Ҳотамов Намоз Басарович,
профессор
 
ИЛҲОМИ ТОЗА АЗ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 28 ДЕКАБРИ СОЛИ 2023
 
 
28 декабри соли 2023 дар толори калони “Кохи Сомон” – Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Паёми навбатии Президенти ҷумҳурӣ тавассути тамоми шабакаҳои оинаи нилгун ва радио манзури мардум гардонида шуд ва нусхаи пурраи он дар матбуоти даврӣ нашр гардид. Аз ин рӯ, мардум, ҳатто ҳамватанони бурунмарзии мо бо мазмуни Паём шинос шуданд.
Бегуфтугӯ, мардуми мо, инчунин дӯстони хориҷииамон, аз муваффақиятҳои махсусан дар солҳои охир ба даст овардаи ҷумҳурии мо ба ваҷд омадаанд. Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оиди пешравиҳо дар тамоми самтҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, ва сиёсат сухан гуфта, таъкид намуданд, ки “... ҳамаи пешравиҳои зикршуда маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарифи кишвар ба даст омадаанд. Аз ин лиҳоз, ба мардуми соҳибмаърифату тамаддунсоз ва шарафманду сарбаланди мамалакат барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва заҳмати аҳлонаву ободгарона сипосу минатдории самимии худро изҳор мекунам”
Ба Истиқлолияти давлатии мо ҳамагӣ 32 сол пур шуда, 10 соли аввали он бо ҷанги бемаънии бародаркуш (солҳои 1992-1997) ва азнавсозии харобиҳои он гузашт. Ба ғайр аз талафотҳои ҷонӣ (мувофиқи маълумотҳо зиёда аз 150 ҳазор нафар қурбон шуданд), зарари иқтисодии он зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро (бо ҳисоби ҳамонвақта) ташкил дод. Тамоми самтҳои иқтисодиёти мамлакат зарар диданд. Ин ҷанг мамлакати моро даҳсолаҳо қафо партофт. Бисёр мутахассисон, аз ҷумла мутахассисони маҳаллӣ ҳам ҷумҳуриро тарк намуданд. Зеро онҳо боварӣ надоштанд, ки ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ба зудӣ ба итмом мерасаду, харобиҳои он аз нав барқарор мешаванд.
Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 сулҳи байни тоҷикон имзо гардид ва ҷанги шаҳрвандӣ ба итмом расид. Бояд дар хотир дошт, ки соли 1999 дараҷаи камбизоатӣ дар мамлакат ба 83% расида буд. Махсусан ноҳияҳои водии Вахш, Ҳисор ва Кулобро гуруснагӣ фаро гирифа буд. Дар шаҳри Душанбе - пойтахти мамлакат, мардум шабу рӯз дар мағозаҳо барои нон навбат меистоданд. Сафи гурезагон аз як миллион нафар гузашта буд.
Бо талошҳои Президенти маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисми зиёди гурезагон ба ватан баргардонида шуданд. Мардуми кишвар бо як дилгармӣ рӯ ба меҳнат оварданд. Дар натиҷа аз соли 2000 “рушди иқтисоди мамлакат” шурӯъ гардид.
Ҷумҳурии мо ба тамоми душвориҳои нигоҳ накарда, сол аз сол ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид. Чуноне дар “Паём” оварда шудааст, танҳо дар 7 соли охир, дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ “аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид”. Махсусан ҳиссаи соҳибкорони кишвар дар муваффақиятҳои бадастоварда бузург аст. Аз ҷониби онҳо дар 7 соли охир “беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаҳои тандурустӣ, 11, 5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, барои истифода супориданд”.
Оромии мамлакат, мутобиқати иқтисодиёти кишвар ба талаботи маблағгузарони хориҷӣ шароит муҳайё намуд, ки “ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидаст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад”
Дар натиҷа сатҳи зиндагии мардум баланд гардид. Аз ҷумла, сатҳи камбизоатӣ дар соли 2023, нисбат ба соли 1999 то 62% кам гардида, ба 21% фаромад. Дар Паём мақсад гузошта шуд, ки дар 7 соли минбаъда сатҳи камбизоатиро дар мамлакат то 10% фароранд .
