04
ноя
БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
Паёми табрикотии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО НАСРУЛЛО КАРИМЗОДА ба ифтихори Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамдиёрони арҷманд!
Аз номи роҳбарият ва ҳайати профессорону кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ бо арзи эҳтирому ифтихор Шумо - сокинони сарбаланди кишварро бо 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба њар яки Шумо зиндагии осоишта, рўзгори обод ва саодати баландро таманно менамоям.
Бистуњашт сол муқаддам бо қабули ин Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи нави созандагию бунёдкориро интихоб намуда, тибқи талаботи қонуни асоси ба эъмори давлати миллии демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ оғоз намуд. Дар ин муддат ин санади муҳимми ҳуқуқӣ бо як маром баҳри таҳким ва рушди ҷомеаи озод, ҳимояи давлати миллӣ, манфиатҳои миллат ва ҳифзи ҳуқуқу озодии ҳар як шаҳрванди мамлакат хидмат менамояд. Қабули Конститутсияи давлати тозаистиқлол 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ яке аз муҳимтарин падидаҳои марҳалаи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад. Он вақт бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсия низ яке аз аввалин таҷрибаи усули давлатдорӣ дар қаламрави пасошўравӣ буд.
Имрўз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мукаммалтарин санади ҳуқуқӣ буда, дар радифи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки мањз њамин «Конститутсия ба сифати Қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Аз ин рў, Конститутсия барои љомеаи навини тоҷик дастурамали зиндагию фаъолият ва бахтномаи миллат аст.
Бигузор, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон њамеша раҳнамои халқи мо ба сӯи ҷомеаи озоду пешрафта бошад, риоя ва таъмини волояти қонун ҳамчун ҷузъи таркибии ҳаёти сокинони озоди кишвар боиси рушду нумуъ ва пешрафти љомеаи озод гардад.
Ин ҷашни фархундаро бори дигар ба тамоми тоҷикистониён муборак гуфта, ба ҳар як шаҳрванди кишвар шодию нишот, саодати рӯзгор ва созандагиҳои навбанавро орзумандам.
Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамдиёрони азиз!