ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМИТ
Имрӯз, 05 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш қаблан, кулли мардуми шарафманди тоҷикро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи озодиву шукуфоӣ, садоқат ба Ватани азиз ва ҳувияти миллӣ мебошад, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки ин роҳи 34-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар, ки аз сиёсати истиқлолхоҳонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, барои ҳар як фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд аст ва арзишманд боқӣ мемонад.
Қобили зикри хос аст, ки Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушду нумуи ҳама соҳаи иқтисодиёти кишвар ривоҷу равнақ бахшида, анъанаҳои ниёгонамонро дар бораи ҳамбастагии илму сиёсат эҳё намудаанд ва бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи кору зиндагӣ мунтазам бо олимону зиёиёни ҷумҳурӣ мулоқотҳои судманд доир намуда, андешаҳои ин қишри ҷомеаро дар ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо иқдоми хосаи Сарвари давлат бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар баргузор гашта, осори илмии онҳо мунтазам ба нашр расиданд. Таҳияи бузургтарин асарҳои мондагори мутафаккирони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома” Аблуқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар як оилаи кишвар эҳдо намудани ин шоҳасарҳо бузургтарин ва мондагортарин кори Пешвои миллат на танҳо дар ҷумҳурӣ балки берун аз ҷумҳурӣ мебошад.
Зикр шуд, ки барои олимони муосир дар ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои муаззами миллат мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои бо номи шахсиятҳои баруманд ва шинохтаи таърихӣ мавриди корбарӣ қарор дода шудаст, ки мисоли ин танҳо барои олимони ҷавон ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки ҳамасола олимони ҷавон барои дастовардҳои назарраси илмӣ қадршиносӣ мешаванд. Муқаррар намудани иловапулӣ ва стипендияи доимӣ барои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсати дастгирии олимони тоҷик муҳимтарин иқдоми Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар суханронии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният хонда, зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар як замони ҳассос баъди пош хурдани Иттиҳодияи Шуравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилӣ дар як вазъияти ниҳоят душвор бо талошҳои одилонаву оқилонаи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз зулму ситам ва аз вартаи ҳалокат наҷот ёфтани мардуми тоҷик қабул шудааст. Ҳамаи мардуми Тоҷикистонро мебояд ба қадри ин озодӣ, ободӣ, Истиқлолияти давлатӣ расида ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, моҳияти Истиқлолиятро ба онҳо фаҳмонанд, то ки ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта ба ояндагон аз худ як давлати ободу тараққикарда ба мерос гузорем.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ як зумра аз олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии фарҳанг, аълочии маориф сарфароз гардиданд.