RU
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ–НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «ШУРИШИ СОЛИ 1916 ВА ТАЪСИРИ ОН БА ДИГАР МАНОТИҚИ ОСИЁИ МИЁНА» БАРГУЗОР ГАРДИД
29 майи соли 2026 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ–назариявӣ дар мавзуи «Шуриши соли 1916 ва таъсири он ба дигар манотиқи Осиёи Миёна» баргузор гардид.
Ҳадафи конфронс баррасии омилҳои таърихии сар задани Шуриши соли 1916, омӯзиши раванди ин ҳодисаи муҳими таърихӣ дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Миёна ва таҳлили паёмадҳои сиёсию иҷтимоии он барои халқҳои минтақа буд.
Конфронсро директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А.А. ифтитоҳ намуда, аҳамияти омӯзиши амиқи рӯйдодҳои соли 1916-ро дар шинохти равандҳои таърихии минтақа ва таҳкими худшиносии миллӣ таъкид кард.
Дар ҷараёни конфронс олимон ва муҳаққиқони соҳа бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои таърих, профессор Р. Абулҳаев дар мавзуи «Ҷунбишҳои мардуми дар болооби водии Зарафшон дар арафа ва давраи Шуриши соли 1916» суханронӣ карда, хусусиятҳои ҳаракатҳои мардумиро дар минтақаи мазкур таҳлил намуд.
Доктори илмҳои таърих Ф. Абдурашитов дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Ходженское восстание 1916 года как реакция на переселенческую политику России в Средней Азии» омилҳои сиёсӣ ва иҷтимоии шуриши Хуҷандро дар заминаи сиёсати муҳоҷиркунонии Империяи Русия баррасӣ кард.
Ҳамчунин, доктори илмҳои таърих, профессор Н.Ҳотамов дар мавзуи «Таъсири Шуриши 1916 ба Аморати Бухоро» оид ба таъсири рӯйдодҳои соли 1916 ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Аморати Бухоро андешаронӣ намуд.
Доктори илмҳои таърих, профессор Насрулло Убайдулло дар маърӯзаи худ таҳти унвони «Состояние народного образования таджикского народа в начале XX века (историографии проблемы)» масъалаҳои марбут ба вазъи маорифи халқи тоҷик дар ибтидои асри XX ва инъикоси онҳо дар адабиёти таърихнигориро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар идома номзади илмҳои таърих, дотсент А.Ғафуров бо маърӯзаи «Инъикоси таърихи Шуриши соли 1916-и Хуҷанд дар адабиёти илмии ватанӣ» ҷанбаҳои гуногуни омӯзиши ин масъала дар осори муҳаққиқони ватаниро баррасӣ намуд.
Дар фарҷоми конфронс иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба Шуриши соли 1916 мубодилаи афкор намуда, зарурати идомаи таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши ҳамаҷонибаи ин рӯйдоди таърихиро таъкид карданд.
