RU
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАШАККУЛИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Ҳамасола, санаи 6 ноябр, дар саросари кишвари азизамон ҳамчун Рӯзи Конститутсия ботантана таҷлил мегардад.
31 сол муқаддам - рӯзи 6 - уми ноябри соли 1994 барои нахустин бор дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи (Сарқонуни) давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосӣ ва олии кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон барои аввалин бор мафҳумҳо ва арзишҳое ба мисли ҳокимияти халқ, волоияти қонун, озодии инсон, масъулияти шаҳрванд дар назди ҷомеа ва давлат, инчунин таъмини баробарии иҷтимоӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ба таври возеҳ баён гардиданд. Маҳз ҳамин арзишҳо заминаи идеологӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҷомеаеро, ки дар он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дар меҳвари фаъолияти давлат қарор доранд, фароҳам намудаанд.
Қобили зикр аст, ки аз 100 моддаи Конститутсия 34 моддаи он (зиёда 1/3 ҳисса) ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон - шаҳрванд бахшида шудааст.
Конститутсия аз дебочаи мухтасар 10 боб ва 100 модда иборат аст
Қабули Конститутсия 6 ноябри соли 1994 дар як давраи басо ҳассоси таърихӣ дар ҷумҳурӣ - пас аз нооромиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои аввали истиқлол - рӯйдоди тақдирсоз барои сарнавишти давлат ва миллат ба ҳисоб меравад.
Кишвари ба тозагӣ ба истиқлолрасида ниёз ба як санади ягонаи ҳуқуқӣ барои ҳифзи ваҳдат, истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дошт. Бо шарофати қабули чунин Қонуни асосӣ, пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлат мустаҳкам гардиданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист самти дурусти рушд ва суботро интихоб намояд.
Дар Тоҷикистон то замони эълони истиқлоли давлатӣ панҷ маротиба - солҳои 1929, 1931, 1935, 1937 ва 1978 Конститутсия қабул шудааст. Ин конститутсияҳо дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ қабул шуда буданд ва моҳияту мақсаду мароми ин сохти мавҷудаи ҷамъиятиро инъикос карда, мақоми Тоҷикистонро ҳамчун узви Иттиҳоди Шуравӣ ба сифати ҷумҳурии иттифоқӣ муайян карда буданд.
Баъд аз эълони соҳибистиқлолии давлатии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 зарур буд, ки Конститутсияи давлати нави мустақили бавуҷудомада, таҳия ва қабул карда шавад, аммо ихтилофоти сиёсӣ ва баъдан ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки ин санади муҳиму зарурӣ ва муайянкунандаи масири минбаъдаи рушди кишвар омода ва қабул гардад.
Масъалаи мазкур баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Роҳбари нави Тоҷикистон, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матраҳ мегардад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Сарвари давлат интихоб шудан, ба таври қатъӣ иброз намуданд: «Мақсади мо бунёди давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин роҳи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем».
Заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон (9.9.1991) ташкил медиҳад. Лоиҳаи Конститутсия моҳи майи соли 1994 барои шиносоӣ дар матбуот ба нашр расида, дар раъйпурсии умумихалқӣ (6.11.1994) бо номи Конститутсия (Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон) қабул гардид.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи ҷамъбасти низоми шуравии сотсиолистӣ ва таъсисёбии давлатдории тоҷик рост меояд. Дар он идомаи ғояҳо, арзишҳо ва дастовардҳои гузаштаю навини Ҷумҳурӣ инъикос ёфтаанд.
Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати сарнавиштсозест, ки пояҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвари мо мустаҳкам намуд.
Аз дидгоҳи таърихӣ, Конститутсияи соли 1994 натиҷаи як раванди мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ буд, ки дар он орзӯю ғояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон таҷассум ёфт.
Аз нигоҳи сиёсӣ бошад, он механизмеро фароҳам овард, ки ба воситаи он тақсимоти ҳокимият, интихоботҳои демократӣ, озодии афкор ва фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ таъмин гардиданд.
Ба Конститутсия се бор (26.9.1999, 22.6.2003, 22.5.2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
Ҳамин тариқ, таҳлили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дидгоҳи таърихӣ ва сиёсӣ нишон медиҳад, ки ин санад на танҳо низоми идораи давлатро муайян кард, балки барои ташаккули низоми нави иҷтимоӣ - низоми ҷомеаи шаҳрвандии муосир заминаи устувор гузошт.
И. Неъматов, номзади илмҳои таърих, дотсент
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
