Пирумшоев Ҳайдаршо
доктори илмҳои таърих, профессор,
узви вобастаи АМИТ, сарходими илмӣ
Email: pirumshoev.44@mail.ru
Тел: +992919148736
Пирумшоев Ҳайдаршо, милаташ тоҷик, 30 декабри соли 1944 дар деҳаи Водхуди ноҳия Ванҷ, ВМКБ ҶШС Тоҷикистон дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст.
Хатмкардаи факултаи таърихи донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, ба номи Т.Г.Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) соли 1970.
Солҳои 1970-1972 – ассистенти кафедраи таърихи ИҶШС (феълан таърихи Ватан)-и Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе.
1972-1975 – аспиранти кафедраи номбурда.
1975-1985 – муаллими калон, дотсент.
1985-1995 – декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон.
1996-2019 – мудири шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ (феълан АМИТ).
Аз соли 2019 – сарходими шуъбаи номбурда.
Соли 1979 – дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Шаҳрҳои Бухорои Шарқӣ охири асри Х1Х – ибтидои асри ХХ дар асарҳои муҳаққиқони рус”.
1996 – дифои рисолаи докторӣ дар мавзӯи “Муносибатҳои Россияю Осиёи Миёна дар асрҳои ХУ – миёнаи Х1Х дар таърихнигории рус”.
1999 – унвони илмии профессор.
2007 – узви ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия.
2017 – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Самтҳои асосии таҳқиқот: таърихи Ватан, таърих ва таърихнигории Осиёи Марказӣ ва Россия.
Муаллифи беш аз 420 корҳои чопӣ, аз ҷумла 40 китобхои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ.
Чунин рисолаҳои илмии муҳаққиқ, монанди “Муҳаққиқони тоинқилобии рус доир ба шаҳрҳои Бухорои Шарқӣ охири асри XIX – ибтидои асри XX”, “Тоҷикистон дар асарҳои тадқиқотчиёни тоинқилобии рус (нимаи дуюми асри XIX- ибтидои асри XX” “Муҳаққиқони тоинқилобии рус доир ба сиёсати Русия дар Осиёи Миёна дар асри XVIII”, “Таърихи омӯзиши шӯриши Восеъ”, “Муносибатҳои Русию Осиёи Миёна асрҳои XVI - миёнаи XIX дар таърихнигории рус”, “Замини мардхез”, “Ҷовидон дар ёдҳо”, “Ванҷ (Очерки илмӣ-оммавӣ”), “Кашшофи нақди таърих”, “Таърихи Дарвоз (аз қадим то замони муосир)”, “Таърихи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон”. – Ҷ.I (дар ҳаммуалифӣ), “Русия – Тоҷикистон: таърихи робитаи тарафайн” (бо ҳаммуалифии М. Маликов), “Файзи истиқлол дар “Боми ҷаҳон” (бо ҳаммуалифии Р.Масов), “Таърихи халқи тоҷик”. (Китоби дарсӣ барои донишҷуёни факултети тахрихи макотиби олии ҷумҳурӣ) . – Ҷ.II, “Бозсозӣ: сохтем ё бохтем?”, “Донишгоҳи омӯзгорӣ дар масири таърихи миллат” (дар ҳаммуаллифӣ)”, “Нахустин маркази илму таълими таърих” (дар ҳаммуаллифӣ), “Таърихи халқи тоҷик”. – Ҷ. IV (дар ҳаммуаллифӣ), “Ванҷи ману ганҷи ман. Очерки таърихӣ”, “Масоили консептуалии таърих ва таърихнигории халқи тоҷик”, “Таърихи халқи тоҷик дар тарозуи таърихнигорӣ”, “Табли озодӣ дар аҳди бедодӣ” (бахшида ба 130-солагии шӯриши Восеъ)”, “Шириншо шотемур” (аз силсилаи “Қаҳрамонони Тоҷикистон”, дар шарикмуаллифӣ), Бобоҷон Ғафуров” (аз силсилаи “Қаҳрамонони Тоҷикистон”), “Ахтари илму сиёсат”, “Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорӣ”, ва ғайра аз тарафи мутахассисон баҳои баланд гирифтаанд.
Ҳ.Пирумшоев яке аз муаллифон ва муҳаррири масъули ҷилдҳои сеюм ва чоруми таҳқиқоти бунёдии “Таърихи халқи тоҷик дар 6 ҷилд ҳисоб меёбад.
Олим дар бисёр симпозиуму, коференсияҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок дошта бо маърӯзаҳои ҷолибу рӯзмарраи илмӣ баромад кардааст.
Таҳти роҳбарии ӯ 11 рисолаи докторӣ вабеш аз 20 рисолаи номзадӣ дифоъ шуда, чандин рисолаҳо барои ҳимоя омода шудаанд.
Фаъолияти илмии муҳаққиқ аз таълими ҷудо набуда, пайваста дар Донишгоҳи давлатии омӯзгори ва Донишгоҳи Русияву Тоҷикисон (Славянӣ) сурат мегирад. Аз фанҳои “Назария ва методология таърих”, “Масоили мубрами илми таърих”, “Таърихнигории таърихи халқи тоҷик” ба магистрҳо, аспирантон ва унвонҷуёни сатҳи доктор PhD машғулияти назариявӣ ва амалӣ мегузаронад.
Дорандаи медали ҷашнӣ “ XX –солагии Ғалаба аз болои Германияи фашистӣ” – соли 1964, “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (1986), “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”.
Барандаи “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф”, соли 2016 ва “Ҷоизаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, соли 2020