КАШФИ ЁДГОРИИ НАВ ДАР ДЕҲОТИ ФАРОБИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Санаи 3.06.2023 аз ҷониби сокинони маҳаллии ҷамоати деҳоти Фароби ш. Панҷакент иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани қитъаи хурди замин як новус кушода шудааст. Дар таърихи 05.06.2023 бо дастури роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мусоидати Шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бостоншиносон н.и.т. Шароф Қурбонов ва Абдураҳмон Пӯлотов аз ёдгории мазкур дидан намуданд. Он дар қисмати ҷанубии мазори Эшони Зарробӣ, қисмати ғарбии сойи Ошхона, қисмати ҷанубии деҳаи Олимобод (Маҳаллаи Қаротегин)-и ҷ.д. Фароби ш. Панҷакент ҷойгир буда, атрофи онро қабристони замони нав иҳота кардааст.
Дар натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ дар зери зардхок новус кофта шуд, ки шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад. Дар дохили новус тоқчаҳо мавҷуданд. Дар ҳар кадом тоқча як сағона ё устухондон (хуми устухондор) гузошта шудааст. Қисми зиёди чунин тоқчаҳо дар натиҷаи намнокии замин хароб шудаанд.
Бостоншиносон ба он андешаанд, ки чунин новус бори аввал дар қисмати кӯҳистони Суғди бостон дучор меояд. Зеро он бо хусусиятҳои ба худ хос аз дигар иншооти маросими дафнкунии зардуштӣ фарқ мекунад.
Таҳқиқот дар ин самт идома дошта, хулосаҳои ниҳоии мутахассисин пас аз анҷоми пурраи таҳлилҳо пешкаши олами илм мегардад.
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