yakubov.jpg
 
 Яқубов Юсуфшо   
Академик, доктори илмҳои таърих,   
сарходими  шуъбаи бостоншиносӣ   
 Тел:+992 938775622     
 
 
 
 
 
 
16 ноябри соли 1937 дар деҳаи Равнови ноҳияи Дарвози ВМКБ ба дунё омадааст. Хатмкунандаи факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1960). Соли 1963 ба аспирантураи Институти таърихи АИ РСС Тоҷикистон дохил шудааст. Рисолаи номзадиро соли 1969 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР дар Москва бо мавзӯи “Фархор дар асрҳои 7-8” ҳимоя кард. Соли 1988 дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов диссертасияи докториро ҳимоя кард.
Соли 1991 ба ҳайси узви  вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб шудааст. Аз соли 1998 академики АМИТ  мебошад.  Муаллифи зиёда аз 300 асари илмӣ.
Ю. Яқубов бостоншинос, муаррих, забоншинос, авастошинос мебошад. Ӯ дар  ноҳияҳои Данғара, Кӯлоб, Восеъ, Вахш таҳқиқотҳо гузаронд, ки дар рафти онҳо садҳо объектҳои таърихию таъиноти функсионалиашон гуногун ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳафриётҳои муштарак дар Тоҷикистон бо иштироки олимони Фаронса, Германия ва Россия ҳамчун роҳбари экспедитсияҳо иштирок менамояд.
Барои саҳми арзанда дар соҳаи илм бо медали ЮНЕСКО мукофотонида шудааст. Ба ҳайси узви вобастаи Институти бостоншиносии Олмон қабул шудааст. Бо унвони «Ходими хизматнишондодаи илму техникаи Тоҷикистон» қадрдонӣ гардидааст.
 
Муҳимтарин асарҳои Ю. Яқубов:
1.Паргар в VII-VIII вв. н.э.: Верхний Зеравшан в эпоху раннего средневековья. – Душанбе, 1979. – 218 с.
2. Путешествие в Согдиану / А. Мухтаров, Н. Негматов, В. Ранов, Ю. Якубов. – Душанбе, 1982. – С. 109-133.
3. Раннесредневековые сельские поселения горного Согда (К проблеме становления феодализма). – Душанбе, 1988. – 289 с.
4. Тоҷикон (Оиди таърихи халқи тоҷик). – Душанбе, 1992. – 64 с. (араб.).
5. Религия древнего Согда. – Душанбе, 1996. – 195 с.
6. Таърихи шаклгирии тамаддуни тоҷик (ба форсӣ) // Эроншинохт. – Машҳад, 1998. – № 6. – 169-207; № 7. – С.234-271.
7. Тоҷикшинос. – Душанбе, 1999. – 110 с.
8. Гоҳномаи Авастоӣ. – Душанбе, 2003. – 96 с.
9. Маниши миллӣ. – Душанбе, 2004. – 71 с.
10. История Куляба с древнейших времен до наших дней / Ю. Якубов, Д. Довуди, Т. Филимонова. – Душанбе, 2006. – 262 с.
11.Художественная керамика IX-XV вв. // Художественная культура Центральной Азии в IX-XV веках. Т. 1. – Самарканд-Ташкент, 2011. – 3п.л.
12. Художественное стекло IX-XV вв. // Художественная культура Центральной Азии в IX-XV веках. Т. 3. – Самарканд-Ташкент, 2011. – 2 п.л.
13. Художественная торевтика IX-XV вв. // Художественная культура Центральной Азии в IX-XV веках. Т. 4. – Самарканд-Ташкент, 2011. – 2 п.л.
14. Художественная архитектура IX-XV вв. // Художественная культура Центральной Азии в IX-XV веках. Т. 5. / Ю. Якубов, Р. Мукимов. – Самарканд-Ташкент, 2011. – 4 п.л.