КОНФРОНСИ ИЛМӢ-БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА 120-СОЛАГИИ ҒУЛОМҲАЙДАР ҒУЛОМАЛИЕВ
8-уми ноябри соли равон бо ташаббуси Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори 120-солагии ходими намоёни санъати тоҷик, режиссёр, балетмейстер, актёр, Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев таҳти унвони “Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва анъанаҳои шеърӣ-мусиқии тоҷикони Бадахшон: дирӯз ва имрӯз” кофронси байналмилалии илмӣ баргузор гардид.
Конфронсро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки “дар ташаккулу пешрафти эҷод ва сабки хоси иҷроии мусиқиамон саҳми мутрибону сарояндагони ҳар давру замон чун меросбари ин сарвати бузурги бадеӣ-эстетикӣ бузург аст. Доир ба анъанаҳои шеърӣ-мусиқиамон, эҷоду иҷрои он, ташкили гурӯҳҳои эҷодию иҷроӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои худфаъолу касбии ҳунарии вилояту ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ, махсусан Филармонияи давлатии Тоҷикистон чун иттиҳодияи бузурги эҷодӣ устодони санъати мо саҳми арзанда гузоштаанд. Дар солҳои 40-80-уми асри ХХ ба омӯзиши фарҳанги мусиқии Тоҷикистон, аз ҷумла мероси шеърӣ-мусиқии тоҷикони Бадахшон таваҷҷуҳи бештар мешавад. Аз ҷумла бо ташкили экспедитсияи санъатшиносӣ Бадахшон чун маркази дерини муҳиму фарогири мероси камназири фарҳанги бадеии тоҷикон шинохта шуд. Воқеан сарвати бадеӣ, шеърӣ-мусиқии суннатии тоҷикони Бадахшон муттаҳид шудани се шоха: мероси мусиқии мардумӣ, мусиқии шифоҳии касбӣ ва эҷодиёти мутрибон, сарояндагон-оҳангсозон (мелодистон) аст ва ин хусусиётро дар мисоли фаъолияти Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Мусаввар Минаков, Моҷон Назардодова, сулолаи Искандаровҳо, Бандишоевҳо ва дигарон метавон собит намуд. Аз ҷумла ин мероси камназири бадеӣ тавассути ансамбли тарона ва рақс, ки таҳти сарварии донандаи мероси пурғановати шеърӣ-мусиқӣ, эҷодиёти бадеии тоҷикони Бадахшон, Артисти халқии СССР Ғуломҳайдар Ғуломалиев бо тозакориҳои ҳунарӣ рӯи саҳна омада, дар ҳайати дастаҳои эҷодию иҷроии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард, дар таърихи фарҳанги асри ХХ тоҷик мавқеи басо муҳим дорад”.
Сипас доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов, доктори илмҳои таърих Баҳринисо Қобилова, доктори илмҳои филологӣ, профессор Равшан Раҳмонӣ, доктори имлҳои таърих Лариса Додхудоева, доктори имлҳои филологӣ, профессор Назарбек Абдолов ва дигарон суханронӣ карданд.
Дар конфронс масоили мероси фарҳангии Бадахшон ва ҷойгоҳи он дар таърихи фарҳанги тоҷик, генесиз, ташаккули мероси шеърӣ-мусиқии тоҷикони Бадахшон, суннат ва меросбарӣ дар эҷодиёти бадеии тоҷикони Бадахшон (театри суннатии мардумӣ, рақс, оину маросим ва нақш, истифодаи шеър ва мусиқӣ), пажуҳиши герменевтикии мероси фарҳангии тоҷикони Бадахшон, бозтоби арзишҳои бостон дар мероси мардумии тоҷикони Бадахшон ва саҳми олимон дар шинохти он, мақоми сухан ва суханвар, ҳикмат ва ҳакимӣ аз дидгоҳи мардуми Бадахшон, нақши мероси фарҳангии мардуми Бадахшон барои афрӯхтари тафаккури наву пешқадами миллату давлатсозӣ, ташаккули андешаи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, Ғуломҳайдар Ғуломалиев – аввалин муассису коргузори намоишномаҳои театри мардумӣ ва дастаҳои ҳунарӣ, Ғуломҳайдар Ғуломалиев – режиссёр, балетмейстер, роҳӣари бадеии дастаҳои иҷроии мардумию касбӣ (дар назди Филармонияи давлати Тоҷикистон), саҳми дастаҳои тарона ва рақси Бадахшон дар тарғиби мероси фарҳангии тоҷик, вазъи имрӯзии дастаҳои эҷодию иҷроии Бадахшон ва амсоли ин баррасӣ ва муҳокима гардиданд.
Зикр гардид, ки дар асарҳои шеърӣ-мусиқии маросимии тоҷикони Бадахшон, хоса “Маддоҳ”, “Пои алам” баробари истифодаи васеи ашъори тавсифӣ-ниёишии (сӯгӣ, жанру шаклии бадеӣ) рангомез, сабки муассир, бардошт аз ифодаҳои таъсиргузори иҷроӣ, инчунин истифодаи созҳои мусиқии тории захмаии рубоби бадашонӣ, сетор, танбӯри бадахшонӣ, созҳои зарбии дафу доира ва сару либоси ҳамсону мутаносиб ва муҳим ва муҳим он ки сабк, услуби талқиннамоӣ ифодагари ғаму андуҳ, баёнгари ҳолоти руҳонии инсонанд.
Дар ташаккулу пешрафт, рӯйи саҳна овардани мероси бадеии тоҷик, хоса бо дид, услуби нави таҳия, иҷрои мероси мусиқии мардумии усулан суннатӣ, мавзуан рангомезии мероси шеърӣ-мусиқӣ саҳми донанда, меросбари сарвати бузурги фарҳангии Бадахшон, таҳиягар, асосгузори аввалин дастаҳои мардумӣ-касбии тарона-рақси Бадахшон, яке аз поягузорони Филармонияи давлатии Тоҷикистон Ғуломҳайдар Ғуломалиев (1904-1961) басо муассир аст.
Қобили зикр аст, ки ба ифтихори 120-солагии Ғуломҳайдар Ғуломалиев Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳоро таҳти унвони “Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва анъанаҳои шеърӣ-мусиқии тоҷикони Бадахшон: дирӯз ва имрӯз” нашр кард, ки дар он фаъолияти пурбору рангини эҷодии симои дурахшони санъати садаи ХХ Ғуломҳайдар Ғуломалиев, саҳми шоистаи ӯ дар ташаккулу пешрафти эҷодиёти бадеии тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифта аст.