ОҒОЗИ КОРҲОИ БОСТОНШИНОСӢ ДАР САРАЗМ-2

27 апрели соли ҷорӣ дар ёдгории таърихии Саразм - 2-и ноҳияи Панҷакент экспедитсияи муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Миссияи бостоншиносии Фаронса дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Дар ин экспедитсия аз ҳайати Институт  муҳаққиқони бостоншинос Саидмурод Бобомуллоев, Абдурауф Раззоқов, Бобомулло Бобомуллоев, Одилҷон Отабоев ва аз ҷониби Миссияи бостоншиносии Фаронса Фредерик Брюнет, Гурген Давтиан, Давид Сармиенто Кастилло, Матилда Сервел ва Оливер Бордо иштирок доранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки соли 2020 дар арафаи таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразм дар ёдгории Саразм-2 як гӯристони маъмулӣ ва қурғонҳои муҳташам кашф карда шуданд. Дар натиҷаи ковишҳои  бостоншиносӣ  маълум гардид, ки  гӯристон ва қӯрғонҳо ба давраи аҳди биринҷӣ тааллуқ доранд. Ҳадафи имрӯзаи бостоншиносон муайян намудани  фарҳанги мардуми дафншуда, ба аҳолии Саразми бостонӣ тааллуқ доштан ва ё надоштани ин қабристону қурғонҳо мебошад.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз 27 апрел  то 15  майи соли 2023 идома меёбад.