RU
МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИЕ, КИ ДАР ПОЯИ ХУДШИНОСИИ ТАЪРИХӢ БУНЁД ЁФТААСТ
(Ба ифтихори 34-солагии Мактаби давлатдории  Пешвои миллат)
Соли равони 2026 барои мардуми шарифи ҷумҳурӣ ва тоҷикони ҷаҳон соли таҷлили чандин ҷашнвораи пурифтихору арзишманд ба мисли 35-солагии истиқлоли давлатӣ, 34-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 34-солагии Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат ва 29 солагии ба имзорасии «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Ин санаҳои муҳимми таърихии замони истиқлоли давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ва умуман тоҷикон азиз ва манбаи ифтихори миллӣ буда, маҳз дар натиҷаи сиёсати мудаббирона ва созандаю ваҳдатофари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Ин, пеш аз ҳама натиҷаи фаъолияти Мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар давоми ташаккули худ тавонист ҷумҳурии тозаистиқлолро аз вартаи парокандагию вомондагӣ ба кишвари рӯй ба инкишоф мубаддал гардонад.
Маълум аст, ки мактаби давлатдории тоҷикон таърихи хеле тӯлонӣ дорад ва тоҷикон ҳамчун халқи соҳибтаъриху соҳибфарҳанг ва соҳибдавлати минтақа дорои ойину суннатҳои волои кишвардорӣ мебошанд, ки имрӯз мавриди омӯзиши илмҳои ҷомеашиносии ҷаҳони муосир қарор гирифтааст. «Таърихи ҳазорсолаҳои дуру наздик,-таъкид менамоянд  Пешвои миллат,- гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳёро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид». (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Иборат аз чаҳор китоб. Душанбе: «Ирфон», 2009.- с.146.).  
Ба замми ин, Пешвои миллат боз ҳам таъкид менамоянд, ки фарҳанги давлатдории тоҷикон асосан дар қаламрави Бохтар ва Суғди қадим падид омада, аз рӯйи низоми идоракунӣ, дастгоҳи маъмурию назорат, анъанаҳои хоси кишвардорӣ, санъати хосаи шаҳрсозӣ, бунёди истеҳкомҳои ҳарбӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, ривоҷи тиҷорату муомилот ва дигар омилҳои муҳимми давлатдорӣ муқаддамтар аз шоҳаншоҳии ҳахоманишӣ мебошад ва, инчунин андешаи ибтидои ин давлатдорӣ аз аҳди Оли Сомон, ки аз ҷониби баъзе пажӯҳандагон манзур мегардад, низ қобили дастгирӣ нест. (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён.- с.146-147.).  Зеро суннати давлатдории Пешдодиёну Каёниён дар Ориёнои таърихӣ, яъне дар қаламрави Бохтару Суғди қадим то омадани Ҳахоманишиён устувору побарҷо буд ва баъдан ин суннатҳо дар тамоми қаламрави ҳахоманишӣ паҳн гардида, ба ташаккули нахустин империяи ҷаҳонӣ нақши муҳим гузоштанд. Барои ҳамин метавон гуфт, ки Бохтару Суғди қадим гаҳвораи нахустини давлату давлатдории ниёгони тоҷикон буд ва «аз тухми ҳамин давлати нахустин тамаддун давлатдории минбаъдаи ниёгони тоҷикон сабзида, бо шуҳрати азалӣ ва овозаи оламгираш то интиҳои қарни XX ва оғози ҳазорсолаи сеюм омада расид». (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. - с.107.). Ин мактаби бузурги давлатдорӣ маҳз дар давраи истиқлоли давлатӣ ва бешак тавассути Мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо аз нав эҳё гардид, балки боз ҳам ташаккулу такмил ёфт ва ба унсурҳои таърихии аҷдодӣ шаклу мазмуни нав вобаста ба рушди ҷаҳони муосир ворид карда шуд.
