RU
 
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 100-СОЛАГИИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТАЪРИХ, ПРОФЕССОР МАҲАМАДӢ ҲАМРОЕВ
 
31 октябри соли 2025 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Илм, Ватан ва шахсият: ба ифтихори 100-солагии доктори илмҳои таърих, профессор, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Маҳамадӣ Ҳамроев» баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва муҳаққиқони ҷавон ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ директори Институт, доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А. А. сухани табрикотӣ намуда, оид ба саҳми профессор Маҳамадӣ Ҳамроев дар рушди илми таърих, таҳқиқи масъалаҳои муҳими иҷтимоиву сиёсӣ ва тарбияи насли нави олимон андеша ронд.
Сипас дар ҷараёни конференсия бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд:
узви вобастаи АМИТ, д.и.т., профессор Пирумшоев Ҳ. бо мавзӯи «Хушо он умре, ки дар хизмати илму таълим гузашт»,
д.и.т., профессор Абулхаев Р. бо мавзӯи «Сарбози Ватан ва олими мӯшкоф»,
д.и.т., профессор Ҳотамов Н.Б. бо мавзӯи «Лаҳзаҳои хотирмон (Бахшида ба 100-солагии зодрӯзи устод Ҳамроев Маҳамадӣ Ҳамроевич)»,
д.и.н., профессор Абдурашитов Ф. бо мавзӯи «Эпохальный историк»,
д.и.ф., дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Пиров Аламшо бо мавзӯи «Муҳофизи Ватан, олим, педагог: ҳаёт ва фаъолияти профессор Маҳамадӣ Ҳамроев»,
н.и.т., дотсент Ғафуров А.М. дар мавзӯи «Маҳамадӣ Ҳамроев ва омӯзиши масъалаи саҳми “биступанҷҳазориён” дар азхудкунии водии Вахш»,
н.и.т., дотсент Неъматов И. бо мавзӯи «Профессор Маҳамадӣ Ҳамроев: аз майдони набард то саҳнаи илм  саҳми шахсияти таърихӣ дар ташаккули таърихнигорӣ ва худшиносии миллӣ дар Тоҷикистон»,
Ҳамроева Н.М., омӯзгори калони кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҳти унвони «Из воспоминаний об отце», ки дар он лаҳзаҳои зиндагӣ ва хотираҳои гарми хонадони Ҳамроевро бо меҳр ёдовар шуд.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён саҳми арзанда ва ватандӯстонаи доктори илмҳои таърих, профессор Маҳамадӣ Ҳамроевро дар таҳқиқи таърихи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва рушди таърихнигории ватанӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ, иштирокчиён зарурати идомаи таҳқиқи мероси илмии устод ва шиносоии насли ҷавон бо арзишҳои илмӣ ва ахлоқии ӯро муҳим арзёбӣ карданд.
 Возможно, это изображение учеба