ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ҚУТБНАМОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ
  Дар таърихи навини Тоҷикистон Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ Паёми солона – таҳлили ҳаёти ҷомев ва давлат буда, ин падида дар таҷрибаи муосири давлатдории ҷаҳонӣ ифодакунандаи принсипҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Дар Паёми навбатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ муайян шуда, аз тарафи дигар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баҳогузорӣ карда мешавад. Дар ин асос афзалятҳо ва дурнамои рушди ояндаи он муайян карда мшавад.
  Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э Раҳмон ба Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 23 декабри соли 2022 дар Коҳи Сомон бо иштироки намояндагони Парлумон, Ҳукумат, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорату идораҳо, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI, вакилони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, тоҷирону соҳибкорон, созмони ҷавонон, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум баргузор гардид.
  Хеле рамзӣ аст, ки дар суханронии Президент мавқеи ҳимояи манфиатҳои мардуми Тоҷикистон ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа дар Паём барало ҳис гардида, аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ироа шудани манфиатҳои миллии кишвар дар амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик эҳсос карда мешавад.
  Сарвари мамлакат дар Паёми навбатӣ ба амалӣ намудани ҳадафҳои асосӣ – таъмини аҳоли бо озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат диққати махсус доданд. Таъкид карда шуд, ки аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст.
Дар баромади худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки ҳаллу фасли масоили иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба рушди соҳаҳи саноат вобаста аст. Аз ин рӯ дар Паём нисбати таъмини рушди иқтисоди миллӣ таъкид гардид, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.
  Дар Паёми навбатӣ Сарвари мамлакат чун анъана ба рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати аввалиндараҷа дода, қайд намуданд, ки раванди таҳсил дар
муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, аммо зарур аст, ки барои бозҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқитоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
  Масъалаи фарогирии ҷавонони боистеъдоди кишвар дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат низ дар маркази диққати роҳбари мамлакат буда дар Паём таъкид доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои
таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш меёбад. Ҳар сол ҳазорҳо нафар ҷавонони боистеъдоди тоҷик барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.
  Дар Паём вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, Пешвои миллат қайд намуданд, ки ин яке аз масъалаҳои афзалиятноки мамлакат мебошад. Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.
  Дар ин самт Сарвари кишвар бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.
  Сарвари мамлакат бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад. Аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Ҳамаи ин аз он далолат медиҳад, ки Пешвои миллат сиёсати иҷтимоӣ, беҳтар намудани ҳаёти инсонро дар мадди аввал мегузорад.
  Дар Паём Президенти мамлакат боз як бор таъкид намуданд, ки илми тоҷик дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар нақши босазо дорад.    Пешвои миллат дар баробари нақши олимони ҷомеашиносро дар шароити имрӯза ва ҷаҳони зудтағйирёбанда муҳим арзёбӣ намудан, қайд намуданд, ки ин олимон бояд дар ҳамкорӣ бо зиёиёни эҷодкор бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.
Воқеан, Паёми солонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он далолат медиҳад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳилаҳои таърихии давлатдорӣ устуворона қадам мемонад. Аз Паём бармеояд, ки ки дар асоси сиёсати Пешвои миллат маҳз беҳбуди вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, эҳё намудани таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарор гирифтаанд.
 
Абдурашитов Ф.М., доктои илмҳои таърих,
сарходими илмии Шуъбаи таърихи навтарини
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи
А. Дониши АМИТ