16 — УМИ НОЯБР - РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
     
   Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Убайдулло Насрулло Каримзода ба муносибати  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
   Ҳамдиёрони арҷманд!
    Бо камоли эҳтиром ва самимият кулли ҳамдиёрони сарбаланди ватанро аз номи ҳайати профессорону кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ва аз номи худам ба муносибати Рӯзи Президент табрик намуда, ба хонадони ҳар яки мову Шумо меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба ватани маҳбубамон Тоҷикистон сулҳу осоиш ва рушди бемайлонро таманно менамоям.
     Нахустин маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти кишвар дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16 ноябри соли 1994 баргузор гардида буд. Ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи нави давлатдорӣ - идоракунии президентӣ оғоз ёфт, ки он рушди минбаъдаи бомароми кишварро таъмин намуд. Дар алоқамандӣ бо ин, дар қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол рузи 16 ноябр ҳамчун Рузи Президент пазируфта шуд.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми ин сарзамини бостонӣ ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳама маншаъ аз сиёсати хирадмандонаву созанда ва ваҳдатофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд, мо имрӯз дар кишвари орому осоишта ва пайваста дар рушду нумуъ сукунат дорем.
     Имрӯз ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кулли тоҷикони дунё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари оқилу доно, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, роҳбари фозилу хирадманд, сулҳофару ваҳдатсоз қадр мекунанд.Маҳз бо шарофати ҷонбозию мардонагӣ ва қаҳрамониҳои Президенти ҷумҳурӣ ватани азизамон бо қадамҳои қатъию устувор дар фазои сулҳу осоиш ва рушду субот ба пеш равона аст.
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!