RU
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМОИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ
Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат, мураккаб гардидани равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва афзоиши таҳдидҳои глобалии асри XXI масъалаи муайян намудани самтҳои дурусти рушди миллӣ ва таъмини ояндаи устувори давлат аҳаммияти хоса пайдо мекунад. Дар чунин замина, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ, барномавӣ ва стратегӣ баромад намуда, нақши калидӣ дар ташаккули сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебозад.
Паём на танҳо ҷамъбасти фаъолияти яксолаи мақомоти давлатӣ, балки ифодаи мукаммали фалсафаи давлатдорӣ, тафаккури стратегӣ ва дурнамои рушди устувори ҷомеаи тоҷик мебошад. Аз ин лиҳоз, Паёми Пешвои миллатро метавон ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо ва равшангари роҳи ояндаи миллат арзёбӣ намуд, ки самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмию маърифатиро бо назари воқеъбинона муайян месозад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосири ҷаҳонишавиро бо равиши илмӣ ва воқеъбинона матраҳ намуданд. Дар баробари ин, сиёсати хориҷии мутавозин, ҳамкории созанда бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ва иштироки фаъол дар равандҳои байналмилалӣ ҳамчун омили муҳимми рушди устувор арзёбӣ гардид.
Паём ҳамчун ифодаи сиёсати оқилона ва дурбинонаи давлатдорӣ хизмат намуда, ҷомеаро ба ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории фаъол дар таҳкими пояҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ даъват менамояд.
Яке аз масъалаҳои муҳимми калидии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Дар Паём бо такя ба таҳлили вазъи воқеии иқтисодӣ зарурати ҷорӣ намудани ислоҳоти сохторӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди саноат, энергетика, кишоварзӣ ва инфрасохтор таъкид гардиданд. Ҳамзамон, дар Паёми навбатӣ ба масъалаи истиқлолияти энергетикӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва ба истифода додани иқтидорҳои нави НБО «Роғун» таъкид гардид, ки далели равшани сиёсати дарозмуддати давлат дар самти таъмини амнияти энергетикӣ мебошад.
Дар баробари ин, сиёсати иҷтимоӣ дар Паём ҷойгоҳи марказӣ дорад. Баланд бардоштани музди меҳнат, зиёд намудани нафақаҳо ва стипендияҳо, дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба он равона гардидааст, ки сатҳи зиндагии мардум пайваста боло равад. Чунин равиш гувоҳи он аст, ки инсон, шаъну шараф ва некуаҳволии ӯ дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат қарор дорад.
Яке аз вижагиҳои муҳими Паёмҳои солҳои охир таваҷҷуҳи афзоянда ба рушди илму маориф ва технологияҳои муосир мебошад. Пешвои миллат илм, дониш, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъиро ҳамчун омили асосии рақобатпазирии миллӣ ва пешрафти устувор арзёбӣ менамоянд.
Дар Паём нақши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳқиқотӣ ҳамчун заминаи рушди илми бунёдӣ таъкид шуда, ба олимон ва аҳли илму маориф вазифаҳои мушаххас гузошта мешаванд. Таваҷҷуҳ ба рушди иқтисоди рақамӣ, такмили инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ ба ояндаи технологӣ ва рушди устувор нигаронида шудааст.
Бо дарки воқеиятҳои ҷаҳони муосир таъкид мегардад, ки сармоягузорӣ ба илму маориф дар асл сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
Паёми Пешвои миллат танҳо санади сиёсиву иқтисодӣ набуда, балки ҳуҷҷати муҳимми фарҳангӣ ва маънавӣ низ ба шумор меравад. Дар он масъалаҳои ҳифзи забони давлатӣ, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллӣ бо масъулияти баланд баррасӣ мегарданд. Арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ, суннатҳои миллӣ ва худшиносии фарҳангӣ ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ ва ваҳдати ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Ҳамзамон, масъалаи амнияти миллӣ дар шароити нооромиҳои ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Таъкид ба зарурати ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ва таҳкими фаъолияти мақомоти дахлдор нишон медиҳад, ки амнияти миллӣ пояи асосии рушди устувори давлат маҳсуб меёбад.
Ҳамин тариқ, Паёми Пешвои миллат – равшангари роҳи ояндаи миллат буда, ҳамчун санади стратегӣ самтҳои асосии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян менамояд. Он ифодаи сиёсати оқилона, тафаккури дурбинона ва иродаи қавии роҳбарияти давлат дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта, адолатпарвар ва устувор мебошад.
Асомуддинзода Саидшо Сангалӣ
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А. Дониш АМИТ