Солҳои 2022-2026 дар кишвар дар асоси Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2018– Солҳои рушди суръатноки саноат” эълон гардид. Маҳз ба шарофати амалисозии ин иқдом “тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст”.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳолат ва рушди неругоҳҳои барқии мамлакат диққати махсус дода шуд. Зеро, аз рушди ин соҳа на танҳо рушди саноат ва иҷтимоиёт, балки тамоми иқтисодиёти мамлакат вобастагии сахт дорад. Ба ғайр аз сохтмони иншооти бузурги аср - Неругоҳи барқии обии Роғун, ки соли 2025 ба истифода додани агрегати сеюми он дар назар аст, боз таъмиру таҷдид, яъне навсозии неругоҳҳое, ки амал мекунанд, зарур ҳисобида шуд. Ба ин мақсад “беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии “Сарбанд” пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд.
Инчунин таҷдиди неругоҳҳои “Норак” ва “Қайроқум” бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расонидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмуъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад. Дар натиҷаи ин ҳама соли 2023 дар ҷумҳурии мо “ истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 4,8 миллиард киловатт соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.
Аз оғози корҳои сохтмониву барқарорсозии неругоҳи “Роғун” то охири соли 2023, аз ҳисоби буҷаи давлат беш аз 35 млрд сомонӣ маблағ равона гардидааст.
Барои пешрафти ҷумҳурӣ сохтмони роҳҳо аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ доранд. Онҳо имконият медиҳанд, ки кишвари азизи мо ҳарчи зудтар аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, ба кишвари транзитӣ табдил ёбад. Ҷумҳуриамон ҳоло ба давлатҳои ҳамсоя: Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ҷумҳурии мардумии Чин имконияти муътадили тиҷоратӣ дорад. Ба ҳамин мақсад дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 58 лоиҳаи гуногуни сармоягузории давлатӣ ба маблағи 26, 6 миллиард сомонӣ амалӣ гардидааст. Чуноне дар “Паём” таъкид гардидааст, “...дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин-Тоҷикистон - Афғонистон ва Чин – Тоҷикистон – Узбекистон –Туркманистон – Эрон– Туркия – Аврупо, инчунин Тоҷикистон–Чин–Покистон истифода хоҳад шуд”
Пӯшида нест, ки пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба боғшаҳр табдил ёфтааст. Биноҳои бисёрошёна, ки қариб тамоми ҳудуди шаҳрро фаро гирифтаанд, ба ҳусни шаҳр боз ҳусн зам намудааст. Ҳар як меҳмони шаҳр аз чунин муваффақиятҳо дар ҳайрат мемонад. Албатта, вазъи роҳҳои автомобилгарди пойтахт аз мадди назари онҳо дур намондаанд. Дар ин самт ҳам пешравиҳо назаррас мебошанд. Чуноне дар “Паём” таъкид гардидааст: “ дар 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар пойтахти мамлакат 82 километр роҳҳо ба маблағи 2 миллиарду 235 миллион сомонӣ азнавсозӣ карда шудаанд.
Дар се соли оянда дар шаҳри Душанбе 40 километр роҳҳои мошингард бо 7 эстакада бо арзиши умумии зиёда аз 3 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода мешаванд”.
Афзоиши шумораи аҳолии ҷумҳурӣ талаб мекунад, ки минбаъд ҳам ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода шавад. Зеро, агар “ соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи нақшаи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи якум ба 261 ҳазор нафар расидааст. 
Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло кам аст. Дар ин самт, албатта вазъи таҳсилоти олии касбӣ ҳам ҳама вақт дар мадди назари Ҳукумати мамлакат мебошад. Сол аз сол на танҳо шумораи донишҷӯён мефзояд, балки биноҳои нави таълимии ҷавобгӯ ба талабот қомат рост мекунанд. Ба ин бинои нави Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва филиали он дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон мисол шуда метавонанд.
Дар Паём суръати афзоиши аҳолиро ба назар гирифта, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи онҳо шумораи донишҷӯён ҳам хело афзудааст. Вале талаботи замон нисбати мутахассисони ҷавон зиёд гардидааст. Бинобар ҳамин ҳам дар Паём таъкид гардидааст, ки бояд “... барои ба сатҳи сифатан баланд бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Шумораи донишҷӯёне, ки дар давлатҳои хориҷа таҳсил менамоянд, соли 2023 ба 41 ҳазору 232 нафар расидааст. Аз ин миқдор 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.
Хулоса, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ ба мардуми шарифи кишвар мурҷиат менамоянд, ки “табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем”. Мо боварии комил дорем, ки ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон чунин муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз таҳти дил дастгирӣ менамоянд.