Сафарзода Некрӯз, номзади илмҳои таърих,
ходими пешбари илмии Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ба номи Аҳмади Дониши АМИТ
НЕРӮИ ЗЕҲНИИ МИЛЛАТ - СУТУНИ ЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ
(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илм ва маорифи кишвар)
 
Собиқаи таърихи башар исбот кардааст, ки пешрафти ҳар миллат ва давлат ба таваҷҷуҳи ҷомеаи он ба илму маориф вобаста аст. Ин таваҷҷуҳ дар навбати худ аз сиёсатгузориҳо маншаъ мегирад. Илм худ ба маънии огоҳӣ доштан, дониш гирифтан ва ба ҳақиқату воқеияти чизе расидан тариқи ақл аст. Илм соҳаест, ки дар он донишҳои назарӣ ба даст меоянд ва дар пайи татбиқ дастовардҳои бузурге барои рушди инсоният сохтаву кашф мешаванд. Дарки ин нукта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели хиради комилу андешаи солими созанда доштани ин абармарди сиёсат ва бунёдгари давлати навини миллат аст.
Тавре медонем, ҳамасола мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони соҳаҳои гуногуни мамлакат баргузор мешавад, ки зимни он дастоварду комёбиҳои ҳар соҳа баррасӣ гашта, ҳамзамон вазифаҳои мушаххас барои оянда ба миён гузошта мешаванд. Дар ҳамин радиф 30 майи соли 2024 дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд. Зимни ин мулоқот ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар баррасӣ шуд.
Омори ироашуда нишон медиҳад, ки то кадом ҳадд дараҷаи рушди илму маориф дар кишвар пешрафтҳо ва дастовардҳои назаррас доштааст. Аз ҷумла, афзоиши шумори мактабҳои навбунёд, муҷаҳҳаз кардани таълимгоҳҳо бо технологияи муосир, бунёди иншооти муҳим барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки тӯли беш аз 30-соли истиқлоли кишвар сурат гирифтаанд, далели айнӣ ва воқеии тағйироти ҷиддӣ дар ин масъала мебошанд. Маҳз бо ибтикороти Пешвои миллат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Дигар масъалаи муҳимме, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат мебошад, дастгирии иҷтимоии аҳли илму маориф аст. Зимни мулоқот омори дар санадҳои расмӣ дарҷшуда зикр шуд, ки агар онҳоро мавриди таҳлили амиқ қарор диҳем, динамикаи баланд гаштани сатҳи иҷтимоии зиндагии аҳли илм возеҳан намоён хоҳад гашт. Ба ғайр аз ин, қадрдонии аҳли илму маориф барои дастовардҳои арзанда дар фаъолияти худ аз ҷумлаи иқдомоти ҳамешагиест, ки Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои миллат амалӣ кардааст. То кунун барои олимону ихтироъкорон ҷоизаву мукофотҳои зиёде ихтисос дода шуда, беҳтарин шахсиятҳои фаъол дар ин соҳа бо онҳо сарфароз шудаанд.
Нуктаи муҳимми дигар, ки Пешвои миллат таваҷҷуҳ карданд, нақш ва ҷойгоҳи олимону омӯзгорон дар тарбия ва таълими насли ҷавону навраси мамлакат мебошад. Ин масъала хусусан дар шароити бисёр мураккаби замони муосир, дучори ҳамлаҳои иттилоотӣ ва таблиғоти муғризонаи бадхоҳони миллат ва давлати тоҷикон гаштани ҷавонон бисёр саривақтӣ ва ҷиддӣ аст. Маҳз дар чунин шароит олимону омӯзгоронро эҳсоси бештари масъулият ва дарки амиқи ватандорӣ мебояд.
Айни замон дар ҷаҳон равандҳои пуртазоде ҷараён доранд, ки нақши олимон ва омӯзгорон воқеан дар мусоидат ба пешгирии хатароти он ба ҷомеаи мамлакат болотар шудааст. Мо, аҳли илму маориф, дар чунин шароит бояд дар тарбияи ғоявии ҷавонону наврасон саҳми бештар гузошта, бо ғанӣ гардондани фазои илмӣ ва таълимӣ тариқи таълифоти худ, пуштибонии ҳамаҷониба аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллатро изҳор дорем, дар бунёди кишвари худ ва ба дараҷаи баланди рушд расондани он кӯмакрасон ва сутуни эътимоди Сарвари кишвар бошем. Ҳар миллат ҳамон вақт рушд хоҳад кард, ки нерӯи зеҳнии он, яъне аҳли илму маориф дар паҳлуи нерӯи сиёсӣ барои бунёдкорӣ ва рушди устувори давлат ҳамовозу ҳамсаф бошад.