Дар саргаҳи ҳама марҳалаҳои таърихии рушди ин фарҳанги давлатдорӣ чеҳраҳои мондагор ва шахсиятҳои бузурги таърихӣ меистанд, ки бо заҳмату фаросати волои сиёсатмадорию кишвардории худ ба рушду такомули он ҷилои наву тоза бахшиданд. Дар илмҳои ҷомеашиносӣ таъкид мегардад, ки таърих натанҳо солномаи ҳаводис аст, инчунин инъикоси табиати инсон, робитаи мутақобилаи шахс ва ҷомеа буда, нақши чеҳраи алоҳида ҳамчун омили дигаркунандаи равиши таърихӣ мақоми калидиро соҳиб мебошад. Дар бисёр ҳолатҳо қарор ва амали як шахсият, сифатҳои шахсӣ ва андешаҳои ормонии ӯ боиси барангезиши таҳаввулоти ҷиддӣ дар таърихи миллату давлатҳои алоҳида ва ҳатто умумибашарӣ мегарданд. “Дар таърихи ҳар миллат,-менависанд Пешвои миллат,- дер ё зуд шахсиятҳои барҷастае пайдо мешаванд, ки тақдири онро ба куллӣ тағйир дода, маданияти моддиву манавии онро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд”. (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Д., 2016, саҳ. 6.). Мо метавонем як зумраи онҳо, ба вижа Куруши Кабир, Спитамен, Зардушт, Монӣ, Маздак, Исмоили Сомонӣ, шумораи зиёди сиёсатмадорон, мутафаккирону адибони тоҷик, бахусус Рӯдакию Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуровро номбар намоем, ки ҳар яке бо кору корнамоӣ, шуҷоату далерӣ, фазлу дониш, бузургию тавонмандӣ, ҷонсупорию истиқлолхоҳӣ, талошу мубориза дар саҳфаи таърихи тӯлонии халқи тоҷик ҷойи ифтихориро ишғол менамоянд.
Аммо, ба назари мо, вобаста ба нақши мондагоре, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, хатару таҳдидҳои миёншикану қисматсӯз мақоми чанд давлатсолору давлатдори тамаддуни давлатдории тоҷикӣ-форсӣ ё ориёӣ аз замонҳои қадим то имрӯз - Куруши Кабир, Яъқуби Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус ва аммияти барҷастаи омӯзиширо соҳиб мебошад. Ҳар яке аз ин чеҳраҳо дар саргаҳи истиқлоли сиёсию давлатӣ, баҳамоии мардуми ориёӣ, ягонагию ваҳдат, оғози як марҳалаи бузурги рушду созандагӣ меистанд. 
Муҳимтарин омиле, ки кишвардорони бузурги мо такя ба он намуда, марҳалаи нави истиқлоли сиёсию давлатиро ибтидо гузошта, ягонагию ваҳдати халқу миллатро ба даст оварданд ин рӯй овардан ба таърих ба гузаштаи пурифтихори аҷдодӣ мебошад. Аз ин омили созанда ва ҳамеша таъсиргузор, махсусан  Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров ва  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба таври фаровон истифода карданд, балки комилан дар такя ба он давлатсолории худро бунёд намудаанд. “Тақдири давлатдории Куруш,-менависанд Пешвои миллат,- ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон хеле шабоҳат дорад, ки рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкорию ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангист”. (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Д., 2016, саҳ. 7.). Куруш “бори нахуст чандин кишварҳо ва халқҳои ориёиро дар ҳайати як давлат муттаҳид намуда, барои ташаккулу инкишофи забону фарҳанги ягонаи онҳо мусоидат намуд”. (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Д., 2016, саҳ. 21.).  Исмоили Сомонӣ  бошад “ватани таърихии тоҷикон - Хуросони бузургро бо он ҳама шукӯҳмандии фарҳангияш умри дубора ато намуд ва марҳалаи ҷадидеро дар таърихи қавмҳои ориёӣ оғоз ниҳод” (Донишномаи Сомониён. Ҷилди якум.-Хуҷанд, 2008.-саҳ. 383.). “Ин сиёсатмадори бузург, - менависанд Пешвои миллат,- ба корҳои созандагӣ ва ободонӣ, беҳбудии рӯзгору осоиши мардум, ривоҷу равнақи шаҳрдорӣ ва инкишофу илму фарҳанг таваҷҷуҳи доимӣ дошт. Исмоили Сомонӣ ба рукни ниҳоят муҳимми давлатдории ориёӣ-масъулияти давлат дар таъмини шароити зарурии пешрафти кишвар садоқати беназире нишон дод”. (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. - Д., 2016, саҳ. 209.). Ва ё боз илова мекунанд: “Хизмати бузурги таърихии Исмоили Сомонӣ ва ниёгони ӯ дар он буд, ки низоми ниҳоят муназзам, муассир ва фаъоли идораи марказӣ ва маҳаллиро бунёд гузоштанд. Ин низом унсурҳо ва арзишҳои муҳимтарини давлатдории ориёиро эҳё намуда, онҳоро бо арзишҳои тамаддуни гузаштаву мавҷудаи давр омезиш дод. Дар натиҷа, ин низом таҷассумгари арзишҳои беҳтарини давлатдорӣ ва ба эътирофи аксари донишмандон, мутамаддинтарин давлати замони худ гардид”. (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Д.,2016. -С.210).
