RU
НУСРАТУЛЛО МАХСУМ: ФИДОКОРӢ, ВАТАНПАРВАРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
“Mo - наслҳои имрӯза кӯшишу талошҳои фарзандони ба нангу номуси миллати тоцик, аз ҷумла яке аз симоҳои барҷастаи сиёсию давлатии ибтидои асри гузашта Нусратулло Махсумро, ки зодаи Рашти бостонй буда, дар қатори нахустин роҳбарони мамлакатамон барои ҳамчун ҷумҳурӣ ташаккул ёфтани Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардааст, ба таври шоиста қадршиносӣ мекунем”
Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи башарият собит сохтааст, ки барои пойдории ҳаводиси таърихӣ дар аксар мавридҳо нақши марказиро шахсони алоҳида бозидаанд, ки бо кору рафтори хеш боиси сарҷамъӣ, ваҳдату ягонагӣ ва созандагию пешрафти ҷомеа гардида, як давраи муайяни таърихи миллату кишварро дар худ таҷассум мекунанд.
Боиси ифтихор аст, ки чунин чеҳраҳои таърихсоз ва таҷассумкунандаи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик дар таърихи миллати мо кам нестанд ва мо кору фаъолият ва муборизаю талошҳои онҳоро дар роҳи пойдории миллату кишвари азиз ҳамеша гиромӣ медорем. Дар ин поя пеш аз ҳама метавон аз хидмату корномаи чунин абармардони миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ёдовар шуд.
Корномаҳои ин абармардони асил барои ҷавонони имрӯзу фардо чун оина инъикоскунандаи саҳифаҳои талошу мубориза баҳри ҳифзу марзу бум ва ҳувияту ягонагии миллат мебошад.
Яке аз чеҳраҳои шинохтаи таърихи тоҷикон Нусратулло Махсум, арбоби сиёсию давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, муборизи роҳи давлатдории тоҷикон мебошад. Ин фарзанди шуҷои миллат тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро барои озодӣ ва ободии халқи худ сарф намуда, бо меҳнату заҳматҳои роҳбарию давлатдории худ барои Ватан хидмат кардааст.
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳақиқат таъқибу фишорҳои сиёсӣ нисбат ба ходимони давлатӣ, ҳизбӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри XX мудҳиштарин ва тирратарин давра барои рушди давлатдорӣ, ҳаёти иҷтимоӣ, икқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гардид.
Дар замони истиқлолият имкон пайдо шуд, ки номи онҳоеро, ки баҳри таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон хизматҳои сазовор намудаанд, аз нав зинда намоем.
Аз ҷониби дигар, даъвати Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Э. Раҳмон дар хусуси он, ки “бояд силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем”, дастуре ҳаст барои рӯ овардан ба таърих худ, аз нав зинда намудани чеҳраҳои таърихӣ, ба мисоли Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, ки барои Ватан, Миллат ва Давлати тоҷикон ҷони худро фидо намудаанд.
Н.Махсум чун фарзанди асили миллат, ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ дар кадом вазифае фаъолият мебурд, барои ҳалли масоили ҳамарӯзаи сиёсӣ ва ташкили давлати мустақили тоҷикон кӯшиш менамуд.
Маҳорати баланди ташкилотчигии ӯ ҳангоми иҷрои вазифаҳои душвор дар барқарор намудани Ҳокимияти Шуравӣ, ҷорӣ намудани арзишҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ, барҳам додани қувваҳои зиддишуравӣ, таъсиси давлатҳои худмухтор ва ҷумҳурии миллии тоҷикон, дар ташаккул ва рушди сохторҳои давлатӣ, наҷот додани аҳолӣ аз гуруснагӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони роҳбарӣ, бунёди сохторҳои хоҷагии халқ, рушди аграрӣ ва дигар соҳаҳои зиндагии ҷомеа ва давлат намоён мегардид.
Хизматҳои шоёни Нусратулло ва дигар фидоиёни миллат бо эълон гардидани Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон вусъати тоза ёфта, барои ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардид. Дар он солҳои душвор бо талошу заҳматҳои фарзандони фидокору фарзонаи миллат ба монанди Н.Махсум ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистони навбунёд марҳала ба марҳала обод гардид.
