Ҳамоиши ТАЪРИХНИГОРИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБИ ОН
27 декабри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявии “Таърихнигории таърихи халқи тоҷик ва масъалаҳои ҳалталаби он” бахшида ба 80 – умин солгарди доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров – Ҳайдаршо Пирумшоев баргузор гардид.
Нахуст ба кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт вогузор намуданд.
Дар оғоз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмоноро хайрамақдам гуфта, соҳибҷашн Пирумшоев Ҳайдаршоро ба муносибати расидан ба синни мубораки 80 – солагӣ муборакбод намуда, оид ба ҳаёту фаъолияти таърихшинос ибрози андеша намуд.
Пирумшоев Ҳайдаршо яке аз шахсиятҳои шинохта ва муваффақи кишварамон буда, дар пешрафти илми тоҷик саҳми ниҳоят арзандаву муваффақонаи хешро гузоштааст, умри бобаракати хешро зоеъ нагузаронида дар таълифи асарҳои пурмуҳтавои таърихиву фалсафӣ ва тарбияи шогирдони пуртаҷрибаву кордон талош намудааст, дар кору фаъолият худро ҳамчу пайрави асили устоди хеш академик Мухторов Аҳрор нишон дода, муваффақ гардидааст.
Муҳаққиқ дар тайёр намудани мутахассисони илмӣ саҳми назаррас дошта, то ҳол зери роҳбарии ӯ 11 рисолаи докторӣ ва 23 рисолаи номзадӣ дифоъ шудааст.
Профессор Ҳ. Пирумшоев дар тӯли тамоми фаъолияти касбиаш кори илмиро аз омӯзгорӣ ҷудо накардааст. Ин буд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2016 ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев барои офаридани асарҳои муҳими илмӣ дар соҳаи таърих ва таърихнигорӣ соли 2020 барандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва соли 2024 барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардидааст.
Дар идома профессорон Ҳамза Камол, Маҳмуд Маликов, Абдуқаҳҳор Саидов, Сайдалӣ Мухидинов оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии узви вобастаи АМИТ Пирумшоев Ҳайдаршо баромадҳо намуда, соҳибҷашнро муборакбод намуданд.