ИШТИРОКИ КОРМАНДИ ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А.ДОНИШИ АМИТ ДАР МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛИАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ФАРОНСА
Аз 8-ум то 16-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Ҷонзаки Фаронса мактаби байналмилалии бостоншиносӣ барои муҳаққиқони ҷавони Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Мактаби мазкур бо кӯмаки Маркази археозоологӣ оид ба омӯзиши Осиёи Марказӣ «ZooStan», Маркази миллии таҳқиқотии Фаронса (CNRS), Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи А.Форобӣ ва дастгирии Вазорати фарҳанги Фаронса, Сафортаҳои Фаронса дар Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ва инчунин Сафорати Қазоқистон дар Фаронса ташкил карда шуд.
Ба ҳайати кумитаи тадорукот марказҳои пешбари илмию таълимии минтақа: Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ, Институти фаронсавии омӯзиши Осиёи Марказӣ, Бишкек (IFEAK), Институти байналмилалии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ (Самарқанд, Ӯзбекистон), Институти байналмилалии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ, Самарқанд, Ӯзбекистон, Институти бостоншиносии ба номи М. Марғулан (Алмато, Қазоқистон), Донишгоҳи Назарбоев (Остона, Қазоқистон),Институти бостоншиносии Самарқанд ба номи Я. Ғуломов (Ӯзбекистон), Маркази миллии бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш. Рашидов, (Ӯзбекистон), Донишгоҳи давлатии Ош (Қирғизистон) Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагин (Бишкек, Қирғизистон) дохил мешуданд.Аз Тоҷикистон дар мактаби бостоншиносии Фаронса ходими илмии шуъбаи этнология ва антропология Маснав Наврузбеков иштирок дошт, ки тавассути озмун аз ҷониби ташкилкуннадагон интихоб гардид.
Барои иштирокчиёни мактаби бостоншиносӣ лексия ва машғулиятҳои амалӣ доир ба самтҳои асосии бостоншиносии муосир ва биоархеология, аз ҷумла палеогенетика, палеопротеомика, зооархеология, археозоология, технологияи литикӣ ва усулҳои оморӣ,антропологияи виртуалӣ ва таҳлили планиграфии ёдгориҳои бостонӣ гузаронида шуданд. Пас аз гирифтани донишҳои назариявӣ барои мустаҳқам намудани дониши худ, иштирокчиён дар озмоишгоҳ машғулияти амалӣ гузаронда, усулҳои таҳлили маводи бостоншиносиро азхуд намуданд. Инчунин иштирокунандагон дар ҳафриёти ёдгории палеолитии Ше-Пино (Chez-Pinaud, Jonzac, 70 ҳазор сол пеш ) ширкат варзида, бо усулҳои муосири таҳқиқоти саҳроӣ ва коркарди камералии бозёфтҳо шинос шуданд.
Илова бар ин, иштирокчиёни мактаби бостоншиносӣ сафарҳои саҳроиро ба марказҳои пешбари археологӣ ва палеонтологии минтақа, аз ҷумла:Осорхонаи миллии тотаърихии Ле-Эзи, Бошишгоҳҳои палеолитии Ле Мусте ва Ле Плакард, ғорҳои дорои санъати рӯисангии давраи палеолитии Руффиняку Вилонёр ва ёдгории палеонтологии Анжак-сюр-Шарант анҷом доданд.
Дар мактаби бостоншиносии Фаронса ба ғайр аз Осиёи Марказӣ муҳаққиқони ҷавон аз Италия, Испания, Сербия, Россия ва Фаронса иштирок дошта, табодули таҷриба намуданд. Мутахассисони варзидаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи бостоншиносӣ, антропология ва зооархеология (Ж.Ж.Юблен, И.Кревекоёр, М. Огюяр, Л.Орландо, В.Ренндю, С.Шнайдер, К.Колобова ва дигарон) дар бораи истифодаи усулҳои муосир дар таҳқиқот мубодила карданд.
Бояд қайд кард, ки мактаби бостоншиносӣ дар Фаронса як қадами устувори тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва омода намудани насли навини муҳаққиқони Осиёи Марказӣ гардид, ки барои аз худ намудани усулҳои муосири саҳроӣ ва лабораторӣ мусоидат кард. Пас аз анҷоми барномаи таълимӣ ба ҳамаи иштирокчиён сертификат дода шуд, ки иштироки фаъол ва мувафаққияти онҳоро дар барнома тасдиқ мекунад. Махсусан муҳаққиқони ҷавон таҷрибаи беназирро дар ҳафриётҳои саҳроӣ ва машғулиятҳои амалиро дар озмоишгоҳҳо ҳосил намуда, дониши касбии худро васеъ намуданд ва ҳамкории илмиро бо ҳамкасбон аз Фаронса ва дигар кишварҳо барқарор намуданд.
Иштирокчии мактаби бостоншиносӣ барои муҳаққиқони ҷавони Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон Маснав Наврузбеков ба Президенти академияи милли илмҳои Тоқикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои дастгирӣ ва имкони иштирок дар мактаби байналмилиалӣ ва инчунин ба созмондиҳандагон ва муассисаҳои илмӣ, ки ин лоиҳаи илмии байналмилиалиро дастгирӣ карданд, изҳори сипос менамояд.
М.Н.Наврузбеков