«НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ»
6 майи соли ҷорӣ дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва марудмшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 78 –солагии Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ семинари илмӣ таҳти унвони «Нақши Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» доир гашт. Дар он ҳайати кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, магистрҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён иштирок намуданд.
Семинарро муовини директори Институт оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои таърих Иброҳимов М. кушода, пеш аз ҳама ҳозиринро ба рӯзи 9 май –Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватани табрик гуфт. Сипас мудири шуъбаи таърихи навтарини Институт, номзади илмҳои таърих Ғафуров А. М. доир ба нақши Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ маърӯза намуд.
Маърӯзачӣ зимни суханронии худ доир ба сабабҳо ва омилҳои саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мушкилот ва сабабҳои нобарориҳо дар марҳалахои аввали ҷанг, иштироки фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаи ҷангӣ, қаҳрамонӣ ва ҷонисориҳои фарзандони Тоҷикистон дар набардҳо, ҳамчунин корномаҳои шабонарӯзии тоҷикон дар ақибгоҳ, ширкати тоҷикон дар озод намудани кишварҳои Аврупо аз юғи фашизм бо мисол ва далелҳои қавӣ ёдовар шуд. Хулоса гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар ғалаба бар фашизм саҳми арзанда гузошт.
Дар охири семинар ҳозирин ба маърӯзакунанда саволҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.