Семинари омӯзишии «Бостоншиносӣ дар осорхонаҳо:
хусусиятҳои ҷамъоварӣ, ҳифз ва банамоишгузорӣ»
Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар мусоидат бо раёсати АМИТ, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва #IVLP Impact Awards – 2024 бо мақсади баланд бардоштан ва табодули таҷрибаи муттахасисони осорхонаҳо ва тармимгарон аз шаҳру навоҳии кишвар семинари омӯзиширо таҳти унвони “Бостоншиносӣ дар осорхона: хусусиятҳои ҷамъоварӣ, ҳифз ва банамоишгузорӣ” баргузор намуда истодааст. Дар ин замина лоиҳа таҳти унвони “Бостоншиносӣ дар осорхона: хусусиятҳои ҷамъоварӣ, ҳифз ва ба намоишгузорӣ” коркард карда шуда, мувофиқи он 12 нафар кормандони осорхонаҳои кишвар даъват шуданд ва ба онҳо давоми 5 рӯз (18-23.11.2024) семинари омӯзишӣ фароҳам оварда шуд.
Мақсад аз тадбиқи ин лоиҳа такмил додани малакаи кормандони осорхонаҳои кишвар, ки бевосита бо ашёи бостоншиносӣ дар осорхонаҳои гуногуни кишвар машғуланд, мебошад. Баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони осорхонаҳо дар соҳаи бостоншиносӣ, такмили дониш ва малакаи онҳо оид ба дарёфт, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва намоиши коллексияҳои бостоншиносӣ аз афзалиятҳои лоиҳаи мазкур ба ҳисоб мераванд. Ин ба онҳо кормандони осорхонаҳо имкон медиҳад, ки ҳарчи зиёдтар аз нозукиҳои бостоншиносӣ ва ҳифзи мероси бостоншиноӣ огоҳӣ пайдо намуда, баҳри хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳифзи мероси бостонӣ дар Осорхонаҳои худ кӯшиш намоянд.
Натиҷаҳои пешбинишавандаи лоиҳаи “Бостоншиносӣ дар осорхонаҳо: хусусиятҳои ҷамъоварӣ, ҳифз ва ба намоишгузорӣ” инҳо ба ҳисоб мераванд: а) баланд бардоштани малакаи касбии кормандони осорхона дар идоракунии коллексияҳои бостоншиносӣ; б) такмили низоми идоракунии осорхонаҳо барои коллексияи бостоншиносӣ; в) тақвияти ҳамкории байниосорхонавӣ дар соҳаи бостоншиносӣ; г) баланд бардоштани таваҷҷӯҳи ҷомеа ба бостоншиносӣ.
Умуман, лоиҳаи “Бостоншиносӣ дар осорхона: хусусиятҳои ҷамъоварӣ, ҳифз ва ба намоишгузорӣ” бояд як қадами муҳим дар рушди кори осорхонаҳо дар кишвари мо гардад. Мувофиқи нақша, панҷ лексияи махсус бо иштироки мутахассисон, аз қабили бостоншиносон, тармимгарон ва кормандони ботаҷрибаи осорхонаҳо баргузор карда мешавад. Ин иқдом аз ҷониби иштирокчиён хуб пазирифта шуда, минбаъд, аз рӯи имконот дар шакли боз ҳам васеътар чунин семинари омӯзишӣ барои кормандони осорхонаҳо гузаронида хоҳад шуд.