҷагирӣ намуда, доир ба сатҳи тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ, самарнокии кори олимони Институт, таълифи китобу мақолаҳо ва дигар масоили марбута сухан ронданд. Даъват карда шуд, ки ҳамаи вазифаҳои аз ҷониби Сарвари давлат дар назди Институт гузошташуда бояд саривақт ҳалли худро ёбанд.
photo_15_2024-06-13_18-38-15.jpg photo_14_2024-06-13_18-38-15.jpg photo_2_2024-06-13_18-38-15.jpg