ТАЪЗИЯНОМА

Роҳбарият ва кормандони Институти  таърих, бостоншиносӣ ва  мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ба сарходими илмии шуъбаи таърихи навтарин д.и.т., профессор Убайдулло Н. К. бинобар даргузашти падарашон ҳамдардии амиқ баён намуда, ба аҳли хонавода ва пайвандону наздикони эшон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонанд. Руҳашон шод, хонаи охираташон обод ва ёдашон ба хайр бод!