Нусратулло Махсум ҳамчун арбоби сиёсӣ дар ҳалли мушкилоти умдаи ҳаёти мардуми мамлакат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори ҷумҳурӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ дод. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ дар шароити ниҳоят душвори ҳарбӣ ва сиёсӣ рост омадааст, ки аз ҳар як роҳбар ғайр аз малака, таҷриба, шуҷоат низ талаб мекард.
Саҳми Нусратулло Махсум дар мубориза бар зидди қувваҳои босмачиёни қаламрави Бухорои Шарқӣ бисёр бузург аст.
Аз рӯзҳои аввали мубориза барои барпо кардан ва таҳким бахшидани Ҳокимияти Шуравӣ дар Бухорои Шарқӣ ба сохтмони давлатӣ бо масъулияти дучанд муносибат мекард.
Нусратулло Махсум аз соли 1921 то соли 1933 дар мақомоти мухталиф - аз раиси Кумитаи инқилобии вилоятӣ то раиси Кумитаи инқилобии ҷумҳуриявӣ, чун сарвари тоҷикон тамоми ҳаёту фаъолияти худро аз самими дил ва содиқона барои Ҳокимияти шуравӣ бахшид. Агар тақдир ба ин шахсияти фидоиву нотакрор тараҳҳум мекард ва ӯ дар айни камолоти умр қурбони ғаразу туҳмати даврони сиёсати шахспарастӣ намешуд, боз корҳои зиёдеро ба нафъи халқу ватанаш анҷом медод.
Зиндагии ибратомӯз ва фаъолияти бунёдкоронаи ӯ бо тамғаи тӯҳматомези «душмани халқ» зери шубҳа монда, солиёни дароз ном ва кору пайкори қахрамононаш ба забон гирифта намешуд.
Дар он замонҳо ҳалли беадолатона ва риёкоронаи марзбандии миллӣ – ҳудудӣ, ки калонтарину муҳимтарини самти ҳалли масъалаи миллӣ буд, Н. Махсумро ором нагузошт. Ӯ бо қарорҳои комиссияи тақсимоти ҳудудии миллӣ шинос шуда, ба хулосаҳои он норизоӣ баён кард ва сипас бо мактуб ба Котиби генералии ҲКИШ(б) И.В.Сталин муроҷиат карда буд. Ин далолатест аз шуҷоати Н.Махсум. Зиёда аз он аз пуштибонии миллати худ талабҳои худро оид ба аз нав дида баромадани ин масъала пешниҳод намудааст.
Баъди як аср маълум гардид. ки ин мактуби Н.Махсум барои миллати тоҷик тақдирсоз, аммо барои худи ӯ тақдирсӯз буд, ки бо миллатчигӣ ӯро айбдор намуданд.
Ӯ ошкор навишта буд, ки тақсимоти ҳудудӣ-миллӣ нисбати тоҷикон беадолатона сурат гирифтааст. Барои исботи ин Н.Махсум далелҳои раднопазирро пешниҳод намуд.
Яке аз далелҳо ин буд, ки ҳудуди вилояти автономии Тоҷикистон нодуруст муайян карда шудааст ва маҳалҳои зиёде, ки дар он до тоҷикон аксариятро ташкил медиҳанд, ба ҳайати Узбекистан шомил гардидааст. Ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Қарори ба ҳайати Ӯзбекистон, чун вилояти автономӣ даровардани Тоҷикистон - ин вайронкунии ҳуқуқи тоҷикон ба худмуайянкунӣ мебошад. Дар мактуби худ Н.Махсум ин даъвоҳояшро бо далелу рақамҳои мушаххас ва баҳснопазир исбот мекунад.
Номи мубораки ин марди фидоӣ баъди нуздаҳ соли маргаш сафед карда шуда, кору пайкори ватанхоҳона, симои сиёсӣ, маданияти рохбарӣ ва тафаккури давлатдории ӯ аз нав зинда гардид.
Дуруст гуфтаанд, ки ҳарчанд қаҳрамонони миллат бар асари беадолатиҳои замон муддате ба гӯшаи фаромушӣ мераванд, вале боз чун офтоби зиёбахш аз нав тулӯъ хоҳанд кард.
Дар баробари истиқбол гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ халкқи тоҷик бо камоли ифтихор 145 солагии зодрузи мубораки фарзанди бузург, арбоби барҷастаи давлатӣ, аламбардори миллат Нусратулло Махсумро бо тантана ҷашн мегирад.