Доир ба усули сарварии аллома Бобоҷон Ғафуров Пешвои миллат менависанд: «Дар он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта буд ва ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, аз ҷониби роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ даст задан ба омӯзиши мавзӯи тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонӣ буд».  (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Д.,2016. -С.210).
Бояд гуфт, ки ин сифатҳо ва корномаҳо ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат низ бевосита рабт доранд ва мактаби давлатдории Пешвои миллат маҳз аз ҳамин мактабҳои бузурги аҷдодӣ манша мегирад. Инро сиёсатмадорони шинохтаи дунё ва роҳбарони эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ, донишмандону коршиносон борҳо иброз ва эътироф намудаанд. Таҷрибаи давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ, наҷоти миллат ва сулҳу ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайҳо ба адабиёти таълимии давлатдории ҷаҳонӣ ворид гардидааст. Оини сарварии мактаби давлатдории Пешвои миллат аз афкору андешаи миллӣ, суннату анъанаҳои давлатдории ниёгонамон, афкору андешаҳои мутафакирони халқи тоҷик сарчашма мегирад ва маҳз ба он такя менамояд.
Воқеан 34 сол пеш, 16 ноябри соли 1992 дар гармҷӯши рамзҳои манҳуси ояндакуш, дар сарҳадди ҳаёту мамоти миллати тоҷик интихоби вакилони халқ аз номи мардум интихоби саҳеҳ, интихоби мувофиқ ба армонҳои ҷомеаи тоҷикон, интихоб ва фиристодаи таърих ва тамаддуни шашҳазорсола буд.
Муътамадтарин пояи Мактаби давлатдории Пешвои миллат ин такя ба таъриху фарҳанги чандҳазорсолаи халқи тоҷик мебошад, зеро  бо андешаи худи Пешвои миллат “мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объективию субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд. Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯйи мо қарор дод, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд”. (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. - с.5.).
Омили асосии рӯй ба таърих ва сабақҳои он овардани Пешвои миллат, пеш аз ҳама ба воқеияти талхи дучор омадани халқи тоҷик дар ибтидои замони истиқлоли давлатӣ мебошад, зеро он вақт «на танҳо иқтисод ва сиёсати давлат осеб дида буданд, балки худшиносӣ ва ҳофизаи таърихӣ низ заиф гашта буд». (Раҳимӣ Ф. Абармарди таърихсоз. Китоби 2. -Д.,2025. -с. 110.). Ба андешаи муаллифони китоби «Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат» худшиносии миллӣ қисми таркибии шуури миллӣ буда, аз ягонагии худмаърифатии миллӣ, ҳиссиёти миллӣ ва худбаҳодиҳии миллӣ иборат мебошад. (Хушвахтзода Қ.Х., Қаландарзода К.К. Сарваршиносӣ дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат. -Д., 2026. -С.310). Пешвои муаззами миллат менависанд: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати хеш огоҳии комил медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мебардоштем, шояд тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сари халқи тоҷик омад, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт». (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. - с.8.). Ва ҳамзамон илова менамоянд: «Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори бақои миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанг аст. Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад». (Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. - с.11.).
