Ҳамоиш. БАХШИДА БА 100- СОЛАГИИ АКАДЕМИК АҲРОР МУХТОРОВ
26 ноябри соли равон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявӣ ‹‹Осори қаламӣ ва катибаҳо – шоҳиди гӯёи таърих››, бахшида ба 100- солагии академик Аҳрор Мухторов баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида таъкид дошт, ки Аҳрор Муҳторов 5 ноябри соли 2024 дар шаҳри Уротеппа (Истаравшани кунунӣ) дар хонаводаи равшанфикр дида ба дунё кушода, баъд аз хатми курси тайёрии мактаби таълимӣ-омӯзгорӣ соли 1940 дар мактабе аз деҳаҳои Уротеппа ба ҳайси муаллим ба фаъолияти корӣ оғоз мекунад. Пас аз оѓози Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1942 ихтиёран ба ҷабҳа рафта, дар озод кардани Украина, Полша ва Чехословакия аз вуҷуди нопоки фашистон қаҳрамонона ҷангида, 19 апрели соли 1945 дар шоҳроҳи Берлин-Прага аз таркиши бомба захм бардошта, баъди муолиҷа ба ватан бармегардад.
Ҷавони аз мактаби мардонагӣ гузашта, тасмим мегирад, то таҳсили худро дар яке аз мактабҳои олии кишвар идома диҳад. Ин майл ӯро ба даргоҳи нахустдонишкадаи ҷумҳурӣ – Институти давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) меоварад. Соли 1951 баъди хатми факултети таърихи ин донишкада, муддате дар вазифаи ассистент дар факултети таърихи Институти давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе кор карда, соли 1952 шомили аспирантураи ин донишкада мегардад. Аз ин ба баъд роҳи илм тавассути устодонаш, ба хусус собиқ директори Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон, ховаршиноси маъруф, академик Александр Александрович Семёнов, ки бо ташаббуси бевоситаи Котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров баъди таъсисёбии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба Душанбе даъват шуда буд, ба рӯйи олими ҷавон кушода мешавад.
Дар идома зикр шуд, ки Соли 1953 академик А.А. Семёнов Аҳрор Мухторовро ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардушиносии ба номи Аҳмади Дониши ба кор даъват мекунад ва ӯ соли 1956 рисолаи номзадашро дар мавзӯи «Очеркҳо аз таърихи мулки Ӯротеппа дар нимаи дуюми асри XIX» зери роҳбарии академик А.А.Семёнов бомуваффақият дифоъ менамояд.
Аҳрор Мухторов аз соли 1959 то соли 1991 дар вазифаи мудири шуъбаи таърихи асрҳои миёна кор карда, то охири ҳаёт ба кори ин даргоҳи муқаддаси илм содиқ мемонад.
Дар шуъбаи мазкури Институти таърих Аҳрор Мухторов тамоми зинаҳои илмро тай намуда, соли 1971 дар мавзуи “Ёдгориҳои эпиграфии асрҳои XI-XIX аз Кӯҳистон ҳамчун сарчашма доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна” дар Шурои диссертатсионии Институти шарқшиносии АФ ИҶШС рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1972 унвони профессориро дарёфт карда, соли 1978 узви вобаста ва соли 1991 узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мешавад.
Соли 1976 олими шинохта узви комиссияи бостоншиносӣ дар назди шуъбаи таърихи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, соли 1980 узви анҷумани илмии байналмилалии маҷмуаи катибаҳои Эрон (Лондон) ва соли 1991 узви анҷумани илмии эроншиносии Аврупо интихоб мешавад.
Пажуҳишгоҳи биографии (тарҷумаиҳолии) Иёлоти муттаҳидаи Америка номи академик Аҳрор Мухторовро дар китоби “500 нафар олимони маъруфи ҷаҳон (1994-1995)” ворид карда, олимро бо “Дипломи байналмилалии фарҳангии “Шараф” қадр намуд, ки он аз эътибору эътирофи дастовардҳои илмии ин олими тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад.
Академик Аҳрор Мухторов яке аз поягузорони катибашиносӣ дар Осиёи Миёна эътироф шудааст. Ҷустуҷӯ ва муайян намудани ҷузъиёти муҳими таърихи асри миёнаи минтақа дар катибаҳои болои сангҳо, кӯҳпораҳо ва дару девори манзилҳо номи ин олими тоҷикро дар сафи мутахассисони шинохташудаи Иттиҳоди Шуравӣ қарор дод.
Аҳрор Мухторов аз ибтидои таҳқиқи катибаҳои сангҳои болои марқадҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, ба хулосае омад, ки бояд ин осори арзишманди таърихиро ба пойтахти кишвар интиқол диҳад, то аз боду борон ҳифз шаванд ва дар мавриди пайдо шудани имконият онҳоро дар маърази намоиш гузорад.

1_3.jpg1_4.jpg3_4.jpg5_3.jpg2_4.jpg4_1.jpg

 

 

 

 
 
Аксҳо аз шубаи матбуоти АМИТ.