11 марти соли 2025 дар толори Шурои олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ семинари илми - амалӣ дар мавзуи "Муҳаммад Хоразмӣ ва нақши ӯ дар рушди илми ҷаҳонӣ" баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он таҳқиқ ва таҳлили саҳми ин олими барҷаста дар рушди илми ҷаҳонӣ, бахусус риёзӣ,астрономӣ ва ғайраҳо буд. Дар он олимону кормандони Институт иштирок намуданд.
Семинарро директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ, номзади илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. бо суханҳои муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд. Сипас мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институт, номзади илмҳои таърих Шарифзода А. бо маърӯзаи "Муҳаммад Хоразмӣ фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва падари математикаи Аврупо" ва сарходими илмии шуъбаи таърихи илм ва техника докториилмҳои таърих. Бобоев Х. бо маърӯзаи "Тавсифи асарҳои риёзӣ ва астрономии Муҳаммад Хоразмӣ" суханронӣ намуданд. Илова бар ин, дар музокироти семинар Абдуқаҳор Саидов ва Аскарали Раҷабов фикру мулоҳизаҳояшон баён доштанд.
Дар охир оид ба омӯзиши дигар мутафакирону донишмандони гузаштаи таърихи халқи тоҷик ва осори онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Саидшои Сангалӣ,
ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон