ОҒОЗИ ҲАФРИЁТИ ГЕОБОСТОНШИНОСӢ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ
Гурӯҳи олимони бостоншинос ва геологҳои давлатҳои хориҷиву ватанӣ, аз ҷумла бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ дар ҳамдастӣ бо бостоншиносон ва заминшиносони Институти географияи Шуъбаи Сибирии Академияи илмҳои Россия дар шаҳри Новосибирск, Институти Орхоси Дания корҳои ҷустуҷӯиро дар теппаҳои зардхоки ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ки дорои қабатҳои палеолитӣ мебошад, аз рӯзи дуюми маи соли равон оғоз намуданд.