Дар ҳақиқат ҳаёти ибратбахш, талошу муборизаҳои ватанхоҳӣ, усули давлатдории ин марди наҷибу нотакрор барои наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар, барои давлатдорони Тоҷикистони соҳибистиқлол мактаби ҷасорат, меҳанпарастӣ ва ибрат мебошад.
Воқеан ҳам амалу фаъолияти Нусратулло Махсум саросар корнамоист. Дар тасвири хидматҳои ҷоннисоронаи меҳанпарастии Нусратулло Махсум мисолҳои зиёд овардан мумкин. Махсусан, талошҳои ӯ барои муҳоҷир кардани кӯҳистониёни камзамину безамин ба водиҳои Тоҷикистон ва соҳибӣ кардани ин заминҳои обӣ аз тарафи деҳқонони фироргашта, дар рушду нумӯи кишоварзӣ ва бисёр масъалаҳои ба ин монанд боиси тазаккур аст.
Боиси қайд аст, ки зиндагӣ, фаъолияти сиёсӣ ва санъати давлатдории ин инсони бузург, ки дар саргаҳи барпо намудани Ҳокимияти Шуравӣ, пайдоиши нахустин мақомоти инқилобӣ, баъдтар ниҳодҳои давлатию ҳизбӣ қарор дошт, як мактаби сиёсӣ ва давлатдорӣ шуда метавонад. Ӯ аз байни тоҷикон бори аввал дар мақомоти олии давлатӣ ҷойивазкунандаи раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ фаъолият иамудааст.
Поягузории давлатдории навини миллии халқи тоҷик дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри сипаригашта, солҳои воқеан тақдирсоз сурат гирифт. Маҳз дар ҳамин солҳо сиёсатмадорони ояндаи кишвар малакаи кори идоракунии ҷомеаро аз худ намудаву дар ҷараёни пурталотуми муборизаҳои сиёсӣ обутоб ёфта, барои амалӣ сохтани орзуи деринаи миллати хеш қаҳрамониҳо мекунад.
Имрӯз дар замони истикдолияти Тоҷикистон орзую омол ва ормонҳои наҷиби Нусратулло Махсум ва ҳамсангарону ҳамнабардонаш мақому манзалати хоса пайдо карда, барон наслҳои имрӯзаву оянда чун тимсоли олии фидокорӣ ва мактаби ибратоӯзи ватанпарварию миллатдустӣ хизмат менамояд.
Дар даврони истиқлолияти милливу давлатӣ таърихи халқи тоҷик аз назари тоза мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифта, корнамоиҳои фарзанди барӯманду ҷонфидои миллат Н.Махсум, бо мукофоти олии Ватан сазовор гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон аз 27- уми июни соли 2006 ба фарзанди фидокор ва содиқи Ватан Нусратулло Махсум барои хизматҳои бузургаш дар поягузории истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Мо дар шахсияти мардони фарзонаи миллатамон, ба мисли Нусратулло Махсум ва ҳамсафони ӯ фарзандони фидоӣ, муборизони ҳақиқии Ватан, озодӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи сарзамини бостониамонро мебинем ва қадршиносӣ мекунем.
Имрӯз дар Ватани азизамон орзуву ниятҳои неки Нусратулло Махсум ва даҳҳо родмардони миллатдӯсту меҳанпараст, аз қабили ормону ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ – сҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва рамзҳои давлатӣ, бузургдошти рамзҳои миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни ҷаҳонӣ амалӣ шуданд ва амлӣ шуда истодаанд.
Мардуми сарбаланди тоҷик дар қатори фарзандони бузурги худ бояд номи Нусратулло Махсумро бо сипос ба забон гиранд ва кору пайкор ва заҳматҳои кашидаи ӯро ба хотири Ватан ва халқ фаромӯш насозанд.
Хулоса Нусратулло Махсум яке аз бузургмардони сарзамини мост, ки барои соҳибдавлат гардидани миллати тоҷик, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, озодию истиқлоли мо ҷони худро фидо кардааст. Корномаи қаҳрамони Тоҷикистон – Нусратулло Махсум, фаъолияту хизматҳои шоёни ӯ барои миллати тоҷик намунаи ибрат ва омӯзанда мебошад.
Ходими пешбари илмии Шуъбаи таърихи навтарини
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ,
номзади илмҳои таърих, дотсент Икромиддин Неъматов
