ИНЪИКОСИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати хориҷӣ мебошад, ки ҳамасола дар Паёми Сарвари давлат матраҳ гардида, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои он муайян карда мешаванд. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат асосҳои сиёсати хориҷии кишварро амиқан таҳлил намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки аз фурӯпошии давлати абарқудрати Шӯравӣ даҳсолаҳо сипарӣ шуда бошад ҳам, “тақсимбандии геополитикии ҷаҳон ба охир нарасида, баръакс марзбандиҳои минтақавӣ ва иқтисодию сиёсӣ вусъати нав гирифта истодаанд” ва дар ин замина дар минтақаҳои гуногуни олам ҷангу низоъҳои қавмию мазҳабӣ доман паҳн карда истодаанд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки “дар натиҷаи таҳрики устокоронаи сиёсию иқтисодӣ ва идеологӣ давлатҳои хурду бузург дар қитъаҳои Осиё, Африқо ва Аврупо ба доираи бозиҳои ғаразноки давлатҳои манфиатдор кашида мешаванд”, ки мисоли рӯшани он Афғонистони мусибатзада аст.
Бояд зикр кард, ки қазияи Афғонистон аз ҷумлаи масоилест, ки Пешвои миллат дар Паёмҳои ҳамасолаи хеш аз он ёд мекунад ва таваҷҷуҳи аҳли оламро ба ҳалли мусолиматомези ин қазия ҷалб менамояд. Дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат ба ин мавзуъ дахл карда, қайд намуданд, ки “роҳбарияти Тоҷикистон ин сиёсати худро минбаъд низ идома хоҳад дод, то ки Афғонистон дигар на пойгоҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва на маркази қочоқи маводи мухаддир, балки як кишвари ором ва ҳамсояи осуда бошад”. Ҷониби Тоҷикистон ба хотири аз байн бурдани парваришгоҳҳои терроризм ва экстремизм дар Афғонистон тамоми чораҳои имконпазирро андешида, дар барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангӣ бо роҳи иштирок дар лоиҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама тарбияи кадрҳо ва мутахассисон, барқарор намудан ва сохтмони роҳу кӯпрукҳо, хатҳои интиқоли барқ ва бисёр соҳаҳои дигар саҳм хоҳад гузошт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии хеш роҳандозии сиёсати бисёрсамтаро идома дода, бо тамоми кишварҳои дунё ҳамкориҳои густурда барқарор менамояд. Ба андешаи Пешвои миллат Тоҷикистон бояд дар низоми нави ташаккулёфтаистодаи муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи ба худ муносибро ишғол намуда, ҳамкориҳоро “бо кишварҳои мутараққии ҷаҳон мисли Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Британияи Кабир, Италия, Фаронса, Канада, Япония” дар заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ба роҳ монад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ сиёсати хориҷии кишварро таҳлил намуда, афзалиятҳои онро ба тариқи зайл муайян намуданд:
1. Ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
2. Таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиё.
3. Густариши муносибатҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ.
Ба андешаи Пешвои миллат «муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чи дар асоси дуҷониба ва чи дар доираи Иттиҳод ба сифати яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ боқӣ мемонанд”. Дар ин замина Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳамкориҳои густурдаро бо Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравии Осиёи Миёна таҳким мебахшад. Дар ин маврид бояд зикр намоем, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид дар солҳои 1993-1997 баромад намуда, самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карданд. Аз ҷумла, 30-юми сентябри соли 1994 зимни суханронӣ дар иҷлосияи 49-уми Ассамблеяи Генералии СММ афзалиятнок будани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кишварҳои аъзои ИДМ иброз дошта, аҳаммияти ду самти фаъолияти ҳукуматро дар чорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид карданд, ки манзурашон муносибатҳои муштараку судманд бо Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ буд. Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат ба таҳкими ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, чунин иброз доштанд: “Муносибат бо Федератсияи Россия ҳамчун омили муҳимми амният дар минтақа ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи муҳим дорад”. Вале бояд зикр кард, ки Сарвари давлат гарчанде ки ҳамкории сиёсӣ ва ҳарбию техникии миёни кишварҳоро дар даврони истиқлол мусбат арзёбӣ намуда бошанд ҳам, ҳамкориҳои иқтисодиро ҳанӯз ғайриқаноатбахш меҳисобанд.
Густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифтааст. Дар ин замина Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш қайд менамоянд, ки “шароити иқтисодии Тоҷикистон ҳамкориҳои зичро бо кишварҳои минтақа - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон тақозо дорад. Густариши робитаҳо бо кишварҳои зикршудаи ҳамсоя ба таъмини осоиш ва оромии минтақа хизмат менамояд».
Пешвои муаззами миллат се масъалаи муҳимтарини Осиёи Марказиро, аз қабили проблемаи азхудкунии захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама захираҳои барқи обӣ, истифодаи пурсамар ва оқилонаи об ва проблемаи коммуникатсия, интиқоли бемамониати мол, қувваи корӣ ва сармоя, ки ҳанӯз дар форуми иқтисодии Евразия дар шаҳри Алмаато ироа карда буданд, дар Паёми навбатӣ низ ёдрас шуда, аҳаммияти ҳаётан муҳим доштани ҳалли ин проблемаҳоро барои халқҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.
Таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиё самти дигари афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин маврид Сарвари давлат қайд менамоянд, ки «барои густариши ҳамкориҳо, пеш аз ҳама дар соҳаи иқтисодӣ, бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Туркия, кишварҳои олами араб, мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд».
Дар Паёми навбатӣ низ густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар ин замина Пешвои миллат чунин иброз доштанд: «Созмонҳои байналмилалӣ омили муҳимми ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мебошанд ва Тоҷикистон минбаъд ҳам барои густариши муносибатҳо бо ин созмонҳо манфиатдор хоҳад буд». Сарвари давлат густариши ҳамкориҳоро бо созмонҳои бонуфӯзи байналхалқӣ, аз қабили Созмони милали муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, ташкилоти НАТО, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо таъкид намуданд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш, пас аз таҳлили амиқу ҳамаҷониба дурнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тариқи зайл муайян намуданд: «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми давлатҳои ҷаҳон бояд дар асоси баробарҳуқуқӣ ва прагматизм, бо назардощти манфиатҳои миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва ҳимояи ҳаматарафаи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонамон ба роҳ монда шавад».
Ходими калони илмии Шуъбаи
таърихи навтарини Институти таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ба номи А.Дониши АМИТ Ҷ. Мирзоев