МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

МАКТАБИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар таърихи аз 17 то 23 октябри соли 2022 дар Институти таърихи умумии Академияи илмҳои Русия бо дастгирии бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва Бунёди байнидавлатии гуминатарии ҳамкорӣ дар шаҳри Москва мактаби тобистонаи байналмилалии муаррихони ҷавони кишварҳои узви ИДМ «ИҶШС 1922-1991: таҳаввулоти фарҳангӣ дар заминаи таърихӣ». баргузор шуда истодааст.
Дар мактаби зикргардида, ҳудуди 60 муаррих ва олимони ҷавон ба намояндагӣ аз марказҳои илмӣ ва марказҳои тадқиқотӣ дар мушаххасоти таърихии ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла муаррихони ҷавони тоҷик, ширкат меварзанд.
Мавзуъи мактаби мазкур вежагиҳои зиндагии фарҳангӣ ва сиёсати фарҳангии Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравиро дар марҳилаҳои мухталиф дар бар мегирад.  IMG_20221018_100400.jpgIMG_20221018_122516.jpgphoto_2022-10-20_22-52-09.jpg