КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ  АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВ ДАР РУШДИ ТАЪРИХНИГОРИИ МИЛЛӢ»
Бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таърихи 13 декабри соли 2022 бахшида ба 110 - солагии академик Баҳодур Искандаров Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши  академик Б. Искандаров дар рушди таърихнигории миллӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия масъалаҳои саҳми Б. Искандаров дар рушди илми таърихшиносии тоҷик, нақши Б. Искандаров дар омӯзиши таърихи Бухорои Шарқӣ ва Бадахшон, инъикоси таърихи Бухоро дар асарҳои Б. Искандаров, инъикоси таърихи Тоҷикистони шӯравӣ дар асарҳои олим,  Искандаров ва таърихнигории миллӣ, рушди илми таърихи ҷумҳурӣ дар солҳои 1960 - 1991-уми асри ХХ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти конференсия маърӯзаҳои олимони Институт - Убайдулло Н.К., Ҳ. Пирумшоев, Н. Ҳотамов, А. Ғафуров, намояндагони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ – Шоинбеков А., Алимшоев М., Саидасанов Ю., С. Сафдарқулова ва дигарон шунида шуд.
Бояд зикр намуд, ки академик Баҳодур Искандаров солҳои 1962 – 1988 вазифаи директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳуриро ба уҳда дошта, дар рушди илми таърихи ватанӣ саҳми калон гузоштааст. Тадқиқоти академик Б.Искандаров зиёда аз 300 мақолаю рисолаҳои илмиро фаро гирифта, ҷабҳаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷикро инъикос намудаанд.

1 - 0003.jpgIMG_20221213_094606.jpgIMG_20221213_102005.jpg

IMG_20221213_100248.jpg1 - 0028.jpgIMG_20221213_094606_0.jpg