Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - раҳнамое ба сӯи ояндаи пурсаодат
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон санади хеле муҳиму сарнавиштсоз, ифодагару раҳнамо ва фарогири рушди устувори ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодву фарҳангии мамлакат буда, тараққиёти оянда, роҳу василаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва калидиро мушаххасу муайян месозад. Он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро вобаста ба ҳадафҳову хусусиятҳои хоси марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат дар бар гирифта, масъалаҳои марбута дар ҷомеа тавассути ироаи он мавриди баррасӣ қарор гирифта, алайҳи зуҳуроти номатлуб тадбирҳои мушаххас андешиданро тақозо менамояд.
Аҳли ҷомеа ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш пазируфта, онро сармашқи фаъолияту раҳнамоии худ менамоянд. Зеро татбиқи ҳар як нуқтаи дар Паём зикршуда қарзи инсонию шаҳрвандӣ ва кафили зиндагии осоишта мебошад. Соли сипаришуда Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 23.12. 2022 сурат гирифта, тавассути радиову телевизион ва дигар васоити ахбори омма мустақиман пахш карда шуд. Дар ин паём масоили самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар соли 2022 натиҷагирӣ шуда, вазифаҳо барои рушди ҳама соҳаҳои мамлакат барои соли 2023 муайян гардид.
Дар ин паём дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба масъалаи маорифи кишвар, хусусан фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои баъди дипломӣ, шарту шароити таълим ва ғайраҳо диққати зарурӣ дода шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз самтҳои асоситарин ва боафзалияти ҳукумату давлат дониста, таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Ҳамзамон, Сарвари давлат қайд намуданд: «Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем». Қайд кардан ба маврид аст, ки мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин паёми худ таъкид намуданд, ки «Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси рушди муассисаҳои таълимӣ, маблағгузорӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2022 ва дигар солҳои соҳибистиқлолӣ, зиёд шудани шумораи хонандагон, инчунин ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия сухан меравад. Аз ҷумла, дар он қайд мегардад, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.
Тавре аз ин паёми Сарвари давлат бармеояд, шумораи хонандагон дар соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки ин шумора дар соли 1991 ба 1 миллиону 1325 ҳазор баробар буд. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ бошад, дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда ва дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуда, дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба ин соҳа 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ва ё 12,6 фоиз зиёд мебошад, ки қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.
Нишондиҳандаҳои зикршуда, бори дигар ба исбот мерасонанд, ки Ҳукумати мамлакат, воқеан, дар самти рушди соҳаи маориф пайваста талош намуда, кӯшиш менамояд, сатҳу сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ ва ҳисси маърифатнокии мардумро баланд бардошта, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа мутахассисони варзида омода намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Паёми худ барои боз ҳам беҳтар намудани шарту шароити таълим, бунёди муассисаҳои таълимӣ, ҷалби мутахассисони ватанӣ, ба таври васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ва ғайраҳо ба масъулини вазорату идораҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ин хусус чунин фармуданд: «Дар ин самт, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамзамон бо ин, вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд».
Хулоса, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар аз самтҳои афзалиятноки мамлакат дониста шуда, иҷрои дастуру супоришҳои дар он гузошташуда роҳнамое ба сӯи ояндаи пурсаодат мебошад.
Шуҳрат Мирзоев,
Ходими илмии шуъбаи таърихи қадим
асрҳои миёна ва давраи нави
ИТБМ ба номи А. Дониши АМИТ