RU
ФАРҲАНГИ ЛИБОСПӮШИИ ЗАНОНИ ТОҶИК ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
 
«Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Либос дар ҳаёти инсон дар марҳилаи аввал воситаи муҳофизат аз омилҳои табиӣ ба монанди сардию гармӣ буд. Бо пешрафти шуури инсонӣ он ба воситаи пӯшиш ва нигаҳдории бадан табдил ёфт. Дар раванди таърихӣ ва шароити табии зисти инсон дар макони махсус ва ихтирои маътоъҳои гуногуни либос аз нишонаи табақаҳои ҷомеа ва баъдан ба нишонаи миллат табдил ёфт.
Тоҷикон дар масири таърих бо доштани матоҳо ва ҳатто тарҳи дӯхт ва нақшу нигори либоси миллии худ аз дигар миллатҳо тафовут доштанд. Ниёгони тоҷикон аз замони бостон ҳаёти муқимӣ ва шуғли кишоварзиро пеша намуда буданд. Ҳаёти муқимӣ ба онҳо шароити шаҳрсозӣ, меъморӣ, ихтироот ва эҷодиёро муҳайё намуда буд. Маҳз бо ҳамин созандагию ихтироот тоҷикон дар офариниши мероси бузурги тамаддуни инсоният саҳми босазо доштанд.
Тоҷикон аз замони бостон бо вуҷуди бо шуғли кишоварзӣ масруф будан, дар  эҷоди ҳунарҳои гунонгун низ саҳмгузор буданд, бахусус бо кашф ва ихтирои абрешим, матоъҳои абрешимӣ ва нақшҳои гуногун дар   матоҳои миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои бебаҳои арзиши миллӣ дар арсаи ҷаҳон шуҳрат доштанд.
Бо талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояҳои миллӣ ва фарҳанги пурғановати миллати бостонии тоҷик дар арсаи ҷаҳони муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, барӯйхати фарҳанги ғайримоддии ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ЮНЕСКО ворид гардидани «Чакан - ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2018 ва «Анъанаи бофтани атласу - адрас» 4 - уми декабри соли 2023 аз ташабусҳои ҷаҳонии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ин иқдомҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзу оммавӣ гардонидани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги пурғановати миллати бостонии тоҷик дар арсайи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим башумор меравад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он эҳтиром ва арҷгузорӣ менамояд, ин пӯшидани либосҳои миллии тоҷикӣ мебошад. Ин масъаларо ҳанӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 26-уми декабри соли 2018 чунин матраҳ намуда буд: «Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст».
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16-уми декабри соли 2025   бештар ба масъалаҳои таълиму тарбия, маорифу илм, саҳми занону бонувон ва наврасону ҷавонони ин миллати тамаддунофар диққат дода шудааст.
Масалан, либоси маросими тӯйёна то ҳол дар миёни мардуми тоҷик бо ранг ва ҷилои худ аз либоси рӯзмарра тафовут дошта, либоси маросимии азодорӣ низ бо ранг ва тарҳи худ фарқияти зиёд дорад. Ба пайравии суханони Сарвари давлат, як қатор сарчашмаҳои таърихӣ, аз қабили «Шоҳнома»-и безаволи А. Фирдавсӣ шаҳодат медиҳад, ки либоси ниёгони мо бо рангу тарҳи духти худ ба маросиме хос будааст.
Масалан ранги либоси мотамӣ дар достони «Огоҳӣ ёфтани модар аз кушта шудани Суҳроб»-и «Шоҳнома»-и А. Фирдавсӣ чунин оварда шудааст:
Дари хонаҳоро сияҳ кард пок,
Зи коху равоқаш баровард хок.
 
Фурӯ ҳишт ҷое, ки буд ҷои базм,
Аз он базмгаҳ рафта будаш ба разм.
 
Бипӯшид пас ҷомаи нилгун,
Ҳамон нилгун ғарқ гашта ба хун.
 
Аз ин бармеояд, ки ниёгони тоҷикон ғамгинии худро бо бабар намудани либоси рангҳои тирадошта нишон медоданд. Яъне, фарҳанги либоспӯшии тоҷикон ба худ рамзҳои ифодакунанда дошта, зебогиҳои табиӣ, ҳолати рӯҳӣ ва мавқеи иҷтимоии шахсро дар ҷомеа нишон медод.      
Тоҷикон аз замони бостон фарҳанги ба бар намудани либосҳои ҷашнӣ, ба монанди чакан, гулдӯзӣ ва атласро доштанд, ки ин анъана баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат аз нав эҳё шуданд. Дар гузашта аз матоҳои пахтагини бо нахҳои абрешимин гулдӯзишуда ва матоъҳои атлас пероҳанҳои расмӣ ва ҷашнӣ омода карда мешудаанд. Либоси рӯзмарраро аз матоҳои пахтагини гулбаст ва чит омода мекарданд.  
Миллати тоҷик аз замони бостонӣ фарҳанги бабарнамудани либосҳои расмӣ, маросимӣ ва ҳамарӯзаро доштаанд. Инчунин, интихоби тарҳ ва рангҳои либос дар гузашта синну сол, яъне ҷавон, миёнасол ва пиронсол будани шахсро нишон медод.
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои   худ саҳми арзанда доштани занону бонувони тоҷикро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷомеа ёдовар шуда, дар оянда баҳри рушди таълиму тарбия ва ба воя расонидани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандустӣ талош намудани онҳоро зикр менамоянд.
Бонувони тоҷикро зарур аст, ки то бештар ба фарҳангӣ либоспушии ниёгонамон такя намуда, дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ аз ранг ва тарҳҳои шинаму зебои либоси миллии тоҷикона истифода намоянд. Зеро дар паҳн намудани фарҳанги либоспӯшӣ аз гузашта то имрӯз  мавқеи занон хело назаррас аст.
  Юсуфбекова З., Шовалиева М., Сафоева Б., кормандони шуъбаи мардумшиносии
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардушиносии ба номи А. Дониши АМИТ