“Дар мантиқи баёни Пешвои миллат,- таъкид менамояд профессор С.Ятимов,- мазҳари омӯхтан, аз худ кардани аризишмандтарин дастовардҳои моддӣ ва маънавии таърихи чандинҳазорсолаи миллат ҳамеша дар мадди назар аст. Он дар амалияи сиёсии давлатдории навин бо масъулияти бузург мавриди истифода қарор мегирад. Таъкид мешавад, ки дастовард ва мероси ниёгон бояд чун сарчашмаи маънавии худшиносии миллӣ хизмат кунад”. (Ятимов С. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ//Асарҳо. Ҷилди 5. -Д., 2019.-С.14.).
Воқеан, Пешвои миллат тавассути татбиқи сиёсати  мудаббирона ва созандаю ҳакимонаи худ тавонистанд дар давраи ниҳоят ҳассоси солҳои 90-уми асри гузашта, ки қисмат ва тақдири ҷумҳурии тозаистиқлол ва масъалаи пора-порашавии давлату миллати тоҷик ба миён омада буд, ҷомеаи кишварро рӯй ба гузаштаи миллат, оину суннатҳои арзишманди аҷдодӣ ва худогоҳию худшиносии миллӣ бозгардонанд ва кишвару миллатро наҷот бахшанд. Бо талқини пайвастаи ҳикмату фалсафаи таърих тавассути паёму суханрониҳо, дастуру супоришҳо, таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, арҷгузорӣ ба хидмату корномаҳои нухбагони таъриху фарҳанг, илму адаб, ҳифз ва эҳёи суннатҳои миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, таҳкиму ривоҷи худшиносии миллӣ, истеҳкоми ҳувийяти миллӣ, инчунин мақолаву асарҳои пурарзиш назари салим ва ҳакимонаи худро ба масоили гуногуни таърихи ниёкон иброз намоянд ва гузаштаи пурғановату таъриху фарҳанги аҷдодиро ба яке аз унсурҳои меҳварии усули давлатсолории худ табдил диҳанд. Аммо бояд иқрор шуд, ки Пешвои миллат на танҳо дар сарварию ҳидоят, балки амалан дар татбиқи ин сиёсати давлатӣ худ низ намуна мебошанд ва бо кирдору рафтори тоҷиконаи худ ба таърихи ниёкон арҷ гузошта, ба фарҳанги чандинҳазорсолаи давлатдории тоҷикон шеваю унсурҳои наву тоза ворид намуданд. Пешвои миллат нахустин тоҷике дар таърихи навини миллат мебошанд, ки дар маснади роҳбарӣ аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун оварданд, ки бо моҳият ва арзишмандии хеш худшиносии тоҷиконро вусъати тоза дода, дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯйҳои таърихиву миллии тоҷикон марҳалаи комилан тозаро ба миён оварданд.
Дар муддати 35 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳнамоии Пешвои миллат халқи тоҷик роҳи садсолаҳоро тавонист дар даҳсолаҳо тай намуда, дар қаламрави таърих фурсатро ба саҳнаи корзорҳо табдил диҳад.  Пешвои муаззами миллат доир ба ин роҳи 35-солаи тайнамуда худ таъбире доранд: “марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кутоҳ, вале пур аз ҳаводису рӯйдодҳои муҳимми тақдирсози халқи мо мебошад”.
“Дар бораи роҳ, усул, маърифат, назокат, муошират ва фарҳанги волои идории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,-таъкид менамояд профессор С. Ятимов, - месазад таҳқиқоти тахассусмандонаи академии шоистаи илмӣ ба анҷом расад ва он ҳамчун мактаби раҳбарии давлатдории миллии намунаи ибрат, мавриди истифодаи наслҳо қарор гирад». (Ятимов С. Нақши шахс дар таърих. ДМТ. Факултети журналистика. https://journalism.tnu.tj/tj).
 
Насрулло УБАЙДУЛЛО,
доктори илмҳои таърих, профессор