АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ А. ДОНИШ
БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ”
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш дар санаи 12.05.2023 бо иштироки ҷавондухтарон зери унвони "Тоҷикона мепӯшем" бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани ҷавондухтарон, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии бонувон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона, дар саҳни АМИТ ҷиҳати муаррифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ аксияи тарғиботӣ роҳандозӣ намуд.
Дар ин рӯз, ҷавондухтарон ба намоиш баромада, либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ тараннумкунандаи фарҳанги волои миллат аст. Моро дар навбати аввал аз тарзи либоспӯшиамон мешиносанд. Бинобар ин, мо бояд унсурҳои хосаи миллии худро дошта бошем. Бояд қайд намоем, ки ба бар намудани либоси миллӣ аз шахс маҳорат ва этикаю эстетикаи хосро талаб намуда, дар ҷойҳои хоса ба бар карда мешавад, ки донистани ин барои занону духтарон хело ҳам муҳим мебошад. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллӣ маҳсуб гашта, баробари ба бар намуданди либосҳои шинаму зебои миллӣ эҳтироми хешро нисбати нишонаҳои асосии гиромидошти фарҳангу тамаддуни миллӣ баён менамояд.