Акрамов Муртазо Инъомович
Ходими илмии шуъбаи таърихи навтарин
Тел: +992907144365
Почтаи электронӣ: akramov.murtazo@mail.ru
Акрамов Муртазо Инъомович 2 май соли 1972 дар шахри Душанбеи ҶШС Точикистон дар оилаи хизматчиён таваллуд ёфтааст. Солҳои 1979-1989 мактаби миёнаи рақами 58-и шаҳри Душанбе таҳсил ва хатм кардааст.
Соли 1990 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленини факултети таърих буда, соли 1995 таҳсилро бомуваффақият ба итмом расонда, бо ихтисоси таърих-ҷамъиятшиносй.
Соли 1998 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2004 онро бо дипломи факултаи ҳуқуқшиносӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1996 дар Мактаби миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ба ҳайси омӯзгори фанҳои таърих, ҷомеашиносӣ ва асосҳои давлату ҳуқуқ оғоз кардааст.
Солҳои 1999-2007 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои зерин кор кардааст: нозири воҳиди таъиноти махсус, нозири воҳиди оперативӣ-тактикӣ, инспектори калони воҳиди оперативӣ-навбатӣ бо ш. боздоштгоҳи муваққатӣ. Вай дар давраи кор дар ин ташкилот дар сохаи муборизаи зидди чинояткории муташаккил тачрибаи калони амалй андухт. Аз 1 январ то 4 апрели соли 2001 дар полиси Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шаҳрҳои Висбаден ва Берлин таҳсил кардааст.
Соли 2007 ба фаъолияти илмию омӯзгории Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ)-и дар кафедраи «Муносибатҳои байналмилалӣ» машғул буда, як қатор мақолаҳо оид ба масъалаҳои амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба табъ расонид.
Аз соли 2015 то имрӯз ба ҳайси ходими илмии шӯъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ фаъолият дорад.
Соли 2021 Акрамов М.И. аз рӯи ихтисоси 07. 00. 02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) дар мавзӯи «Муборизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар охири асри XX – ибтидои асри XXI» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Акрамов М.И. муаллифи як монография ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ оид ба таърихи халқи тоҷик дар давраи навтарин мебошад.