ҲАМОИШИ ИЛМИИ “ТОҲИРИЁН ВА ИСТИҚЛОЛИ ХУРОСОНИ БУЗУРГ” БАХШИДА БА 1200 - СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ ТОҲИРИЁН
Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи  26 апрели соли 2022, ҳамоиши илмии “ТОҲИРИЁН ВА ИСТИҚЛОЛИ ХУРОСОНИ БУЗУРГ” ба ифтихори 1200 - солагии таъсиси давлати Тоҳириён баргузор гардид.
Ҳамоиши илмиро бо сухани табрикотӣ  Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  акдемик Фарҳод Раҳимӣ  ифтитоҳ намуд.
Сипас дар ҳамоиши илмӣ директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ Убайдулло Насрулло Каримзода дар мавзӯъи “Тоҳириён- ибтидои эҳёи давлатдорӣ ва фарҳангу тамаддуни ориёӣ”,  д.и.т., профессор Ҳайдаршо  Пирумшо, Ҳамза Камол, Абдуқаҳор Саидов, Лариса Додихудоева, Фозил Абдурашитов, Саидмурод Бобомуллоев, н.и.т., Абдувалӣ Шарифзода, Юсуф Бобоев, Мубина Маҳмудова, Некрӯз Сафаров   ва  дигарон маърӯза  намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш музокираи доманадор баргузор гардид.